Хулосаи тафтишот: Фаррух аз 75 зарбаи афсарони пулис ҷон додааст

Хулосаи тафтишот: Фаррух аз 75 зарбаи афсарони пулис ҷон додааст

Таҳқиқоти мақомоти Русия маълум кардааст, ки муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик Фаррух Урозов бар асари дастикам 75 зарбаи афсарони пулиси шаҳри Солнечногорск ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскави Русия рӯзи 15 декабр аз анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии се афсари пулиси муттаҳам дар марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов хабар дод. Фаррух Урозов, сокини ноҳияи Фархори Тоҷикистон субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.

Олга Брадий, сухангӯи Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав рӯзи 15 декабр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохтааст.Ба гуфтаи ӯ, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътироф гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав мегӯяд,  се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии ноҳияи Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев - бар асоси қисми чоруми моддаи 111-ум (расондани осеби ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва се банди аввали қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноии Русия (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ бо истифода аз хушунат ва силоҳу васоили вижа ва расондани осеби сангини ҷисмонӣ) айбдор мешаванд ва парвандаи онҳо дар рӯзҳои наздик ба дасти додгоҳ супурда хоҳад шуд. Қонунгузории Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум аз 3 то 10 соли зиндонро пешюинӣ мекунад.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз анҷоми таҳқиқи ин парванда истиқбол кард, вале гуфт, афсарони пулис танҳо ба марги инсон аз беэҳтиётӣ айбдор шудаанд, ки ҳанӯз тантанаи пурраи адолат нест: “Ба ҳар сурат, хуб аст, ки ба фарқ аз чандин парвандаҳои дигари марги иҷбории муҳоҷирони тоҷик ин парванда ба итмоми худ расид. Вале фақат тафтиши одилона ва ҳукми одилонаи гунаҳкорон метавонад нишон диҳад, ки ҷомиаи Русия ҷомиаи шаҳрвандист, ҷомиа ҷомиаи ҳуқуқист.”

Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа, як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Русия, ки аз ибтидо қазияи марги Фаррух Урозовро пайгирӣ мекунад ва бародари ӯ Илҳом Алихоновро бо вакили дифоъ таъмин кардааст, аз анҷоми таҳқиқи ин парванда истиқбол кард. Ин созмон аммо гуфт, далелҳои ҷамъовардаи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, кир Фаррух Урозов дар боздошт қурбони шиканҷа шудааст ва масъулони марги ӯ бояд ба шиканҷа айбдор шаванд, на ба “расондани осеби ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст.”  

Сергей Бабинетс, ҳуқуқшиноси ин Кумита ва вакили Илҳом Алихонов гуфтааст, онҳо талош хоҳанд кард, то додгоҳ афсарони гунаҳкорро ҷазои сазовор бидиҳад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомоти тафтишотӣ чанд афсари дигари дастандаркор дар марги Фаррух Урозов, аз ҷумла раҳбари собихи бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорскро ба ҷавобгарӣ накашондаанд.

Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекард.

Илҳом Алихонов, бародари Фаррух қаблан гуфта буд, “баъдан маъмурони пулис ману Фирдавс Сатторовро ҳам бо худ ба шӯъба бурданд. Дар он ҷо дидам, ки дар утоқе Фаррухро мезаданд ва ӯ бо дастони баста хунолуд рӯи фарш хобида буд. Чанд лаҳзае, ки дари он утоқ нимабоз буд, ӯ гуфт, “дигар тоқат карда наметавонам.” Ба гуфтаи бародараш, вақте ҷасади Фаррухро рӯзе баъд дар сардхона ба ӯ нишон доданд, дар баданаш изи зиёди зарбу лат дида мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, се афсари пулис тоҷики боздоштшударо то мурдан задаанд, ки даст доштанаш дар таҷовуз ба номуси ин духтарро эътироф кунад. Ӯ ҳамон шаб дар коридори шӯъбаи пулис, ҳанӯз то расидани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст. Табибони “Ёрии таъҷилӣ”, ки марги ин боздоштшударо ташхис кардаанд, мегӯянд, қабурғаҳои ӯ шикаста буд ва дар баданаш варам (гематома)-ҳои зиёд мушоҳида мешуд.

Рӯзи 20 сентябри соли 2014 се афсари пулис бо ҷурми шиканҷа ва куштори ин шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон боздошт шуданд. Аммо тамоми сабти видеоии рӯзи боздошти Фаррух Урозов аз пулиси Солнечногорск ғайб задааст.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз он кишвар ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Урозов дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.

Танҳо дар моҳи декабри соли 2013, дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд.

Рӯзи 14 декабри соли 2013 як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис гуфт, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, афсаронаш кумаки аввалияи тиббиро ба ин тоҷик расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват карданд, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.

Ба дунбол, рӯзи 16 декабри соли 2013 як муҳоҷири тоҷик, ки бо иттиҳоми қонуншикании маъмурӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Русия дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Воронеж «ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт.” Людмила Жданова, сухангӯи пулиси Воронеж он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст.

Ва рӯзи 24 декабр пулиси вилояти Владимири Русия аз марги як муҳоҷири 39-солаи тоҷик дар боздоштгоҳи ин минтақа хабар дод. Ин муҳоҷир аз 4 октябр дар боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Петушино мунтазири ихроҷаш ба Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи пулис, боздоштшуда шикояте аз саломатиаш надошт, вале  рӯзи 24 декабр, соати  3-45 якбора ҳолаш бад шуд ва дар байни ҳамагӣ чанд сония даргузашт. Марги ин муҳоҷир чунон зуд рух додааст, ки пулис ҳатто фурсати даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ”-ро наёфтааст. 

Охирини мавриди пурсарусадои марги муҳоҷири тоҷик баъди боздошт дар Русия қазияи марги Умаралӣ Назаров буд. Ин тифли панҷмоҳаи тоҷик як рӯз баъди боздошти волидонаш аз сӯи пулиси шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Ҳомиёин ҳуқуқ мақомоти пулису муҳоҷирати Петербургро дар марги Умаралӣ гунаҳкор мекунанд. Қарор аст, рӯзи 16 декабр натиҷаҳои ташхиси иллатҳои марги Умаралӣ Назаров эълон шавад.

Ozodi