Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбон: «Шиканҷа - ин падидаи даҳшатноки ноодамист»

Тасдиқ карда наметавонам, ки ман ҳимоятгари ҳуқуқам. Аниқтараш, ман шахсе ҳастам, ки кӯшиш мекунад, то ҳуқуқ на танҳо дар рӯи коғаз бошад, балки дар ҳақиқат амалӣ шавад. Шиори ман - «Риояи ҳуқуқи инсонро ба ҳақиқат табдил медиҳем».

Ҳуқуқи инсон - ин пеш аз ҳама озодӣ аст. Озодӣ бошад, ҳуқуқ ба зиндагии шоистаеро медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди ин ё он кишвар ба он ҳақ дорад. Оид ба шиканҷа андешаронӣ карда, метавонам чунин бигӯям: «Шиканҷа - ин падидаи даҳшатноки ноодамист».