«Чунин як касб вуҷуд дорад - кӯмак ба одамон»

Фирӯза Усмонова: «Касб ва самтҳои фаъолияте ҳастанд, ки дар бисёр ҳолат аз онҳо тақдири одамӣ вобаста аст. Намояндаи яке аз чунин касбҳо адвокат ба шумор меравад. Касби ман имконият медиҳад, то ба одамоне, ки ба кӯмак ниёз доранд, ёрӣ расонам. Кори адвокатро ҳам метавон фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ гуфт.

Пеш аз ҳама мехоҳам зикр намоям, ки адвокат ва ҳимоятгари ҳуқуқ одамони дорои эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар муносибат бо дигар одамон ва умуман бо ҷомеа мебошанд. Омодагӣ ба муошират, инсондӯстӣ, ҳисси адолатхоҳӣ, истодагарӣ дар мавқеъ, андешамандӣ, фаъолнокӣ - хусусиятҳои зарурии адвокат ва ҳимоятгари воқеии ҳуқуқ мебошанд».