Нурмаҳмад Халилов, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»: «Шарти муҳими ҳомии ҳуқуқ - ин эҳтироми ҳуқуқи дигар одамон аст»

- Аз нигоҳи ман, ҳомии ҳуқуқ - ин дар асл дилхоҳ нафарест, ки кўшиш мекунад ҳуқуқҳои худ ва дигар одамонро ҳимоя намояд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки шартҳоеро ба мисли эҳтироми ҳуқуқи дигар одамон доранду идора мекунанд.

Ман ҳомии ҳуқуқ шуданро мақсади худ қарор надодаам. Аз он оғоз намудам, ки фаъолияти адвокатӣ анҷом додам ва ба одамоне, ки ҳуқуқҳояшон нақз шуда буд, кўмаки воқеии ҳуқуқӣ расонидам. Баъдан ба мушкилоти мизоҷон аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон, ки дар Конститутсияи мо ва созишномаҳои байналмилалӣ зикр гардидаанд, менигаристагӣ шудам, хусусан ба риоя накардани ҳуқуқҳо, ки ба ҳаёти ҳазорҳо одамон таъсири манфӣ гузоштаанд. Одамоне, ки на ҳамеша ҳуқуқҳои худро медонанд. Аз ҷумла, намедонанд, ки ҳуқуқи инсон чист. Ва барои ҳалли ин мушкилот бояд муносибати худи намояндагони мақомот бо қонун тағйир ёбад, бояд бо мақомот муколама ба роҳ монда шавад, баррасиву мусоидат намудан ба тағйироти қонунҳо ва таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқҳо сурат гирад. Аз ҳамин ҷо қарори кор кардан дар ташкилоти ҷамъиятӣ бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар сатҳи системавӣ ва риояву ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба миён омад.