Қаҳрамони даврони мо: Ҳақталошиҳои як тоҷик дар Русия

Қаҳрамони даврони мо: Ҳақталошиҳои як тоҷик дар Русия

Қаҳрамони даврони мо  Суҳроб  ном дорад. Аниқтараш,  Суҳроб Шарипов. На, ӯ  на он Суҳроб Шарипови  депутат  ва сиёсатмадори тоҷик нест, он  Суҳроби афсонавӣ  аз Шоҳномаи Пири тусӣ ҳам нест,  ки  вақте савори  саманди  бодпо мерасид, душманони  нажоду  миллат  аз дами  шамшераш рӯ ба гурез мениҳоданд. Ӯ муҳоҷири тоҷик аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷири дигар шаш моҳ мубориза бурда, чор чмилисаи қонушникани русро ҷазо дод.

Ӯ  36 сол дорад, оиладор,  падари 3 фарзанд.   Ҳамагӣ як ҷавони одии тоҷик  аст. Аз дигар ҳамсолони худ фарқе надорад. Агар дар хиёбон  ӯро  медидам, шояд, аз канораш мисли даҳҳо роҳгузари дигар  убур мекардам ва  коре ба ӯ надоштам. Вале корномаи ӯро шунидам,  ки дар ин даврони пурмоҷарову пуртазоди мо, ки  аз одамгариву инсондӯстӣ, ватандориву ватанхоҳӣ,  мутаассифона, қариб  ки,  номе  бештар  намонда,   бароям ҳамчун як хоҳар ва як ҳамватани  ӯ бисёр муҳим буду боиси ифтихор,  ӯро ҷустаму  пайдо кардам.

Тафсилоти  корномаи  Суҳроби мо ин аст: Ӯ соле қабл писари худ, Мунирро, ки он вақт  9-сола буд ва шарафи каҳрамонии  кишвари худро  оид ба шоҳмот ба даст овардаву  бо  сари афрохта   ҷиҳати ширкат дар Чемпионати байналмиллӣ ба  Русия  рафта буд,  ҳамроҳӣ мекард...

Суҳроб мегўяд: «Ман  дар  вилояти  Калугаи Русия  будам ва рӯзе  дар истгоҳи роҳи оҳан  дидам, ки яке аз ҳамватанони маро пулис  боздошт карда,  хеле  дағалона  аз ӯ шиноснома пурсид. Аз шеваи муносибати онҳо баръало  рӯшан буд, ки дар ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷир мушкиле нест ва онхо аз ӯ ришва талаб доранд. Ман ҳарчанд  пайи кори муҳиме шитоб доштам, вале аз роҳ баргаштаму  рафтам  назди онҳо ва хоҳиш кардам, ки хамватани маро азоб надиҳанд ва модоме ки  ишколе дар ҳуҷҷатҳояш  ва буду- бошаш нест, ҷавобаш диҳанд .  Ин рафтори маро шаттоҳӣ дониста,  яке аз кормандони пулис  ҳақоратам дод ва  киноя зад:  «Ин тоҷикҳои беномусу бесоҳиб,  соҳибдор шудаанд  магар?»- гуфта,  маро тарсонданӣ шуданд,  ки агар мехоҳам  сарамро ба бало намонам, зудтар аз он ҷо дафъ шавам. Вале ман аз раъйам нагаштам.

Ҳамдиёри маро, ки ному насабаш Неъмат Саъдуллоев  будааст, бо ҳамон шеъваи шадиду  дағалона  ба  шӯъбаи пулис бурданд. Ман  ҳам  ҳамроҳашон рафтам. Дар шӯъбаи пулис  Неъматро шиканҷа карданӣ шуданд, то пора диҳад. Ҳамин вақт пулиси тануманде, ки  Евгений  Биков ном дошт,  дид, ки ман  шадидан дахолат карда истодам,  маро ба он ҳуҷрае,  ки ҳамватанамро  дароварда буданд, тела дод.  Аввал шиносномаамро дид, ки шаҳрвандии Русияро дорам ва бо забони русӣ  хуб ҳарф мезанам, писханд зада гуфт : «Ин ҷо зиндагиву кор мекунӣ, шаҳрвандӣ дорӣ, шояд, бо беҳтарин хонумҳои  рус ҳамхоба мешавию  ба  ҷойи ташаккур аз ҳамшаҳриҳои овораву бесоҳиб ва пойлучат  пуштибонӣ мекунӣ?- гуфта, бо шиноснома чандто ба рӯям зада,баъдан,  ба паси гарданам як шаллоқи   сахт  зад. Ман  паст наомадам ва қатъиян талаб кардам, ки  ҳамватани маро, ки бе ягон асос   боздошт кардаед, ҷавоб диҳед!  Ин сахтсарии ман боис шуд, ки боз як зарбаи сахти дигар ба танам хӯрдам ва ману хамватанам Саъдулоевро аз шӯъбаи пулис  ронданд. Ман аз он ҷо рост ба прокуратура  рафтам  ва аз болои   кормандони  ришвахӯри  рус  аризаи шикоятӣ навиштам...»

Суҳроби мо 36 сол дорад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанди фарзона аст.  Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардаву  ихтисосаш  иктисодчӣ  аст. Агарчи  тӯфони  шадиди  нобасомониҳои кишвараш  чун  бекорӣ  ва маоши ночиз ӯро низ мисли садҳо  ҳамватанон  ба кӯи муҳоҷират андохт, вале бинобар доштани донишу малакаи корӣ  ва забондониву огоҳӣ  аз ҳуқуқҳои худ,  тавонист  дар зиндагӣ муваффақ  ва бениёз бошад.

Ӯ он рӯз метавонист мисли чандин нафари дигар он ҳодисаи боздошти як тоҷикро аз дур истода мушоҳида кунад ва ё  аз бало ҳазар гуфта, роҳашро идома диҳад, вале чунин накард. Суҳроб  мегӯяд, он лаҳза заррае  ҳам  ба гӯшаи хотираш наомадааст, ки ин рафтори ӯ метавонад  машҳураш  созад  ва ё ин амали ӯ  ҳамчун  корномаи  қаҳрамонӣ  сари забонҳо  гардад.

Он лаҳза ӯро  андешаҳои дигар  ба  чунин  як  корнома  ҳидоят карда буданд: Чаро тоҷиконро,  маҳз  ҳамватанони  ӯро,  чунин таҳқир ва баэҳтиромӣ мекунанду  паст мезананд?  Чаро  «чурка» ва ё «обезяна»- ашон  меноманд?  Чаро чунин   лақабҳои таҳқиромезтаринро  барояшон  ёфтаву  бофтаанд? Ва боз чандин чароҳои дигар...

Ҳарчанд мақомоти  қудратии Русия  ҳама кӯшишҳо ва талошҳоро кард, то ин ҳамватани бадкори худро аз  муҷозот раҳо кунанд, вале шаҳодати шоҳидони айнӣ, хусусан,  Саъдуллоев, ки  латукӯби Суҳроб дар ҳузураш сурат гирифта буд ва чандин далелу  бурҳони радношудании дигар онҳоро маҷбур кард, ки ҳукми одилона бароранд. Ин буд, ки прокуратура баъди тафтиш Евгений Быковро  гунаҳкор дониста, парвандаашро  ба додгоҳ  ирсол намуд.  

Додгоҳ 6 моҳи дигар,  яъне аз моҳи августи соли 2011  то 13 феврали соли 2012  баррасии  парвандаи Биковро  ба дарозо кашид, то Сӯҳроби мо хаста шудаву ба  ҷон расида, аз даъвои худ  даст кашад. Вале ӯ  чунин накард. То охир истодагарӣ ва  ҳақталошӣ намуд. Ниҳоят суди ноҳияи Малоярославскии вилояти Калуга  Е.Биковро  ба суиистифода аз вазифа ва  беасос  латукӯб кардани шаҳрванди Тоҷикистон  Суҳроб  Шарипов  муттаҳам донист:

Аз ҳукмномаи суди ноҳияи Малоярославскии вилояти Калуга: «Признать Быкова Евгения Геннадиевича  виновным в совершении преступления, предусмотренного частью 3, ст. 286  УК  РФ  и назначить ему наказание в  виде  4-х  лет лишения свободы  с лишением  права  занимать должности, связанные  с оперативно-розыскной деятельностью в правоохранительных органах сроком  на 2 года...»

Ура, ура, урааа!!! Оре,  вақте ин сатрҳоро аз қарори суд хондам, ҳамин буд   ҳосили  ҳолати онлаҳзаинаам ва  шодиву суруре, ки дар синаам туғён  дошт, бо  ҳамин  шева  берун рехт. Ва Суҳробро  хоҳарвор барои ин пирӯзӣ ба оғӯш  гирифтаву  мисли  қаҳрамони даврони худ бӯсидам  ва  ашки  шодӣ рехтам.

Шояд, касоне ҳам дар миёни афроди ин матлабро мехонда  пайдо шаванд, ки бо тамасхур гӯянд: «Заб чизе будааст!» Маълуматон бод, ки имрӯзҳо даҳҳо  тоҷикро дар Русия зери шаттаву шаллоқ  қарор медиҳанд  ва садҳо нафар муҳоҷирони дигар дар маҳбасҳо  нигаҳдорӣ  шудаву даҳҳои дигарро ҳамчун ғулом бемузду маош  кордеҳони рус кор мефармоянд дар он кишвари бегона. Ва моҳе нест, ки 20-30 тобути муҳоҷирони кории тоҷик  савори ҳавопаймо  вориди  кишвар  нашаванду  даҳҳо модарони тоҷикро  синачок накунанд. Оё чаро  модарони ғамзадаи  тоҷик  дар мотами  ҷигаргӯшаҳояшон  фарёд  намекашанд, ки: « Оҳ, хонаат сӯзад, миллатгаро!  Чӣ хел дилат шуд, ки бачаи ягона ва нозанини  маро куштӣ?! Илоҳо вайронат  кунад  Русия, ки бачахӯрак шудӣ барои модарони тоҷик !!! Таассуф, ки «аз мост, ки бар мост!»

 Оё  хонандаи арҷманд боре андешида бошад, ки агар мо, тоҷикон дар сарзамини худ соҳиб медоштему  аз  ҷумла, садҳо ҷавонони армонношикастаро барои ҷурму гуноҳи  дигарон  ва  бетаъхир  иҷро  шудани  нақшаи корӣ ва гирифтани рутбаҳои баланд дар мақомоти додгоҳӣ гайриқонунӣ  говсуд кардаву пушти панҷараҳои  зиндон намешинондем ва орзуҳояшонро  дар  қалбҳояшон намекуштем, садҳо ҷавони соҳибкасб  дар ватани худ бекору овора  гаштаву  афроди  беҳунару  камсавод  сари кору мансабҳои баланд намеомаданд, магар  дар хориҷ  бесоҳиб ва пойлучамон  ном мебурданд?  Агар барои  ҳар тоҷики ба дасти пулиси рус бегуноҳу беасос афтода ва шиканҷадида  10  Суҳроби дигар  бармехост, агар барои  ҳар ҷасади  бесари аз ҷангалҳо ёфтшудаи  тоҷикписарон  намояндагиҳои аршади мо дар Русия  яктан шуда, бармехостанду ҳақталошӣ мекарданд, то омилони ҳар қатлу куштор  боздошту муҷозот шаванд, магар  ҳамватанони моро «чурка» ё «обезяна»  мегуфтанд???  На!

 Суҳроби мо орзу дорад, ки тољики ӯро дар кишври  Русия ва умуман, дар тамоми дунё  бо фарҳанги  баланд, таърихи пурғановат ва лафзи ширину  русуми беҳамтояш шиносанд ва эҳтиромаш кунанд. Бале, ин орзуи на танҳо Суҳроб  Шарипов - қаҳрамони даврон ва қиссаи имрўзии мо нест, балки орзуи  ҳар тоҷики худшинос  аст.

 Вале оё ин орзу иҷрошуданӣ ҳаст? Хоса, вақте  ки  тоҷике гурӯҳи ҳамватанонашро  ҳамчун  кордеҳ  ба Русия даъват мекунад, кор мефаромояд  ва  вақте  ки  соати  ҳисобу маош мерасад, онҳоро,  ба таъбири маъмули муҳоҷирон, «кидат» мекунад, метавон ба ин орзу расид?

 Суҳроби мо танҳоӣ  мекашад  дар  корзори нангу ори миллӣ  ва ватандориву худшиносӣ. Вақте аз минбарҳои баланд афроде доди  ватанхоҳӣ мезананд ва чанд ҳарфи аз китобҳо азбаркарда барои орият ва худнамоӣ даст ба сина задаву  гулӯ медаронанд, Суҳроби танҳои моро  барои талошҳояш дар роҳи наҷот додани як  ҳамватан шаллоқ  мезананду ҳақорат медиҳанд...

Ҳама доди ватанхоҳӣ  зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ  ба гуфтор аст ё кирдор,  ё  ҳар ду?

Сафаргул ОЛИМӢ, TojNews