Дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон

1.    МУҚАДДИМА

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа моҳи сентябри соли 2011 ҷиҳати таҳкими талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Эътилоф зиёда аз 80 намояндагони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон - аъзоёни Эътилоф, адвокатҳо, журналистон, психологҳо, коршиносони соҳаи адолати судиро дар худ муттаҳид месозад[1].

Аз ибтидо, аъзоёни Эътилоф фаъолияти худро дар асоси чаҳорчӯбаи стратегии бамувофиқарасида бо мақсадҳои аниқ, фаъолият ва ӯҳдадориҳои ба дӯши тамоми аъзоён вогузоршуда, анҷом медоданд. Вазифаҳои мазкур аз пешбарӣ намудани ислоҳот дар соҳаи сиёсат ва ҳуқуқ, бурдани мурофиаҳои судии стратегӣ дар судҳо, пешниҳод намудани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа/наздикони онҳо, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ дар ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ, мусоидат намудан дар беҳтар гардондани сифати анҷом додани экспертизаи тиббии судӣ иборат буданд. Бо ташаббуси Эътилоф баҳсҳои ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаи шиканҷа сурат гирифтанд ва доир ба вазъи ҷойдошта ҳам дар сатҳи инфиродӣ (бурдани кор бевосита бо ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва хешовандони онҳо) ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ (таҳлили сиёсат, иштирок дар пешбарии сиёсат) маълумоти кофӣ дорад ва ҷиҳати пешбарӣ намудани тавсияҳои худ аз механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ самаранок истифода менамояд. Доир ба фаъолият, инчунин ҳисоботҳои солонаи Эътилоф метавонед аз суроғаи зерин маълумоти бештар дастрас намоед: www.notorture.tj

Дар давоми фаъолияти худ, Эътилоф ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, вале ҷиҳати решакан кардани шиканҷа дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст. Ин ӯҳдадории дарозмуддат аст, ки нисбати ислоҳоти мураккаб усули систематикиро талаб мекунад.

Стратегияи мазкур самтҳои стратегии фаъолияти Эътилофро барои солҳои 2016-2020 муқаррар мекунад ва ҷиҳати ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба татбиқи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Стратегияи мазкур ба ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷиҳати муқаррар кардани афзалиятҳои худ, инчунин пайдо кардани шарикони эҳтимолӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти худ мусоидат хоҳад кард. Ҳамоҳангсозии фаъолият, аз ҷумла мубодилаи маълумоту иттилоот ҷиҳати пешгирӣ намудани такроршавии фаъолият, вобаста ба намуди фаъолияти ташкилотҳо ва ҷойгиршавии онҳо таҳия кардани механизмҳои тағйир додани самти ҷузъҳои алоҳидаи кор, дар ҳолатҳои зарурӣ муттаҳид шудан, мусоидат мекунад, ки ин самаранокии корҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зиёд мегардонад.

 

2.    ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2015, КОМЁБИҲОИ АСОСӢ

Стратегияи нахустини Эътилоф соли 2011 таҳия ва қабул шуда барои панҷ сол пешбинӣ гардидааст (барои солҳои 2011-2015)2. Дар ин муддат, фаъолияти Эътилоф ҷиҳати ба низом даровардани (систематизатсияи) фаълоияти дохилии Эътилоф, таҳкими иқтидори намояндаҳо ва шарикони Эътилоф равона гирдида буд. Дохили Эътилоф гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, Низомнома ва принсипҳои корӣ қабул гардиданд, барои ба қайд гирифтани муроҷиатҳои шаҳрвандон базаи маълумотҳо таъсис дода шуд, фаъолияти дигар анҷом дода шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳо барои самаранок татбиқ намудани мақсаду вазифаҳои Эътилоф равона гардида буданд.

 

Давоми солҳои 2011-2015 Эътилоф дар соҳаи муқовимат ва муборизаи самаранок бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид:

  • Зиёда аз 200 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта шуд, вобаста ба 81 парвандаи марбут ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардид, аз рӯи 16 парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Соли 2015 дар натиҷаи кори фаъоли адвокатон аз рӯи парвандаи хизматчиёни ҳарбӣ панҷ ҳалномаи айбдоркунӣ бароварда шуд, аз он ҷумла ҳайати афсарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Қаблан, вобаста ба парвандаҳои муносибати бераҳмона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мансабдор аз ҳайати афсарон муясар намешуд.
  • Эътилоф дар самти бурдани парвандаҳои ҷиноятӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд, доир ба амал баровардани таҷрибаи устувори аз ҷониби давлат ба таври дуруст пардохт шудани товони зарар ба ҷабрдидагон ва хешовандони онҳо мунтазам таҷрибаи судиро зиёд мекунад. Дар ин давра аз рӯи 6 парванда ҳалномаи ҷуброн шудани товони зарари маънавӣ  (3 дар соли 2015) бароварда шуд, ки аз рӯи ду парванда қарорҳои судӣ шикоят карда шуданд. Инчунин корҳо оид ба омода кардани чор аризаи даъвогӣ оид ба ҷуброни товони зарари маънавӣ ба судҳои ҶТ идома дошт.
  • Ғайр аз ёрии ҳуқуқӣ, Эътилоф ба расонидани кӯмаки фарогир ба ҷабрдидагони шиканҷа оғоз намуд, аз ҷумла ба расонидани ёрии тиббӣ ва психологӣ-иҷтимоӣ. Гарчанде ин қисмати кори  Эътилоф пурра тақвият дода нашуда бошад ҳам соли 2015 ба 6 нафар – ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва аъзоёни оилаҳои онҳо хизматрасонии офиятбахшӣ расонида шуд.
  • Эътилоф вобаста ба ҷорӣ намудани стандартҳои Протоколи Истамбул ба фаъолияти кормандони соҳаи тиб ва коршиносони тиббии судӣ фаъолияти самаранокро анҷом дода истодааст. Дар доираи ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои Протоколи Истамбул таҳияи ҳуҷҷатҳои дохилӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, 01 ноябри соли 2014 бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои тиббӣ ва Низомномаи дохилӣ оид ба экспертҳои тиббии судӣ тасдиқ карда шуданд. Соли 2015 стандартҳои Протоколи Истамбул ба 138 нафар омӯзонида шуд, аз онҳо 130 нафарашонро кормандони соҳаи тиб, 5 намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва 3 намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил доданд.
  • Ташкилотҳои аъзои Эътилоф узви гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва нигоҳдории муваққатӣ мебошанд, ки назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст. Давоми солҳои 2014-2015 ба 20 муассисаҳои пӯшидаву нимпӯшида боздидҳо анҷом дода шуданд.
  • Эътилоф мониторинги аз ҷониби Тоҷикистон иҷро шудани ӯҳдадориҳои худ дар соҳаи озодӣ аз шиканҷаро анҷом медиҳад, ба мақомоти СММ гузоришҳои алтернативӣ пешниҳод менамояд, инчунин дар ҷараёни пешбарии озодӣ аз шиканҷа ҳангоми музокирот оид ба ҳуқуқи инсон иштирок мекунад. Дар натиҷаи фаъолияти худ, Эътилоф ба гузарондани ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ ва амалия саҳми назаррас гузоштааст. Масалан, соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи махсуси «шиканҷа» ворид карда шуд, Қарори Пленуми Суди Олӣ «Оид ба амалияи аз ҷониби судҳои ҶТ истифода шудани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона» қабул гардид, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ (КМҶ) муқаррарот оид ба манъи истирдоди шахс ба кишваре, ки дар он хатари нисбати ӯ истифода гардидани шиканҷа таҳдид мекунад, ворид карда шуд. Айни замон ба Парламент лоиҳаи тағйиротҳо ба КМҶ пешниҳод шудааст, ки ҳангоми дастгиркунӣ ва таҳти ҳабс нигоҳдорӣ кафолати риоя шудани ҳуқуқҳои инсонро пешбинӣ менамоянд. Соли 2013 аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ дастурамали Илмӣ-методии «Асосҳои ҳуқуқӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба масъалаҳои тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа» қабул карда шуд.
  • Дар давраи фаъолияти худ Эътилоф доир ба ҳолатҳои шиканҷа, инчунин вобаста ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа зиёда аз 800 маводҳои иттилоотӣ-таҳлилиро ба воситаи ВАО нашр намудааст, бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва делегатсияҳои расмии кишварҳои дигар тақрибан 50 вохӯрӣ ва брифингҳо баргузор намудааст. Дар натиҷаи кори фаъоли Медиа-гурӯҳи Эътилоф проблемаи истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО мавзӯи мубрам гардид.

 

3.    ГУРӮҲҲОИ АСОСИИ МАНФИАТГИРАНДА

Стратегияи мазкур ба кори доираи васеи субъектҳо равона гардидааст, аз ҷумла ба ҳомиёни ҳуқуқ, ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва хешовандони онҳо, воситаҳои ахбори омма, шахсони мансабдори давлатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ.

Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқе (ТҒҲ, адвокатҳои аҳли амал, журналистон), ки фаъолияти худро дар доираи фаъолиятҳои алоҳида анҷом медиҳанд (маориф, марказҳои офиятбахшӣ, марказҳои ёрии ҳуқуқӣ ва ғайра) аз усулҳои системавии ҳимояи самараноки ҷабрдидагони шиканҷа бархурдор нестанд. Стратегия ба таҳкими ҳамкорӣ бо ТҒҲ, адвокатҳои аҳли амал ва журналистон равона гардидааст, ки иқтидори онҳоро дар амалӣ намудани фаъолияти самараноки ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа, таҳия намудани гузоришу ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тақвият медиҳад. Стратегия мазкур амалу фаъолияти ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқро ҳамоҳангсозӣ менамояд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоя кор хоҳанд кард ва ҳамин тариқ корҳои худро вобаста ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ тавассути ҳамгиро кардани кӯшишҳои муштарак тақвият хоҳанд дод.

Ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳо одатан ҳангоми иртибот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳуқуқҳои худ бархурдор нестанд, намедонанд чӣ тавр ва ба куҷо барои ҳифз намудани ҳуқуқҳои поймолгардидаи худ муроҷиат кунанд. Ҳадафи стратегияи мазкур инчунин аз баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва фаҳмонда додани ҳуқуқҳои онҳо ва воситаҳое, ки тариқи онҳо метавонанд арзу шикоят ва дархостҳои худро вобаста ба ҷуброн кардани товони зарари расонидашуда, пешниҳод кунанд, иборат мебошад, аз ҷумла ҳимояи унвонии манфиатҳои онҳо.

Ҷузъи фаъоли кор бо ВАО барои таъсир расондан ба ақидаи шахсоне, ки дар соҳаи мазкур сиёсатро пеш мебаранд, нақши муҳим мебозад. Зарурати ба онҳо пешниҳод намудани иттилооти муфассал оид ба проблематикаи шиканҷа ба миён омадааст.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, судяҳо, ҳайати кормандони тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар рафъ намудани амалияи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нақши муҳимро мебозанд, аммо, одатан онҳо аз стандартҳои байналмилалӣ ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа бархурдор нестанд. Стратегияи мазкур ба таъсис додани системаи устувори ба таври касбӣ омода кардани сохторҳои мухталифи мақомоти давлатӣ, инчунин бо мақсади дар якҷоягӣ ба нақша гирифтани чорабиниҳои дахлдор ва тавсияҳо вобаста ба пешгирӣ кардани амалияи истифода кардани шиканҷа ҷалб ва ҳамкорӣ бо сохторҳои миллии давлатии тамоми шохаҳои ҳокимият равона гардидааст.

Ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ[2] ҷойҳое мебошанд, ки  барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман аҳли ҷомеа дастрасии маҳдуд доранд, ки  ин хавфи истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро нисбати шахсоне, ки дар чунин ҷойҳо нигоҳ дошта мешаванд, ба вуҷуд меорад. Стратегия ҷиҳати таъсис додани системаи устувори назорати ҷамъиятӣ аз болои ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла ба тасвиб расондани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таҳияи НМЧ равона гардидааст.

СММ, САҲА, Шӯрои Аврупо, сафорат ва намояндагиҳои кишварҳои демократӣ ҷиҳати арзёбӣ кардани вазъи воқеии ҳуқуқи инсон дар кишвар ба иттилооти муфассали алтернативӣ ниёз доранд. Пешниҳод намудани иттилооти муфассали алтернативӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои дахлдор ва тавсияҳои унвонӣ вобаста ба масъалаҳои рафъи шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон имкон фароҳам хоҳад овард.

 

4.    МУШКИЛОТИ АСОСӢ

Тули чанд соли охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба пешгирӣ ва рафъ намудани шиканҷа ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар натиҷаи аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ зоҳир кардани аҳамияти зиёд ба проблемаи шиканҷа дар Тоҷикистон ва ба таври дақиқ омӯхтани вазъи ҷойдошта аз ҷониби мақомоти байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда (Гузоришгари махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа) барои ҳукумати кишвар як қатор тавсияҳо таҳия карда шуданд.

Барои иҷро кардани тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсуси СММ вобаста ба масъалаҳои шиканҷа моҳи августи соли 2013 аз ҷониби ҳукумат Нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди шиканҷа тасдиқ карда шуд. Матаассифона, ташкилотҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ба ҷараёни таҳияи Нақшаи чорабиниҳо ҷалб карда нашуданд ва тафсиру тавсияҳои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ба унвони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ирсол гарида буд дар ҳуҷҷати ниҳоӣ зикр карда нашуданд.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд. Соли 2012 ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 143-1 («шиканҷа») ворид карда шуд, ки дар он мафҳуми шиканҷа ба мафҳуме мутобиқат мекунад, ки дар Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа пешбинӣ шудааст. Дар навбати худ, он боиси нигаронис, ки ҷазо барои истифода кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба вазнинии ҷинояти сордиршуда баробар нест, нисбати чунин шахсоне, ки барои истифода кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд санадҳои авф истифода мешаванд. Системаи мавҷудаи тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа ҳимояти ҷабрдидагони шиканҷаро аз  истибдоди мурофиавӣ ва ҳимояи минбаъда аз вайрон гардидани меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ кафолат намедиҳад. Мавҷуд набудани механизми тафтишоти самаранок, боиси таъин нагардидани ҷазои мувофиқ ва мутобиқан ҷуброни товони зарар мегардад. Далелҳои мазкур боиси ба вуҷуд омадани шароити беҷазоӣ мегарданд ва барои васеъ истифода шудани шиканҷа мусоидат мекунанд.

Тули чанд соли охир ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ҳолатҳои зиёде меълум гардиданд, ки муоинаи тиббӣ умуман анҷом дода намешуд ё муоинаи анҷомдодашуда ба стандартҳои Протоколи Истамбул мутобиқат намекард. Масалан, ҳолатҳое, ҷой доштанд, ки кормандони тиббӣ сабт менамуданд, ки ҳангоми анҷом додани муоинаи тиббӣ дар бадани ҷабрдида захмҳо пайдо нашудаанд, ҳато агар шахсони боздоштшуда хабар медоданд, ки кормандони милитсия онҳоро мавриди шиканҷа қарор додаанд ва захмҳо дар дар бадани онҳо барало маълум буд. Дар кишвар системаи экспертизаи мустақили тиббии судӣ мавҷуд нест.

Моҳи феврали соли 2014 Гурӯҳи мониторингӣ, ки назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда буду аз кормандони ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷамъиятӣ иборад буд ба боздиди ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ оғоз намуд. Ба гурӯҳ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳо дастрас нестанд. Вақте, ки ба Гурӯҳи мониторингӣ оид ба ҳолати дахлдори истифода шудани шиканҷа маълумот пешниҳод мешавад он вақт боздиди фаврӣ ба нақша гирифта мешавад. Чун қоида маъмурияти ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ танҳо ба кормандони ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иҷозати ворид шуданро медиҳад, воридшавии фаъолони ҷамъиятӣ, ки аъзоёни Гурӯҳи мониторингӣ мебошанд иҷозат дода намешавад. Мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо қонунгузории миллӣ танзим карда намешавад.

Аввалин маротиба вобаста ба ҳолатҳои марбут ба парвандаҳои истифода шудани шиканҷа ба оилаҳои ду марде, ки ҳангоми таҳти ҳабс карор доштан бинобар нисбати онҳо истифода шудани шиканҷа фавтидаанд, бо қарори судҳои Тоҷикистон товони зарари маънавӣ таъин карда шуд. Бо вуҷуди ин, мо аз он нигаронем, ки дар се парвандаи минбаъдае, ки аз ҷониби судҳои шаҳрвандӣ товони зарар таъин шудааст на одилона буданду на дуруст. Системаи офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа вуҷуд надорад. Айни замон вобаста ба масъалаҳои офиятбахшӣ ТҒҲ-и камшумор сару кор доранд, ки пурра аз кӯмаку дастгирии донорӣ вобастагӣ доранд. То ҷое, ки ба мо маълум аст, дигар намуд ҷуброн кардани товони зарар, масалан, ба монанди узрпурсӣ назди омма ва кафолати минбаъд такрор нашудан ба ҷабрдидагони шиканҷа дар Тоҷикистон дастрас нестанд ва дар қонунгузорӣ низ муқаррар нашудаанд.

 

5.    ИМКОНИЯТҲОИ АСОСӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба души худ гирифтааст аҳамияти ҷидди медиҳад. Дар соҳаи озодӣ аз шиканҷа ва адолати судӣ ислоҳот мегузаронад. Айни замон барои муколама вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаҳои мухталиф мавҷуданд.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа сохтори боэътимод мебошад, метавонад бо ташкилотҳои аъзо самаранок ҳамкорӣ намояд, дар соҳаи касбӣ рушд ёфта истодааст ва ба маблағгузории фаъолияти худ дастрасӣ дорад.

Ҳукумати кишвар бо ташкилотҳои-аъзои Эътилоф дар соҳаҳои мухталифи озодӣ аз шиканҷа ҳамкорӣ дорад. Аъзоёни Эътилоф ба ҳайати баъзе гурӯҳҳои корӣ оид ба иҷрои ҷузъҳои алоҳидаи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба татбиқи тавсияҳои мақомоти СММ оид ба озодӣ аз шиканҷа шомиланд. Ташкилоти-аъзои Эътилоф Маркази ҳуқуқи инсон аъзои гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба пешбарии Протоколи Истамбул мебошад.

Эътилоф бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дорад, аъзойни Эътилоф ба ҳайати гуруҳи мониторингии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дохил карда шудаанд, ки ин дар навбати худ имконияти амалӣ намудани чорабиниҳои муштаракро фароҳам меорад.

 

6. АФЗАЛИЯТҲОИ СТРАТЕГӢ ВА МАҚСАДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Эътилоф назди худ мақсадҳои зеринро мегузорад:

  • Ҳамгироӣ намудани саъю кӯшишҳо ва талабот нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбати шиканҷа дар Тоҷикистон;
  • Дар асоси стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона сохтани саъю кӯшишҳо ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва амалияи истифодабарии қонун.

5.1.    Афзалиятҳои асосӣ дар доираи Стратегия:

Афзалияти 1. Мусоидат кардан дар таҳияи системаи амалҳои ҷавобии муассир ба арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон. Дар доираи афзалияти мазкур анҷом додани маҷмӯи чорабиниҳое дар назар дошта мешавад, ки ҷиҳати таҳкими талаботҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба андешидани тадбирҳо ҳангоми ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷа, таҳияи механизмҳои муассири бақайдгирӣ ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳо оид ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, анҷом додани тафтишоти самараноки ҳолатҳои шиканҷа, ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҷинояткорон, аз ҷумла таҳияи системаи механизми мустақили тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа равона гардидаанд.  

Афзалияти 2. Пешбарӣ намудани стандартҳои Протоколи Истамбул дар қонунгузорӣ ва амалия, аз ҷумла таъсис додани институти экспертизаи тиббии судии ғайридавлатӣ. Дар доираи афзалияти мазкур фаъолияти омодакунии духтурони муассисаҳои тиббӣ (духтурони равоншинос), кормандони системаи пенитенсиарӣ, намояндагони соҳаи ҳуқуқ (судяҳо, адвокатҳо ва прокурорҳо) тибқи стандартҳои Протоколи Истамбул тариқи анҷом додани чорабиниҳои маърифатӣ ва ташкил кардани курсҳои дахлдор дар мактабҳои олии тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ анҷом дода мешавад. Дар рафти иштирок кардан дар ҷараёни фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои Протоколи Истамбул, ки назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таъсис дода шудааст аъзоёни Эътилоф ворид намудани стандартҳои Протоколи Истамбулро ба ҳуҷҷатҳои дохилии системаи тандурустӣ, муассисаҳои пӯшидаву нимпӯшида пешбарӣ хоҳанд кард.

Афзалияти 3. Мусоидат кардан дар таъсис додани институти назорати ҷамъиятӣ аз рӯи ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ. Фаъолияти асосӣ ҷиҳати пешбарӣ намудани ба тасвиб расидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таҳия намудани механизми миллии пешгирикунанда равона хоҳад гардид. Бо дарназардошти дастрасӣ надоштан ба ҷойҳои нигоҳдории пешакӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла қисман доштани дастрасӣ ба муассисаҳои психиатрӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдакон Стратегия ба он равона гаридааст, ки ҷиҳати анҷом додани мониторингҳои муштараки ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд. Дар навбати худ, мафҳуме вуҷуд дорад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд бо анҷом додани мониторингҳои муштараки муассисаҳои пӯшида маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон бо анҷом додани мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшида бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегия пешбарӣ намудани масъалаҳои дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшидаро ҷиҳати анҷом додани мониторинги мустақил ва таъсис додани институти назорати ҷамъиятии муассисаҳои пӯшида пешбинӣ менамояд.

Афзалияти 4. Пешбарӣ намудани такмили механизмҳои самараноки ҷуброн кардани товони зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзоёни оилаҳои онҳо, аз ҷумла ҷуброни одилона ва дурусти товони зарар, инчунин таъмин намудани воситаҳои нисбатан пурраи офиятбахшӣ. Ҷуброн намудани товони зарар ҷараёни ҷорӣ намудани адолати судиро аз рӯи парвандаҳои истифода гардидани шиканҷа ба охир мерасонад ва мақсади барқарор кардани шаъну эътибори ҷабрдидаро дорад. Фаъолияти Эътилоф ба ҷорӣ намудани амалияи босуботи ҷуброн шудани товони зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа ва муностибати бераҳмона, аз ҷумла пешниҳод намудани кӯмаки эҳтимолии ҳадди аксар ба ҷабрдидагони шиканҷа/аъзоёни оилаҳои онҳо дар барқарор кардани мустақилият ва имкониятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ҳамгироии (интегратсияи) пурраи иҷтимоии онҳо ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа равона хоҳад гардид. Эътилоф бо мақсади пешбарӣ намудани таҳияи механизмҳои самараноки офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа ва/ё аъзоёни оилаҳои онҳо саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои ёрии психологӣ равона хоҳад намуд.

5.2. Вазифаҳо дар доираи афзалиятҳои зикршуда:

-Бақайдгирии ҳолатҳои шиканҷа, пешниҳод намудани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзоёни оилаҳои онҳо, бурдани парвандаҳо дар суд:

-Мониторинги иҷрои тавсияҳои мақомоти шартномавӣ ва расмиёти махсуси СММ:

-Таҳлили қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсон:

-Пешбарии сиёсати миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа:

-Ҷорӣ намудани стандартҳои Протоколи Истамбул:

-Таъсиси системаи офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа –

-Пешбарӣ намудани механизмҳои одилона ва ба таври дуруст ҷуброн шудани товони зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа:

-Пешбарии минбаъдаи сомонаи (веб-сайти) Эътилоф :

-Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ доир ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа:

-Омӯзонии аъзоёни Эътилоф:

-Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ бо Иттиҳодияҳои зидди шиканҷаи давлатҳои Қазоқистон ва Қирғизистон:

5.3.  Натиҷаҳои дилхоҳ

Маълумотҳое, ки дар натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ ва амалия, бақайдгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа, инчунин бурдани мурофиаҳои стратегии судӣ ба даст оварда шудаанд, метавонанд барои таҳияи механизмҳои самараноки эътино, тафтишоти арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҷинояткорон ва ҷуброн шудани товони зарар мутобиқи стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа мусоидат кунанд.

Мутахассисоне, ки ба онҳо стандартҳои Протоколи Истамбул омӯзонида шудааст маълумотҳои гирифтаашонро ҳангоми шаҳодаткунонии тиббии ҷабрдидагони шиканҷа самаранок истифода мекунанд, ки ин ҳангоми исбот кардани далелҳои ҷой доштани шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва анҷом додани тафтишоти самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҷинояткорон имкониятҳои бештарро фароҳам меорад.

Дар доираи Стратегия барои пешбарии минбаъдаи ба тасвиб расонидани ОРСАТ ва таҳияи Механизми пешгирикунандаи миллӣ замина фароҳам оварда шудааст. Фаъолият дар ин самт имкони пешбарӣ кардани таъсиси институти назорати ҷамъиятиро (мустақил) аз болои муассисаҳои пӯшида фароҳам хоҳад овард.

Таҷрибае, ки дар натиҷаи бурдани мурофиаҳои стратегии судӣ вобаста ба парвандаҳои марбут ба ҷуброн шудани товони зарари маънавӣ ба ҷабрдидагони шиканҷа ба даст оварда шудааст, имконияти ба роҳ мондани муколамаи сифатан баландро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ ва амалияи аз ҷониби судҳо дида шудани парвандаҳои марбут ба ҷуброни товони зарарро фароҳам хоҳад овард.

5.4.  Татбиқи Стратегия

Ташкилотҳое, ки дар татбиқи Стратегияи мазкур иштирок мекунанд, аъзоёни Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, ки дар асоси Қоида ва принсипҳои бамувофиқарасидаи иштирок дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Стратегия амал мекунад, мебошанд.

Роҳбарии умумии фаъолияти Эътилофро Роҳбари Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа иҷро мекунад, ки инчунин фаъолияти таҳлилӣ, мониторинг ва ҳимоятро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Дар доираи Эътилоф гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд ва фаъолият мекунанд, ки барои иҷрои вазифаҳои алоҳида дар доираи афзалиятҳои зикршуда, ӯҳдадор мебошанд:

• Гуруҳи таҳлилӣ;

• Гурӯҳи кӯмаку дастгирии ҳуқуқӣ

Гурӯҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз азодӣ

Гурӯҳи офиятбахшӣ

Медиа гурӯҳ

Дар доираи Эътилоф метавонад гурӯҳҳои кории мавзӯӣ таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказҳо ва гурӯҳҳои корӣ ба ҳам алоқаманданд ва таъсис додани ягон сохтори расмиро тақозо намекунанд.

 

 


[1] То моҳи январи соли 2016, аъзо ва шарикони расмии Эътилофро 11 ташкилот ва 5 шахсони инфиродӣ ташкил мекунанд.

2 Матни Стратегия мазкур дар суроғаи http://notorture.tj/strategy/strategiya-grazhdanskogo-obshchestva-po-borbe-s-pytkami-vtadzhikistane дастрас аст

[2] Барои мақсадҳои Стратегияи мазкур таҳти ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар ин ҷо ва минбаъд дар матн ҷойҳои боздошти пешакӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, муассисаҳои психиатрӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи кўдакон, инчунин ҷойҳои нигоњдории шахсони ба хизмати ҳарбӣ ва муассисаҳои ҳарбӣ даъватшуда дониста мешавад.

 

 

 

Дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон (2016)

Муқаддима

Дурнамои мазкур ба ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ баҳри татбиқи чорабиниҳо оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Дурнамо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки афзалиятҳои худро муайян созанд, инчунин шарикони имконпазирро ҳангоми анҷомдиҳии фаъолияташон пайдо кунанд. Ҳамоҳангсозии фаъолият, инчунин мубодилаи иттилоот имкон медиҳад, ки ба такрори фаъолият роҳ дода нашавад, механизми табодули ҷузъҳои алоҳидаи кор вобаста ба тахассуси ташкилотҳо ва макони ҷойгиршавии онҳо таҳия гардад ва саъю кӯшишҳо дар ҳолатҳои зарурӣ муттаҳид карда шаванд, ки ин дар навбати худ самаранокии кор дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Дар таърихи 21-уми январи соли 2015 созмонҳои зерин аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон буда, дар татбиқи Дурнамои мазкур ширкат меварзанд:

1. Апейрон

2. Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир

3. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

4. Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

5. Имкониятҳои баробар

6. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

7. Маркази ҳуқуқи инсон

8. Маркази ҳуқуқи кӯдак

9. Ташаббуси ҳуқуқӣ

10. Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

11. Ҳуқуқ ва беҳбудӣ

12. Ҳуқуқи шаҳрванд

Шарикони Эътилоф:

1. Ойниҳол Бобоназарова, сарвари ТҶ «Перспектива+» 

2. Умед Ниёзов, адвокат

3. Аскар Турсунов, адвокат

4. Қаҳрамон Сангинов, ҳуқуқшинос

5. Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигор

Гурӯҳҳои асосии мақсаднок

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон (ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳои амалалкунанда, рӯзноманигорон) ба намудҳои алоҳидаи фаъолият машғул мебошанд (маърифатноксозӣ, марказҳои офиятбахшӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва ғайра), вале дар масъалаи ҳифзи самараноки ҷабрдидагони шиканҷа бархӯрди системавӣ надоранд. Дурнамо ба тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳои амалкунанда ва рӯзноманигорон тавассути тақвияти тавонмандии онҳо дар анҷомдиҳии фаъолият оид ба ҳифзи самараноки ҷабрдидагони шиканҷа, таҳияи гузоришҳо ва ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ равона гардидааст. Дурнамо фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳамоҳанг месозад, ки дар якҷоягӣ амал карда, кори худро оид ба дастгирӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ тавассути муттаҳидсозии кӯшишҳои муштарак тақвият мебахшанд.

Ҷабрдидгони шиканҷаю муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳо аксаран намедонанд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мақомоти қудратӣ чӣ ҳуқуқ доранд, чӣ тавр ва ба куҷо барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшудаашон муроҷиат кунанд. Дурнамо ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷабрдидагони шиканҷа ва дарки ҳуқуқҳои онҳо, инчунин дарёфти роҳҳое, ки метавонанд тариқи он арзу шикоят ва дархостҳояшонро барои ҷуброни зарар ва ҳифзи мушаххаси манфиатҳояшон пешниҳод кунанд, равона шудааст.

Ҳамкории васеъ бо воситаҳои ахбори омма дар таъсиргузорӣ ба афкори шахсоне, ки сиёсатро дар ин соҳа ташаккул медиҳанд, нақши муҳим дорад. Ҳарчанд дар кишвар журналистоне ҳастанд, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон тахассус доранд, вале зарурати ба онҳо пешниҳод кардани иттилооти мӯътамади босифат оид ба масъалаҳои шиканҷа вуҷуд дорад.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, судяҳо, кормандони тиббӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин масъулини муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои аз байн бурдани амалияи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нақши калидӣ доранд. Вале аксаран онҳо дар мавриди стандартҳои байнулмилалӣ ва механизмҳои ҳифзи қурбониёни шиканҷа огоҳии кофӣ надоранд. Дурнамо ба созмон додани системаи устувори таълими касбии сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, инчунин ҷалб ва ҳамкорӣ бо сохторҳои миллии давлатии ҳамаи шохаҳои ҳокимият бо мақсади таҳияи муштараки иқдомҳо ва тавсияҳои мушаххас оид ба рафъи амалияи шиканҷа равона гардидааст.

Дастрасии муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа маҳдуд мебошад, ки хавфи  шиканҷа ва муносибати ғайриинсониро нисбат ба шахсони дар чунин муассисаҳо ҷойгиркардашуда ба вуҷуд меорад. Дурнамо ба таъсис додани системаи устувори назорати ҷамъиятӣ бар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси ММП нигаронида шудааст.

СММ, САҲА, ИА, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварҳои демократӣ барои арзёбӣ кардани ҳолати воқеии вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ба иттилооти боэътимоди алтернативӣ эҳтиёҷ доранд. Таъмини иттилооти боэътимоди алтернативӣ имкон медиҳад, ки қарорҳои дахлдор ва тавсияҳои мушаххас оид ба масъалаҳои барҳам додани шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташаккул дода шаванд. 

Мушкилоти асосӣ

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ стандартҳои асосии ҳуқуқи озодӣ аз шикаҷаро муқаррар кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад ва бинобар ин, ӯҳдадор шудааст, ки дар соҳаи қонунгузорӣ ва амалия оид ба масъалаҳои таъмини меъёрҳои озодӣ аз шиканҷа ислоҳот ворид созад.

Дар Тоҷикистон фарҳанги таҳаммулнопазирии комил нисбат ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона вуҷуд надорад. Сарфи назар аз он, ки чораҳои мухталиф оид ба мубориза бо шиканҷа андешида мешаванд, шиканҷа мисли пештара дар марҳилаҳои таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ васеъ паҳн гардидааст. Сабабҳои ин, пеш аз ҳама, дар он аст, ки:

1). Дар кишвар амалияи истифодаи ҷазоҳои нисбатан сабук барои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳатто истифодаи шартии ҷазоҳои ҷиноятӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин истифодаи амалҳои афв (бахшиши ҷазо) нисбат ба шахсоне, ки барои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Ин омилҳо боиси пеш омадани ҳолатҳои риоя нашудани қонун мегарданд ва барои истифодаи васеи шиканҷа шароит фароҳам меоранд.

2). Системаи мавҷудаи таҳқиқу тафтиши далелҳои шиканҷа кафолати ҳифзи қурбониёни шиканҷаро аз истибдоди (худсарии) мурофиавӣ ва ҳифзи минбаъда аз вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ таъмин намекунад. Набудани механизми таҳқиқу тафтиши самаранок боиси вуҷуд надоштани ҷазои муносиб ва ҷуброн мегардад.

3). Дар кишвар дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида барои гузаронидани мониторинг вуҷуд надорад. Дастрасии ҷойдоштаи маҳдуд ба чунин муассисаҳои пӯшида, ба монанди муассисаҳои психиатрӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдакона аксар вақт ба хоҳиши шахсони мансабдори ин муассисаҳо вобаста мебошад.

4). Системаи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир ба масъалаҳои офиятбахшӣ ташкилотҳои ҷамъиятии алоҳида машғуланд, ки пурра ба кӯмаки донорӣ вобаста мебошанд.

5). Кори мураттаби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаи мазкур вуҷуд надорад. Пажӯҳиши фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ нишон дод, ки танҳо шаш созмон дар амалияи худ ба масъалаи шиканҷа дахл мекунанд, аммо қисми асосии онҳо кори худро дар доираи расонидани кӯмаки аввалияи ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони шиканҷа маҳдуд месозанд. 

Имкониятҳои асосӣ

Моҳи октябри соли 2011 Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ гузориши Тоҷикистонро оид ба Ҳисоботи даврии универсалӣ (минбаъд - ҲДУ) баррасӣ кард ва бо қисми асосии тавсияҳои марбут ба озодӣ аз шиканҷа розӣ шуд. 7-8 ноябри  соли 2012 Тоҷикистон гузориши дуюми давриро ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ пешниҳод кард. Дар ҳамин марҳила Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ рӯйхати масъалаҳо барои Тоҷикистонро оид ба иҷрои ПБҲШС қабул мекунад (моддаҳои 7, 9, 14-и Паймон масъалаҳои шиканҷа, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият ва мурофиаи судии одилонаро баррасӣ мекунанд). Дар соли 2013 баррасии гузориш оид ба ҷараёни татбиқи ПБҲШС аз ҷониби Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Гузоришгари махсус оид ба шиканҷа ба Тоҷикистон омад ва боздиди ӯ моҳи майи соли 2012 доир гардид. Ҳамзамон фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба таҳияи гузоришҳои алтернативӣ барои Кумитаҳои СММ ва ҲДУ, инчунин таъсиси механизмҳои мониторинги татбиқи тавсияҳои мақомоти СММ аз ҷониби Тоҷикистон густариш ёфтааст.

Фаъолият оид ба омӯзонидани ҳайати кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа анҷом дода мешавад. Масалан, солҳои 2010-2011 бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байнулмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқ тренингҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мурофиаи судии одилона, озодӣ аз шиканҷа ва ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумкардашуда барои прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони маҳбасҳо гузаронида шуданд. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи давлатӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқи инсон, ки системаи таҳсилоти олӣ, донишкадаҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро дар бар мегирад, фаъолият мекунад.

Баҳори соли 2011 аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад вохӯриҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунанда гузаронида шуданд ва харитаи фаъолияти созмонҳое, ки ба масоили мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ машғуланд, тартиб дода шуд. Инчунин бо ташкилотҳои ҷамъиятие  ки бо гурӯҳҳои осебпазир (ҷабрдидагони эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона) вохӯриҳо доир карда шуданд. Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва адвокатҳои амалкунанда масоили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро ба миён гузоштанд. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳияи сиёсати давлатӣ оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ ва таъсис додани системаи самараноки пешгирии ҳолатҳои шиканҷа, аксуламал зоҳир кардан ва таҳқиқу тафтиши амалҳои истифодаи шиканҷа, таъқиби ҷиноятӣ ва ҷазо додани шахсони гунаҳгор, инчунин ҷуброн кардани зарари (реститутсия ва офиятбахшии) ҷабрдидагони шиканҷа зарур мебошад.

Ҳамин тариқ, ин ташаббусҳо имкониятҳои васеъро барои анҷомдиҳии фаъолият ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои шиканҷа, инчунин муборизаи муассир бо амалҳои шиканҷа ва беҷазоӣ фароҳам меоранд. 

Афзалиятҳо ва мақсадҳои стратегӣ барои солҳои 2011-2015

Мақсади асосии Дурнамо ягонагии талабот нисбат ба системаи давлатӣ дар мубориза бо амалҳои шиканҷа ва беҷазоӣ мебошад. Дурнамо ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа асос ёфта, ба такмилдиҳии қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи (иҷрои) қонун равона шудааст. Дурнамо тавассути амалҳо оид ба вусъатбахшии ҳамаи шаклҳои ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда мешавад ва ба муттаҳидӣ асос ёфтааст.

Мақсадҳои амалӣ инҳоянд:

1. Тақвият бахшидани иқтидори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма) ва гурӯҳҳои касбӣ (ҳуқуқшиносон, равоншиносон, пизишкон) дар ташаккулдиҳии сиёсат ҷиҳати мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ.

2. Тақвият бахшидани иқтидори намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ (судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишот, прокуратура, кормандони тиббӣ, кормандони муассисаҳои пӯшида ва ғайра) дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ. 

Афзалиятҳои асосӣ дар доираи Дурнамо:

Афзалияти 1. Риояи ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа ҳангоми боздошт, гузаронидани тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва мурофиаҳои судӣ. Дар доираи афзалияти мазкур гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳое дар назар аст, ки ба пурзӯр кардани талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба аксуламали арзу шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа, гузаронидани тафтишоти муассири ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо додани шахсони гунаҳгор, инчунин таҳияи системаи механизми мустақили тафтиши далелҳои шиканҷа, ҷуброни зарар ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа равона шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои омӯзонидани мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони тиббӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ва протоколи Истанбул зоҳир карда мешавад. Дурнамо дар ояндаи дарозмӯҳлат ба тағйирдиҳии система, таъсис додани ниҳоди мустақили таҳқиқу тафтиши далелҳои шиканҷа, ниҳоди экспертизаи (ташхиси) судӣ ва тиббӣ, системаи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ғайра равона карда шудааст.

Афзалияти 2. Риоя гардидани ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ. Фаъолияти асосӣ ба пешбурди масъалаи ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсис додани механизми миллии пешгирӣ равона карда шудааст. Бо назардошти умуман вуҷуд надоштани дастрасӣ ба ҷойҳои боздошти пешакӣ (муваққатӣ), муассисаҳои ислоҳӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин дастрасии маҳдуд ба муассисаҳои психиатрӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдакона, Дурнамо ба ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои гузаронидани мониторингҳои муштараки ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ равона шудааст. Дар айни замон ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд танҳо бо доир кардани мониторингҳои муштараки муассисаҳои пӯшида маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон бо фаъолияти муштарак бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мониторинги муассисаҳои пӯшида, Дурнамо пешбурди масоили дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшидаро барои гузаронидани мониторинги мустақил ва таъсис додани ниҳоди (институти) назорати шаҳрвандӣ бар муассисаҳои пӯшида пешбинӣ менамояд.

Афзалияти 3. Риояи ҳуқуқи гурӯҳҳои алоҳидаи осебпазир (занон, кӯдакон, даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ, ЛГБТ). Ин гурӯҳҳо бинобар осебпазирии вазъи худ ё бо сабаби поймолкунии ҳуқуқашон нисбатан бештар қурбонии муносибати бераҳмона ё шиканҷа мегарданд. Дурнамо доираи васеи фаъолият оид ба пешгирӣ, ҳифз ва пешбарии ҳуқуқи гурӯҳҳои алоҳидаи осебразирро пешбинӣ мекунад.

Вазифаҳо дар доираи афзалиятҳои мазкур:

1. Мусоидат ба такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои адолати судии ҷиноятӣ.

2. Мусоидат ба таъсиси механизмҳои пешгирии шиканҷа (ба воситаи таъсис додани ниҳодҳои назорати шаҳрвандӣ бар муассисаҳои пӯшида ва таъсис додани ММП, инчунин такмилдиҳии механизмҳои назорат ва тафтиши идоравӣ), вокуниш ва таҳқиқи далелҳои истифодаи шиканҷа (тавассути таъсис додани ниҳодҳои таҳқиқу тафтиши далелҳои шиканҷа, ниҳоди ташхиси мустақил ва ғайра), ҳифз, ҷуброни зарар ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа.

3. Тақвиятбахшии иқтидори намояндаҳои Ташкилотҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ ва адвокатҳои аҳли амал оид ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ (ҳимояи амалии қурбониёни шиканҷа; мурофиаҳои судии стратегӣ, таҳия намудани мулоҳизаҳои Amicus Curiae, мониторинги риояи ҳуқуқи инсон, инчунин таҳияи Дурнамои ҳимояти самаранок оид ба пешбурди масъалаи ворид кардани тағйирот бо қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонун).

4. Тақвиятбахшии иқтидори рӯзноманигорон вобаста ба инъикоси тахассусии масъалаҳои шиканҷа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҷалби ВАО ва рӯзноманигорони касбӣ дар инъикоси тахассусии ҳолатҳои шиканҷа.

5. Тақвиятбахшии иқтидори кормандони тиб ва равоншиносон оид ба тафтишоти муассир ва санадсозии далелҳои шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати беҳмонаву ғайриинсонӣ (Протоколи Истанбул).

6. Мусоидат ба таъсис додани системаи омодагии касбии намояндагони мақомоти давлатӣ вобаста ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ тавассути таҳияи барномаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон, барномаҳои тарбиявии омодасозии кадрҳо ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ.

7. Пешбурди масъалаи ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси Механизми миллии пешгирӣ (ММП).

8. Ноил гардидан ба таъмини дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида барои гузаронидани мониторинги мустақили ҳуқуқи шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

9. Дастрас кардани иттилооти мӯътамади алтернативӣ оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа бо роҳи таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, дар ҳуҷҷат сабт кардани далеҳои шиканҷа ва гузаронидани мониторингҳои ҳуқуқи инсон.

10. Муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои соҳибкасбон барои ҳифзи самараноки манфиатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути омода намудани маводҳои таҳлилӣ (policy paper) оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, рушди институтсионалӣ ва амалияи татбиқи қонун, гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи башар (ИА, САҲА).

11. Расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа тавассути рушд додани шабакаҳои ёрии ҳуқуқии ройгон, инчунин таъсис додани фондҳои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.

12. Расонидани кӯмаки психологӣ ба воситаи рушд додани марказҳои тақвиятбахшии қурбониёни шиканҷа. 

Натиҷаҳои пешбинишуда

Фаъолият дар доираи Дурнамо ва нашри мавод дар ВАО ба рушди муколамаи ҷамъиятӣ оид ба сатҳи талаботи аҳли ҷомеа нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад. Усули дар кишвар истифодашавандаи татбиқи механизмҳои адолати судии конститутсионалӣ ва пешниҳоди арзу шикоятҳои маъмурӣ нисбат ба беамалии шахсони мансабдор ва ҷавобгарии (масъулияти) онҳо, аз ҷумла, ба воситаи ҷуброни зарари ғайримодддӣ ба қурбониёни шиканҷа ба таври васеъ инъикос карда мешавад. Ин таҷриба имкон медиҳад, ки амалияи адолати судии маъмурӣ ҳамчунин дар мавриди ҳолатҳои дигари поймолкунии ҳуқуқи инсон, ки ба шиканҷа иртибот надоранд, татбиқ карда шаванд. Тавсияҳои гирифтаи Созмони Милали Муттаҳид ба Ҳукумати кишвар имкон медиҳад, ки ҳангоми иштироки бевоситаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаи кории татбиқи тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ-ро таҳия кунад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон пайдо мекунанд, ки мониторингҳои мунтазами татбиқи тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳидро гузаронанд. Тағйирот ба қонунгузорӣ, ки тавассути мурофиаҳои судии стратегӣ ва пешбарӣ гардидани онҳо ворид карда шудаанд, кафолатҳои қонунгузории ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷаро беҳтар месозанд. Дар доираи Дурнамо замина барои пешбарии фаъолонаи масъалаи ба тасвиб расонидани ОРСАТ ва таъсис додани Механизми Миллии Пешгирӣ (ММП) фароҳам оварда мешавад. Фаъолият дар ин самт имкон медиҳад, ки ниҳоди ҷамъиятии (мустақили) назорати муассисаҳои пӯшида таъсис дода шавад.

Дар доираи Дурнамо гурӯҳҳои касбии иборат аз адвокатҳои аҳли амал, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, психологҳое, ки тахассуси иловагӣ ва таҷрибаи кор оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа хоҳанд дошт, омӯзонида мешаванд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аъзои Эътилоф метавонанд дар оянда таҷрибаи ҳосилшударо оид ба фаъолияти муштарак ва ҳамкорӣ дар масоили мубориза бо шиканҷа, таҳияи гузоришҳои алтернативӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи маъракаҳои ҳимоятгарӣ истифода кунанд.

Намудҳои амалҳо ба ҳимояти манфиатҳои ҷамъиятӣ дар доираи афзалиятҳои мазкур:

1. Мониторинги ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа барои ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи милливу байнулмилалӣ ҷиҳати қабул кардани ислоҳот дар соҳаи сиёсат оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон.

2. Омӯзонидани масоили ҳифзи ҳуқуқ барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои тахассусӣ (ҳуқуқшиносон, равоншиносон, пизишкон) оид ба мубориза алайҳи шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон.

3. Омодасозии касбии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ (судяҳо, муфаттишон, прокурорҳо, ҳайати кормандони маҳбасҳо, кормандони боздоштгоҳҳои пешакӣ, кормандони тиббӣ, кормандони иҷтимоӣ, намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ, дигар муассисаҳои пӯшида ва ғайра) оид ба озодӣ аз шиканҷа, тафтишоти муассир ва дар ҳуҷҷатҳо сабт кардани далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона.

4. Такмили қонунгузорӣ оид ба стандартҳои озодӣ аз шиканаҷа ва адолати судии ҷиноятӣ, рушди институтсионалии мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиси механизмҳои самараноки пешгирии шиканҷа, вокуниш ва тафтишу таҳқиқи далелҳои истифодаи шиканҷа, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳифз ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа.

5. Ҳифз ва офиятбахшии амалии қурбониёни шиканҷа тавассути рушди системаи расонидани кӯмати амалии ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа. 

Татбиқи Дурнамо

Созмонҳое, ки дар татбиқи ин Дурнамо иштирок мекунанд, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд. Эътилоф логотипи алоҳида, имайли ngo.cat.taj@gmail.com, инчунин торнамои интернетиро тарроҳӣ кардааст. Ҷузъҳои алоҳидаи Дурнамо таввасути таҳияи лоиҳаҳои алоҳида ё муштараки Ташкилотҳои ҷамъиятӣ татбиқ карда мешаванд. Эътилоф Маркази таҳлилӣ таъсис додааст, ки он ҷамъоварӣ ва таҳлили тамоми иттилоотеро, ки дар натиҷаи татбиқи Дурнамо ба даст оварда мешавад, инчунин ҳама гуна иттилооти иловагии соҳаи мазкурро анҷом медиҳад. Маркази таҳлилӣ бо Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурҳоии Қазоқистон ва Қирғизистон барои мубодилаи таҷрибаи мусбат, татбиқи ташаббусҳои минтақавии озодӣ аз шиканҷа, инчунин якҷоя бо созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ барои пешбарии масоили озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи байнулмилалӣ (ҳимояти байнулмилалӣ) ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ҳангоми таҳияи барномаҳои тақвиятбахшии иқтидори Ташкилотҳои ҷамъиятӣ адвокатҳои аҳли амал, равоншиносон ва рӯзноманигорон, коршиносони ташкилотҳои алоҳидаи байнулмилаливу миллӣ ҷалб хоҳанд шуд. Масалан, Кумитаи зидди шиканҷа (Россия), Садои озодӣ, Гурӯҳи ҳуқуқшиносони ҷавон (Қирғизистон), Афви байнулмилалӣ,  Human Rights Watch, ОМСТ, АРТ ва ғайра.

Маркази расонаии Эътилоф таъсис дода шудааст, ки он кӯмаку дастгирии фаъолияти Дурнаморо анҷом хоҳад дод. Бо ин мақсад Дурнамои расонаӣ таҳия шудааст.

Дар доираи Эътилоф таъсиси гурӯҳҳои кории мавзӯӣ ҷоиз аст.

Фаъолияти Марказҳо ва гурӯҳҳои корӣ ба ҳам алоқаманданд, таъсис додани ягон сохторро дар назар надоранд, вале аз ҷониби намояндаҳои ташкилотҳо дар доираи фаъолияти ҷории худ амал мекунанд.