Шикояти чаҳор сокини Душанбе аз хушунати пулис алайҳи онҳо

Шикояти чаҳор сокини Душанбе аз хушунати пулис алайҳи онҳо

Кормандони як рестурони шаҳри Душанбе аз латукӯб шудан аз сӯйи кормандони пулис ба додистонӣ шикоят бурдаанд.

Ба гуфтаи ин афрод ин ҳодисаи дар посгоҳи пулиси воқеъ дар маҳаллаи мавсум ба “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе пас аз соъати 12 шаби гузашта рух дода ва субҳи рӯзи 19-уми апрел онҳо аз кормандони пулис ба доситонии ноҳия шикоят бурдаанд.

Аслан Шамсиев, ошпази рестурони мавсум ба “Kebab house” воқеъ дар хиёбони Исмоъили Сомонии пойтахт, мегӯяд, ки баъд аз анҷоми кор дар рестурон онҳоро ронандае бо мошин ба манзил мебарад.

Ӯ гуфт "Вақте мо, кормандони рестурон дар мошин ба хона бармегатем кормандони ОМОН мошини моро дар посгоҳи “Зарнисор” нигаҳ доштанд ва яке аз онҳо, ки дар ин посгоҳ бо силоҳ истода буд аз ронанда ҳуҷҷат талаб кард. Дар ҳоле, ки дар посгоҳҳо танҳо пулиси нозири роҳ ҳаққи баррасии мадорики ронандаро дорад.”

Иззи мӯзаи пулис дар бадани лутукӯбшуда

Оқои Шамсиев мегӯяд, ки дар посгоҳҳо танҳо пулиси нозири роҳ ҳаққи бозрасии мадорики ронандаҳоро дорадОқои Шамсиев афзуд: “Замоне, ки ронанда аз ин қонун ҳарф мезад, ин корманди ОМОН як ду қадам ақиб рафт ва аввал ҳақорат кард ва сипас бо пойяш ба ронанда зарба зад. Ман барои дифоъ аз ронанда аз мошин пиёда шудам, вале маро низ мавриди лату кӯб қарор доданд.”

Оқои Шамсиев барои собит кардани ин ҳарфҳояш захмоеро, ки ба гуфтаи вай аз зарби мӯзаи пулис дар баданаш ҷо мондааст, ба мо нишон дод.

Миралӣ ва Фарҳод пешхидматҳои ин рестурон низ аз ҷумлаи қурбониёни ҳодисаи зӯроварии пулис дар ин ҳодиса будаанд.

Миралӣ Исматов мегӯяд: “Замоне, ки пулис моро ба бахши пулиси ноҳияи Сино-2 бурд, мо гумон кардем, ки дар он ҷо ҳақиқатро муъайян мекунанд, вале вақте мо ба ин бино ворид шудем, ду корманди пулис бидуне ҳеҷ сухане ба латукӯби мо оғоз карданд ва тамоми шабро мо дар ин макон гузарондем.”

Оқои Исматов мегӯяд, ки пулис ин кормандони рестуронро ба маркази вижа барои ташхиси вуҷуди олкул ё маводди мухаддир дар баданашон бурда ва субҳи 19-уми апрел онҳоро раҳо карданд. Ба гуфтаи шокиён дар ин ҳодиса бештар аз ҳама Рустам Латипов, ронанда захм бардоштааст.

Аммо кормандони истгоҳи пулиси ноҳияи Сино-2 аз сӯҳба бо хабарнигорон дар бораи ин ҳодиса бо баҳонаи набудани раҳбари онҳо дар идора худдорӣ карданд.

Посгоҳҳои пулис барои таъмини амнияти шаҳр

Дар ҳамин ҳол аз чанд рӯз бад-ин сӯ пас аз зӯҳр шумори зиёде аз кормандони пулис ҳамроҳ бо гурӯҳҳои вокуниши сареъи мавсум ба “ОМОН” ба хиёбонҳои шаҳр мебароянд ва утумубилҳоро барои бозрасии мошинҳо ва мадорики ронандагону сарнишинони боз медоранд.

Дафтари матбӯъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯҳои иловагӣ дар роҳ ба манзури таъмини амният ва боздошти афроде будаанд, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Миралӣ ва Фарҳод пешхидматҳои рестурони "Кабоб Ҳаус", ки низ лату кӯб шудаандМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар ҷумҳурӣ оромӣ аст. Вале ҳамакнун як амалиёти вижае дар Тоҷикистон зери унвони “Тартибот” анҷом мегирад, ки ҳадаф аз он пайдо кардани афродест, ки бидуни сабт муддати тӯлонӣ дар Душанбе ба сар мебаранд. Яке дигар аз аҳдофи ин амалиёт пайдо кардани афроди нопадидшуда аст.”

Сухангӯи вазорати кишвар гуфт, ки дар бораи ҳодисаи латукӯби чаҳор сокини Душанбе тавассути ин нерӯҳо дар шаби гузашта иттилоъ дар даст надорад.

Барои бори нахуст нест, ки дар Душанбе чунин ҳодиса рух медиҳад. Дар гузашта низ аз мавориди зӯроварии кормандони пулис ба шаҳрвандон интиқод ва гузориш шуда буд.

Дар соли 2012 дар пай рух додани чанд ҳодисаи хушунати пулис алайҳи афроди боздоштшуда ва ҷон додани ин афрод, масъулони ниҳодҳои интизомӣ чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва кормандони муқассир дар ин ҷароимро ба додгоҳҳо кашида буданд.

Гуфта мешавад мавориди ирсоли шикояти сокинони Тоҷикистон алайҳи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар ҳоли афзоиш будааст. Коршиносон ин амрро ба афзоиши хушунат на, балки афзоиши огоҳии ҳуқуқии сокинони кишвар марбут медонанд.

Торнамои ВВС

Асари лату кӯби пулис