Ранҷет Ятимов, ТҶ «Хома»: «Барои татбиқи қонунгузорӣ мусоидат хоҳам кард»

- Ҳимояи ҳуқуқи инсонро ман барои худ афзалият мешуморам ва дар ин самт зиёда аз 10 сол боз кор карда истодам. Дар таҷрибаи бисёрсолаи худ мо он нафаронеро ҳимоят кардем, ки ба кўмак ниёз доштанд, онҳоеро, ки ҳуқуқҳояшон аз ҷониби мақомоти давлатӣ нақз шуда буд. Дар ҳоле, ки давлат барои ҳимояи тамоми шаҳрвандон, аз он ҷумла қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа бар дўши худ уҳдадорӣ гирифтааст. Ба ин гуруҳ одамони камбизоат, маъюбон, нафақагирон - қишри аз лиҳози иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ дохил мешаванд. Давлат бояд ба ин гуруҳи одамон тамоми кўмакҳоро расонад, аммо одатан инро фаромўш мекунад. Дар таҷрибаи худ ман бо он чизе дучор шудам, ки қонунҳо на ҳамеша ба нафъи адолат кор доданд. Қонун дар дасти нафароне буд, ки ҳокимият, қувва ва маблаѓ доштанд. Агар ки мо мегўем дар давлати демократӣ, муосир ва қонунсолор зиндагӣ дорем, пас он бояд дар асл ҳамин тавр бошад. Дар робита ба ин, ман мехоҳам, ки қонунгузориамон бо Конститутсия ва меъёрҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон мухолифат надошта бошад ва мақомоти ваколатдор меъёрҳои қонунро риояву иҷро намоянд. Ҳадафи ояндаи ман дар ин самт - мусоидат намудан ба татбиқи қонунгузорӣ бо дарназардошти меъёрҳои умумии қабулгардида дар самти ҳуқуқи инсон аст.