Дархости Истаравшанӣ аз Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ

Дархости Истаравшанӣ аз Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ

'Бале, Нилуфар мусалмон буд, ҳиҷоб дошт, дар Эрон зиндагӣ мекард, тоҷики Бухоро буд. Аммо ҷанобон, оё ин далели терурист будан аст?'

Ин суханони Надежда Атоева, раиси Анҷумани “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна”, як созмони мустақар дар Фаронса аст, ки дар суҳбат бо Би-би-сӣ эрод кардааст.

Ӯ танҳо мудофеъи ҳуқуқи башар аст, ки то ҳол дар вокуниш ба марги мармузи Нилуфар Раҳимҷонова, як шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони Узбакистон, садои эътироз баланд кардааст.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон то ҳол вокунише ба ин қазия накардаанд.

Ҷасади Нилуфар Раҳимҷонова, ҳамсари 37-солаи Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷики муқими Эрон ва модари чаҳор фарзанд, рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ аз зиндоне дар Тошканд ба пайвандонаш ба ин шарт таҳвил шуд, ки "билофосила ва бидуни сару садо" ба хок супурда шавад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, шавҳари Нилуфар РаҳимҷоноваОқои Истаравшанӣ дар номае саргушода аз Кумисиюни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки "авомили мустақим ва ғайримустақими қатли мазлумонаи" ҳамсараш ба додгоҳ кашида ва муҷозот шаванд.

Ӯ дар номааш унвонии кумисиюн навишта: "Талаби ман ин аст, ки парвандаи ин ҷинояти нобахшуданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ ва онгоҳ ин афроди ҷиноятпеша, аз ҷумла шахси Каримов, дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ, ки ин кумисиюн таъйин мекунад, муҳокима ва ҳукми муносиб ва муҷозот барояшон содир бишавад."

Хонуми Раҳимҷонова се сол пеш, замоне ки барои ширкат дар ҷашни арӯсии бародараш ба Узбакистон рафта буд, боздошт шуд. Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд танҳо ҷурми Нилуфар Раҳимҷонова ин буда, ки ӯ аз марзи Тоҷикистону Узбакистон бидуни раводид убур карда буд.

Аммо додгоҳи шаҳри Тошканд, ки гуфта мешавад бо нақзи фаровони муқаррароти ҳуқуқи башар баргузор шуда, ӯро ҳамчунин дар “терурисм” ва “ҷосусӣ барои Тоҷикистон” гунаҳкор донистааст.

'Эътирофи телевизиюнӣ'

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар номааш ба Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ менависад, ки қабул дорад, ҳамсараш аз марз ба таври ғайриқонунӣ убур карда буд, аммо иттиҳомоти дигарро “дурӯғ ва кизби маҳз” хондааст.

Нилуфар Раҳимҷонова тавассути телевизиюни давлатии Узбакситон эътироф кардааст, ки ҳамсараш Сайидюнуси Истаравшанӣ узви Ҳаракати Исломии Узбакистон буда ва ӯ бо дастури ҳамсараш ба манзури анҷоми амалиёти интиҳорӣ ба Узбакистон ворид шудааст.

Аммо оқои Истаравшанӣ дар номааш ба СММ навишта, ки ҳамсараш иттиҳомоти ворида алайҳи худ, ҳамсар ва падарашро ба хотири он эътироф карда, ки бозҷӯйи парванда ба ӯ бар ивази ин эътироф ваъдаи озодӣ ва бозгашт ба назди фарзандонашро дода буд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, пас аз дарёфти мадраки коршиносии аршад (магистратура) дар риштаи фалсафа ва маъорифи исломӣ аз Донишгоҳи байналмилалии Мустафои Эрон ва коршиносии аршад дар риштаи фалсафа ва ҳикмати Ғарб аз донишгоҳи давлатии Димишқи Сурия, дар Донишгоҳи Мустафо ба унвони устод фаъъолият мекунад.

'Иттиҳомоти зидду нақиз'

Ӯ дар номаи саргушода навиштааст: "Ҳаргиз узви Ҳаракати исломии Узбакистон набудам ва исботи он ҳатто ниёз ба далел надорад... ман, на танҳо анҷоми “амалиёти интиҳорӣ”-ро қабул надорам ва нописанд мешуморам, балки онро аз назари шариъат як амали ҳаром мешуморам."

Мақомоти узбак ҷанозаи Нилуфар Раҳимҷоноваро ба хешонаш ба ин шарт таҳвил додаанд, ки ин ҷасад бидуни муъоянаи пизишкӣ билофосила ба хок супурда шавадОқои Истаравшанӣ меафзояд: "Ва аз ҳама таъаҷҷубовар ин аст, ки ҳамсарамро ба “ҷосусӣ барои кишвари Тоҷикистон” ҳам муттаҳам кардаанд?! Ва ин дар ҳолест, ки банда аз мухолифон ва опозисиюни ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравам ва ин ҳам барои касе пӯшида нест."

Мақомоти узбак ҷанозаи Нилуфар Раҳимҷоноваро ба хешонаш ба ин шарт таҳвил додаанд, ки ин ҷасад бидуни муъоянаи пизишкӣ билофосила ба хок супурда шавад.

Вай дар номааш ба Кумисиюни ҳуқуқи бараши СММ навишта, ки ҳарчанд ин додхоҳӣ ҳамсарашро барнамегардонад, "вале дар сурати муҷозот шудани афроди номбурда, дигар ҳеч зан ва ё марде дар ин кишвар (Узбакистон) баноҳақ ва бо иттиҳоми дурӯғин маҳкум ба зиндон ва дар он ҷо кушта нахоҳад шуд."

Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон дар мантиқи иттиҳомоти дугонаи “ҷосусӣ барои Тоҷикистон” ва “анҷоми амалиёти интиҳорӣ” алайҳи як нафар тардид доранд ва мегӯянд, ин ду иттиҳом бо ҳам таноқуз доранд. Яъне ин суол матраҳ аст, ки чи тур як нафар барои ҷосусӣ ба кишваре меравад ва мехоҳад ҳамлаи интиҳорӣ кунаду худашро бикушад? Агар худро кушад, таклифи ҷосусӣ чи мешавад?

Дигарон ба он ишора мекунанд, ки дар як радиф қарор додани ин ду иттиҳом ба он маъност, ки додгоҳи Тошканд ба таври ғайримустақим давлати Тоҷикистонро муттаҳам ба анҷоми амалиёти интиҳорӣ дар Узбакистон кардааст.

'Ӯ фақат як зани мусалмон буд'

Надежда Атоева, раиси Анҷумани “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна” дар Фаронса ба дунболи расонаӣ шудани қазияи марги Нилуфар Раҳимҷонова дар веблуги худ Нилуфарро "қурбонии иттиҳомоти сохта ва табъизи нажодӣ аз сӯйи мақомоти Узабкистон" хонд.

Ӯ навишта, ки иттиҳомоти сангин алайҳи Нилуфар Раҳимҷонова сохтагӣ аст ва масъули марги ӯ мақомоти интизомии Узбакистон ҳастанд. Ӯ меафзояд: "Ва на танҳо алайҳи ӯ, балки алайҳи падараш Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, рӯҳонии муътабар ва ҳамсараш Юнус Аббосович Бурҳонов (Сайидюнуси Истаравшанӣ), мунтақиди давлати Ислом Каримов низ."

Ба бовари ӯ, ин ки Нилуфар Раҳимҷонова маҷбур шуд тавассути телевизиюн алайҳи наздиконаш шаҳодат бидиҳад, нишонгари аз дифоъ маҳрум будан ва ҳадафи найранги бозрасон қарор гирифтани ӯст.

Парвандаи Раҳимҷонова бо нақзи муқаррароти қазоӣ баррасӣ шуд; пайвандонашро дар Тошканд ба андозае бим додаанд, ки метарсанд ҷузъиёти қазияро ба шавҳараш бигӯянд, ё ҳатто гувоҳиномаи марги Нилуфарро ба ӯ бифиристанд. Надежда Атоева, раиси Анҷумани Ҳуқуқи Башари Осиёи МиёнаВай афзудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи мавҷуд дар наҳваи кори ниҳодҳои интизомии Узбакистон, "баъид нест, ки алайҳи Нилуфар Раҳимҷонова аз доруҳои равонгардон (психотропӣ) истифода шуда бошад."

Ба бовари Надежда Атоева, ин ки мақомоти узбак ҷанозаи Нилуфар Раҳимҷоноваро ба хешовандонаш ба ин шарт таҳвил додаанд, ки ҷасад бидуни муъоянаи додпизишкӣ билофосила ба хок супурда шавад, далолат аз он мекунад, ки алайҳи ӯ аз шиканҷа истифода шудааст.

Хонуми Атоева ба Би-би-сӣ гуфт: "Бале, додгоҳ баргузор ва ҳукм содир шуд, аммо касе ҳукми доддгоҳро дар даст надорад. Касе ба додгоҳи истинофӣ низ шикоят накард, зеро ба пайвандонаш гуфтанд, ғавғо накунанд, ӯро афв мекунанд."

Қазияи марги Нилуфар Раҳимҷонова, як шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндоне дар Узбакистон, нахустин қазияи марги як зани мутадаййин дар зиндонҳои он кишвар аст.

Ин ҳуқуқдон мегӯяд, танҳо чизе ки дар ин қазия равшан аст: ин аст, ки парвандаи Нилуфар Раҳимҷонова бо нақзи муқарароти додгоҳӣ анҷом ёфтааст; пайвандонашро дар Тошканд ба андозае бим додаанд, ки намехоҳанд ҷузъиёти қазияро ба шавҳараш бигӯянд, ё ҳатто гувоҳиномаи марги Нилуфарро ба ӯ бифиристанд.

Узбакистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки корномаи ҳуқуқи башарашон сиёҳ аст. Ахиран Дидабони Ҳуқуқи Башар гузориш кард, ки ҳоло дар ин кишвар ҳазорҳо нафар ба хотири эҳқоқи ҳуқуқ ва озодиҳои худ дар зиндон ба сар мебаранд.

BBC