Парвина Ғиёсова, ТҶ "Апейрон": "Муносибати бераҳмонаро бартараф кардан лозим аст"

- Фаъолияти ҷамъиятии ман ба занон алоқаманд аст, ки инҳо модарон, хоҳарон ва духтаронанд. Гарчанде бисёр одамон вақте нисбати заноне, ки дар муассисаҳои гуногун кор мекунанду хизмат мерасонанд, аз муносибати бераҳмона истифода мебаранд, дар ин бора дар навбати охир ёдоварӣ мекунанд ва ё умуман ба ёд намеоранд. Ман ба он хотир ҳимоятгари ҳуқуқ шудам, ки бояд муносибати бераҳмона нисбати занону духтароне, ки бо заҳмати душвори худ барои зиндагияшон кор мекунанд ва оилаву кӯдаконашонро мехӯронанд, барҳам дода шавад. Бо омӯзонидани ҳимояи ҳуқуқи инсон ва муносибати шоиста дар оилаву ҷомеа ба занон, ман мавқеи шаҳрвандии худро назди ҷамъият иҷро мекунам.