Ҳисобот аз рўи натиҷаҳои боздидҳои озмоишӣ аз муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи 2, соли 2015

Аз моҳи феврал то августи соли 2014 гурӯҳи мониторинг оид ба боздиди муассисаҳои пӯшида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис дода шуда буд, аз 5 муассисаи пӯшида боздид намуд: Тавқифгоҳи (изолятори) нигоҳдории муваққатии шаҳри Душанбе, Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ барои ноболиғони ш. Душанбе, Тавқифгоҳи (изолятори) тафтишотии ш. Хуҷанд, Тавқифгоҳи (изолятори) нигоҳдории муваққатии шаҳри Исфара ва Колонияи ислоҳии занонаи ш. Норак. 

NoTorture.Tj