Акмал Маннонов, рӯзноманигор: «Ҳимояи ҳуқуқи инсон аз зоҳир кардани мавқеи шаҳрвандӣ оғоз мешавад»

- Ман ҳамчун рӯзноминигор зиёд бо тақдири шаҳрвандоне дучор мешавам, ки бо нақзи ҳуқуқҳояшон рӯ ба рӯ гардидаанд.

Ҳар як шаҳрванди кишвари ману шумо на танҳо назди давлат  ӯҳдадорӣ, балки барои рушди озоди худ дар давлати демократӣ ҳуқуқ дорад. Вале зиёд мансабдороне, ки барои хизмати ҳақиқиву содиқона ба мардум қасам ёд намудаанд ва таъмини ҳамаи ин ҳуқуқҳо аз онҳо вобастагӣ дорад, худашон онҳоро нақз мекунанд.

Давлат масъул аст, ки барои ҳамаи шаҳрвандон, тоҷикистониён сарфи назар аз ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ дастрасии баробар ба ҳуқуқҳоро таъмин намояд, зеро мо ҳама зери сояи як Худо зиндагӣ дорем… Аммо дар воқеият дастрасӣ ба ҳуқуқҳо на ҳамеша имконпазир мегардад…

Ҳам рӯзноманигор, ҳам ҳомии ҳуқуқ сарфи назар аз самти фаъолияташ ӯҳдадории муайяни ҷамъиятӣ дорад ва барои иҷро кардани қарзи шаҳрвандии худ бояд тамоми қувваашро сарф намояд, фикрашро гӯяд, қарорҳои фоидаоварро дастгирӣ намояд ва муқобили қарорҳое барояд, ки ҳуқуқҳоро нақз мекунанд.

Барои ман ҳамчун рӯзноманигор ҳимояи ҳуқуқи инсон, иштирок дар идораи давлатӣ ва муҳаббат ба ватан бахусус аз зоҳир кардани мавқеи шаҳрвандӣ оғоз мегардад. Вақте ки натиҷаҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ба касе барои ба ҳақиқат даст ёфтанаш кӯмак мерасониву мешунавӣ, ки «ниҳоят адолат тантана кард», ин шояд барои рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ иҷрои ӯҳдадориҳои ҳаррӯза ва рисолати ҷамъиятӣ бошад.