«Интихоби касбии ман барвақт сурат гирифт»

Зебо Қосимова: «Ба ман касбам писанд аст, зеро метавонам ба одаме ёрӣ расонам, ки ба кӯмак ниёз дорад. Муошират бо одамони гуногун ва хоҳиши кӯмаку ҳал кардани масъалаи ҳаётии онҳо ба ман қаноатмандии баланди маънавӣ мебахшад. Ба одамон кӯмаки «фаврӣ ва фавқулодда» лозим аст. Аз ҳама муҳим - ба қувва ва дониши худ бовар кардан аст. Интихоби касбии ман ҳамчун адвокат барвақт сурат гирифт. Дар оилаи мо ҳама ҳуқуқшиносанд ва дар 17-солагӣ ман ҷиддан қарор додам, ки адвокат мешавам. Ихтисоси ман душвор ва гуногунҷанба аст, дақиқкорӣ, таваҷҷуҳмандӣ, андешаронии мантиқӣ ва азхудгузаштагии зиёд талаб мекунад».