Пулис Сорбонро латукӯб кард

Пулис Сорбонро латукӯб кард

Пайвандони як донишҷӯ дар Душанбе аз як афсари милиса шикоят доранд, ки ҳамроҳи 5 шарикаш писари онҳоро ҳангоми тарбузфурӯшӣ латтукӯб кардаанд. Мақомот мегӯянд, қазияро таҳқиқ мекунанд.

Пайвандони Қаноатзода Сорбони Тағдиршо, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт аз тарафи Низом Баротов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ латтукӯб шудаааст.

Тағдиршо Тағдиров, корманди Хадамоти давлатии назорат бар соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 27 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш Сорбони Тағдиршо дар маҳаллаи 33-юм тарбуз мефурӯхт, ки "соатҳои даҳи шаби 24-уми июн, корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ Низом Баротов ҳамроҳ бо 5 тани дигар дар мошини тамғаи «Тойота Прадо» омада, бо фарзандаш вориди баҳс мешавад. Дар пайи ин баҳс онҳо Сорбонро бо кастетҳо латтукӯб мекунанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Тағдиров, бар асари зарбу лат косахонаи сари фарзандаш - Сорбон сахт осеб дида, ӯ феълан дар бинои 5-уми беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе, таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад. Тағдиршо Тағдиров мегӯяд, алайҳи Низом Баротов, корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба додситонии ноҳияи Сино - маҳаллаи ин ҳодиса расман шикоят барад.

Котиботи додситонии ноҳияи Сино дар суҳбат бо Озодӣ низ ворид шудани аризаи шикоятӣ аз номи Тағдиршо Тағдировро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ин қазияро муфаттишони шуъбаи корҳои дохилии Сино -1 таҳқиқ доранд.

Изи ҷароҳат дар пешонии Сорбони Қаноатзода

Дар ҳамин ҳол, манобеи мо дар шуъбаи корҳои дохилии Сино-1 низ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин ҳодиса мавод ҷамъоварӣ шуда ва бархе аз шоҳидон низ мавриди пурсиш қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, пас аз омӯзиши ҳодиса ва ҷамъоварии маводҳо, тафтиши қазияро бевосита додситонӣ мебарад.

Тағдиршо Тағдиров мегӯяд, ҳадаф аз шикоят ба додситонии ноҳияи Сино он аст, то корманди милисае, ки ба фарзандаш ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ расондааст, дар чорчӯби қонун ҷазо бигирад.

Ҷаноби Тағдиров мегӯяд, интизор меравад, рӯзи душанбе фарзандаш аз бемористон мураххас ва натиҷаи санҷиши тиббӣ-додгоҳӣ маълум хоҳад шуд, ки имкон медиҳад, то мақомот ҳодисаи ҳамла ба писарашро мунсифона баррасӣ кунанд.

Ҳамзамон Тағдиршо Тағдиров ният дорад, то қазияи латтукӯби писараш тавассути корманди пулисро ба самъи Раҳимзода Рамазони Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ расонад.

То ин соат худи Низом Баротов ва шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи ин қазия ва иддаои тарафи даъвогар изҳори назар накардаанд. Ба муҷарради дарёфти онҳо назари ин тарафро низ нашр хоҳем кард.

Аммо Сорбони Қаноатзода дар як суҳбати видеоӣ бо Озодӣ ҷараёни моҷарояш бо афсари милисаро чунин қисса кард:

Моҷарои латтукӯби Қаноатзода Сорбони Тағдиршо аз сӯи як корманди милиса дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар солҳои охир сару садоҳо дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа тавассути маъмурони интизомии Тоҷикистон бештар ба гӯш мерасад.

Ҷунайдулло Ҳомидов, падари НизомиддинТанҳо дар соли ҷорӣ боз дастикам ду мавриди марги мармузи гумонбарон дар боздоштгоҳҳои мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Низомиддин Ҳомидови 27-сола, ки бо гумони дуздӣ боздошт шуда буд, дар шуъбаи корҳои дохилии Вахш даргузашт. Пулис мегӯяд, ки ӯ худро овехтааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.

Рӯзи 25 апрел Саймурод Орзуев, сокини рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод барои он боздошт шуд, ки бо мошинаш ба як симчӯби барқ бархӯрд кардааст. Ҷасади ӯро баъди 5 рӯз аз зери як кӯпрук бо осори латтукӯб ва ҳатто, ба нақли падараш, доғи сими "трос" дар пойҳояш пайдо карданд. Шуъбаи умури дохилаи ноҳия аммо мегӯяд, Орзуевро ҳанӯз ҳамон рӯзи 25 апрел раҳо кардаанд.

Зимнан, додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода моҳи феврали соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар як соли ахир 16 нафар шикоят карданд, ки шиканҷа дидаанд. Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, дар ҳамин муддат танҳо 4 парвандаи ҷиноии марбут ба шиканҷа боз шудааст. Зоҳиран, дар аксари мавридҳо мақомот парвандаҳои шиканҷаро ба “саҳлангорӣ ва хунукназарӣ” иваз мекунанд ё шикояткунандагон зери таҳдид аризаҳои худро бозпас мегиранд.

Дар ҳар сурат, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хотири мубориза бо ин падидаи манфӣ ҳатто як «телефони боварӣ» (шуморааш - 221-21-21) ташкил кардааст, то сокинон шикоёти худро бо ин вазорат дар миён бигзоранд.

Пулис Сорбонро латукӯб кард