Баҳси мақомот ва ҳимоятгарон дар масоили ислоҳоти адвокатура

Баҳси мақомот ва ҳимоятгарон дар масоили ислоҳоти адвокатура

Дар кишвар тӯли чанд муддат гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура» кор мебарад. Ба ҳайати он намояндагони Прокуратураи генералӣ, Судӣ иқтисодӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ ва ҷомеаи адвокатӣ шомиланд.

Дар робита узви гурӯҳи кории мазкур, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд Моҳира Усмонова изҳор дошт, ки зарурати ислоҳоти соҳаи адвокатура кайҳо ба миён омадааст ва борҳо аз ҷониби худи ҳимоятгарон низ масъалагузорӣ шудааст. Аммо лоиҳаи нави қонун ҷавобгӯйи интизороти ҷомеаи адвокатӣ нест:

- Қонуни амалкунанда ҳимоятгаронро ба ду категория ҷудо мекунад: адвокатҳои коллегия ва адвокатҳои ваколатдор, яъне соҳибкороне, ки дар асоси иҷозатномаи додашудаи Вазорати адлия амал мекунанд ва ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Ин қобили қабул нест. Зеро бояд меъёрҳои ягонаи ворид шудан ба касб ва хуруҷ аз он, талаботи ихтисосӣ, иттиҳодияи ягонаи адвокатҳо ва меъёрҳои ахлоқии ҳирфаӣ мавҷуд бошанд. Бинобар ин, ба хотири таъмини мутобиқати қонуни амалкунанда ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва мустақилии адвокатҳо гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Мутаассифона, касе интизор надошт, ки оқибат аз ҷониби гурӯҳи корӣ чунин як лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки он дар ҳақиқат адвокатураи Тоҷикистонро аз мустақилии ниҳодиаш маҳрум карда, вазъи ҳимоятгаронро бадтар месозад.

Ҳамзамон вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зимни нишасти матбуотие, ки 23-юми июл баргузор шуд, дар бораи лоиҳаи қонуни мазкур чунин ибрози назар кард:

- Мақсади асосии вазорати адлия аз худ кардани ваколат ё узурпатсияи ваколати назорати фаъолияти адвокатҳо нест. Соли 1995 қонун «Дар бораи адвокатура» қабул шуд. Аз соли 1992 мақомоти адвокатура аз давлат ҷудо аст. Пеш адвокатура яке аз сохторҳои Вазорати адлия ба ҳисоб мерафт. Ҳоло муттаҳидӣ ва ягонагии томи ҳамин сохторҳо дар ҷумҳурӣ дида намешавад. Лоиҳаи наве, ки мо таҳия кардем, масъалаҳои ташкили низом, тартиби амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ ва низоми ягонаи анҷом додани фаъолияти адвокатиро пешбинӣ мекунад. Агар ин хел бинед, нобаробарӣ ҳам ҳаст. Баъзеҳо бояд аз имтиҳони Вазорати адлия гузашта, литсензия гиранд. Дигарҳо метавонанд фақат ба Коллегияи адвокатҳо шомил шаванду дар асоси як ордер фаъолият кунанд.

Аммо ба андешаи Моҳира Усмонова, давлат ба ин васила мехоҳад ба мустақилии адвокатҳо халал ворид созад:

- Тибқи ин лоиҳаи қонун, созмон додани комиссияи тахассусӣ барои пешниҳоди мақоми (статуси) адвокатӣ ва аз он маҳрум кардан, ки он таҳти роҳбарии муовини вазири адлия фаъолият хоҳад кард, пешбинӣ шудааст. Дар ҳақиқат чунин тарзи кор принсипи мустақилии адвокатура ва меъёрҳои байнулмилалии ин пешаро халалдор месозад. Принсипи мустақилии адвокатура дар асл соҳибихтиёрии тамоми ҳимоятгаронро аз муассисаву ташкилотҳои ғайриадвокатӣ дар назар дорад. Ҳимоятгарон худ бояд салоҳияти ворид кардан ба иттиҳодия ва хуруҷ аз он, инчунин маҳдудкунии мақоми адвокатиро ба зимма дошта бошанд. Ҳамчун зерсохтори Вазорати адлия амал кардани комиссияи тахассусӣ қатъан дуруст нест. Дар ин ҳолат адвокатура ба яке аз сохторҳои мақоми иҷроия, яъне низоми ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад. Дар ҳоле ки адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад ва ба низоми ҳокимияти давлатӣ рабте надорад. Ин махсус дар лоиҳаи қонун нишон дода шудааст.

Муовини аввали вазири адлияи ҶТ Абдуманнон Холиқов изҳор дошт, ки танҳо баъзе аз ҳимоятгарон лоиҳаи мазкурро мавриди баҳс қарор додаанд. Ӯ қайд кард, ки махсус дар назди Вазорати адлия таъсис додани Комиссияи санҷиши сатҳи дониш ва тахассуси адвокатҳо бо сабабҳои зер дар назар аст:

- Шахсоне ҳастанд, ки имрӯз баъзе аз ташкилотҳои хурди адвокатиро роҳбарӣ мекунанд ва мақоми худро аз даст доданӣ нестанд. Қайд кардан мехоҳам, ки имрӯз дар давлатҳои тараққикардаи дунё ду шакли гирифтани статуси адвокатӣ ҳаст. Яке ба тариқи литсензия аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ, ки ҳайати он пурра аз кормандони мақомоти давлатӣ иборатанд, дигар ин дар натиҷаи гирифтани статус аз комиссияе, ки дар назди иттифоқи адвокатура ташкил шудааст. Мо имрӯз на ба ин роҳ ва на ба он роҳ нарафтем. Мо роҳи нави худамонро пеш гирифтем, яъне ташкил кардани комиссияи иборат аз 9 нафар, ки дар лоиҳа омадааст. Ба он 5 нафар аз ҳисоби худи адвокатон аз панҷ минтақаи кишвар, 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҶТ, 1 нафар аз ҳисоби олимони соҳаи ҳуқуқ, боз 2 нафари дигар аз ҳисоби Вазорати адлия шомил мешаванд, ки яке аз муовинони вазири адлия дар комиссия роҳбарӣ мекунад. Яъне ҳайати комиссияро бештар худи адвокатон ташкил медиҳанд.

Вале Моҳира Усмонова мегӯяд, ки ба зерсохтори давлатӣ табдил додани адвокатура, ҳатто агар ҳолати муваққатӣ бошад ҳам, аслан дуруст нест:

 - Ҷомеаи адвокатҳо қатъан зидди чунин дахолат аст. Зеро Гузоришгари вижаи СММ оид ба мустақилии суд ва адвокатҳо Леонардо Деспуи соли 2005 ба Тоҷикистон ташриф оварда, пешниҳод карда буд, то дар кишвар мақомоти ягонае созмон дода шавад, ки принсипҳои худидорӣ дошта, тамоми адвокатҳо ба таври ҳатмӣ шомили он гарданд. Мақомоти мазкур бояд салоҳиятҳои дастрасӣ ба пешаи ҳимоятгарӣ, хориҷ кардан аз соҳа, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва такмили ихтисосро ба зимма дошта бошад. Ҳамон вақт аз ҷониби мавсуф таъкид гардида буд, ки ин сохтор аз ҳокимияти иҷроия бояд ҷудо бошад. Бисёре аз меъёрҳои байнулмилалӣ дахлнопазирии фаъолияти адвокатураро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ муқаррар кардаанд ва таъкид сохтаанд, ки пешаи адвокатӣ худмухтор аст.

Аммо дар мавриди зарурати ворид сохтани тағйирот ба қонуни амалкунанда Абдуманнон Холиқов чунин ибрози назар кард:

- Дар моддаи 92-и Конститутсия омадааст, ки дар ҳама марҳилаҳои тафтишот, дар суд иштирок ва ё расонидани ёрии ҳуқуқиро давлат кафолат медиҳад. Вақте давлат кафолат диҳад, бо кадом тарз бояд ин кафолатро амалӣ созад? Ягона амалӣ кардани ин кафолатро мо дар додани статус дидем. Яъне додани статус ба фаъолияти адвокатура дахолат кардан нест. Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки дирӯз аз маҳбасхона баромадаасту ҳоло доғи судияш бардошта нашудааст, вале баъзе коллегияҳо шаҳодатнома додааст ва ӯро адвокат гуфта, ба кор қабул мекунанд. Ва ё дар давоми 18 сол, ки қонун амал мекунад, боре ҳам сатҳи дониши ҳуқуқии худро такмил надодаанд.

Коршиносон мегӯянд, ин лоиҳаи қонун барои рӯйи кор омадани низоми одилонаи додгоҳӣ созгор нест, чун дар ҳолати қабул шудани тағйирот ҳимоятгарон рисолати аслии худро ба таври комил иҷро карда наметавонанд. Дар ин робита Моҳира Усмонова мегӯяд:

- Мо пешниҳод дорем, ки комиссияи тахассусии мазкур дар назди Иттиҳоди адвокатон созмон дода шавад ва роҳбарии ин комиссияро намоянда аз адвокатура ба зимма дошта бошад. Боз масъалаи муҳиме, ки ҳолати ҳимоятгаронро зиёд мушкил месозад, ҷараёни гузариш аст. Чунончи дар лоиҳа омадааст, он нафароне, ки то ба ҳукми қонун даромадани лоиҳаи мазкур мақоми адвокатӣ доштанд, барои иҷрои муқаррароти қонун бояд дубора ариза супоранд. Яъне онҳое, ки 30 солу 40 сол, 10 ё 15-солӣ ба ҳайси адвокат фаъолият кардаанд, бояд ариза нависанд, имтиҳон супоранду дубора мақоми адвокатиро соҳиб шаванд. Бо ин роҳ ягон соҳа бозсозӣ намешавад.

Ба ақидаи Моҳира Усмонова, Консепсияи ислоҳоти соҳаи адвокатураи Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалии мустақилии фаъолияти адвокатӣ ҷавобгӯст ва ҳамаи ин нуктаҳо дар он дуруст дарҷ шудаанд. Дар консепсияи мазкур омадааст, ки созмондиҳии адвокатура дар асоси меъёрҳои феълии байнулмилалӣ ба роҳ монда шавад. Дар қисмати Дастрасӣ ба пеша омадааст, ки раисии Комиссияи тахассусиро бояд намоянда аз адвокатура ба зимма дошта бошад. Дар консепсияи фавқуззикр дар бораи Вазорати адлия ягон дастур нест.

Баҳсҳо дар робита ба Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» from on Vimeo.

Гурдофариди Соҳибназар, "Азия-Плюс"