Ёралӣ Султонов, ТҶ «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир»: «Ҳомии ҳуқуқ ҳидоятгари ахлоқу ҳақиқат аст»

- Мақсади ман ҳамчун ҳомии ҳуқуқ наҷот додани одам аз ҷазо не, балки манъ кардани нақзи ҳуқуқ аст. Ҳомии ҳуқуқ ҳидоятгари ахлоқу ҳақиқат аст. Масалан, агар касе дар тавқифгоҳи тафтишотӣ дучори шиканҷа шавад, бидуни маълумоти ҳуқуқӣ ҳам нақзи ҳуқуқро эътироф кардан мумкин аст. Ҳомии ҳуқуқ манфиати моддӣ намеҷӯяд, балки далелҳои беэҳтиромӣ нисбати инсон ва ҳуқуқҳои ӯро ошкор месозад.