Қазияи Иззатов: Оё ӯ шиканҷа шудааст?

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” ва 32, қисми 3-104, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.

Бино ба шарҳи ин хабар, Иззатов У. Э. барои он айбдор дониста шудааст, ки 22-юми феврали соли 2017 тахминан соати 19.30 дақиқа дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Усмонов Абдулҳомид Абдулҳафизович доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ кардаву ӯро таҳқир намуда, дашном медодааст, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А. А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст.

Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А. А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои бадани охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан аз хунравии шадид ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи муроҷиати наздикони Иззатов Умиджон ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Иззатов Умиджон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода эҳтимол мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Тавре Муаззам Усмонова, апаи Иззатов Умиджон дар суҳбат бо мо зикр кард: “24-уми феврал буд ва ман дасти бастаи Ҳоҷӣ Расулро дидам. Дилам ба ӯ сӯхт ва ба худам гуфтам, ки додари ман зада бошад? Ва ҳамон рӯз, ҳанӯз аз ҳақиқати ҳол огоҳ нашуда, аз додарам рӯй гардондем. Мо адвокат нагирифтем ва ин марҳила тӯли 20 рӯз давом кард. Додаронам Анвар, Аъзам ва Адҳам ба хабаргириаш ба боздоштгоҳи ШВКД-и шаҳри Турсунзода рафтанд ва баъди дидани Умидҷон омада ба мо гуфтанд, ки «то 10 рӯзи дигар мурдаи Умиджонро меоранд». Додаронам ӯро дидаанд, бо сару рӯйи варамида ва 90% ба Умиджон монанд набудааст. Анвар аз Умид пурсидаст, ки “моро шинохтӣ?”, вале Умид ҷавоб надодааст”.

Муаззам Усмонова гуфт, ки «бародарам гурехтанӣ набуд ва қонунан ҷазояшро гирифт, вале чаро мавриди латукӯб қарор гирифт?».

Ба иттилои адвокати Иззатов У., дар рафти мурофиаи судӣ Иззатов Умиджон арз намудааст, ки аз ҷониби вакили мардумии шаҳри Турсунзода Усмонов Расулҷон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода бегоҳирӯзии санаи 23-юми феврали соли 2017 мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ба гуфтаи адвокатҳо, тасдиқи зарари ҷисмонӣ гирифтани Иззатов У. санади муоинаи судӣ-тиббӣ мебошад, ки дар он расонида шудани зарари ҷисмонии сабук ба саломатии Иззатов сабт гардидааст.

Тавре дар посухи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин қазия оварда шудааст: «Аз ҷониби масъулини ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати дар утоқи кории сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, генерал-майори милитсия Искандарзода М. мавриди шиканҷа қарор гирифтани айбдоршаванда Иззатов У. Э. аз тарафи вакили шаҳри Турсунзода Усмонов Расул санҷиши хизматӣ гузаронида нашудааст». Дар мактуб инчунин оварда шудааст: “Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши пешакӣ гузаронида шудааст, бинобар ин, ба шумо тавсия дода мешавад, ки дар ин хусус метавонед ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед”.

Адвокатҳои Иззатов дар ин ҳол изҳор медоранд, ки «мактуби расмӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда будем, то аз натиҷаи санҷиш ба мо иттилоъ диҳанд, аммо то ҳанӯз аз ҷониби прокуратура маълумот пешниҳод нагардидааст». Бояд қайд намуд, ки санҷиши муроҷиатҳо оид ба эҳтимолияти таҳти шиканҷа қарор гирифтани Иззатов У. ба айбдоркунандаи давлатии дар мурофиаҳои судӣ иштироккарда барои иҷроиш вогузор карда шудааст, ки беғараз ва объективӣ буданаш шубҳаовар аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” пешниҳод шудааст ва адвокат Неъматулло Холмирзоев оид ба таъини санҷиши прокурории аризаи Иззатов У. оид ба зери шиканҷа қарор гирифтанаш, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод шудааст: “Бо таъиноти коллегияи судӣ аз 29-уми июни соли 2017 дархости ҳимоятгарон қонеъ гардонида шуд ва гузаронидани санҷиши прокурории ҳолати шиканҷа ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида буд. Бо қарори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июли соли 2017 аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бинобар тасдиқ нашудани ҳолати таҳти шиканҷа қарор гирифтани Иззатов У. рад карда шуд. Аз ҷониби мо нисбати ин қарор ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бекор кардани он ва аз нав санҷиш шудани шиканҷа шикоят оварда шуд вале то хол ҷавоб гаронида нашудааст”.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2017 Иззатов У. Э. бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол маҳкум карда шуд.

Адвокатҳои Иззатов У.Э. изҳор медоранд, ки бо ҳукм дар масъалаи нопурра санҷиш шудани ҳолати таҳти шиканҷа қарор гирифтани Умиджон ва маҳдуд шудан бо қарори Прокуратураи генералӣ оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ норозигӣ изҳор намудаанд. Онҳо зикр карданд, ки Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа” аз 25-уми июни соли 2012 иҷро нагардидааст ва бинобар ин, шикояти кассатсионӣ ба Суди Олӣ пешниҳод намуданд. Шикояти кассатсионӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми августи соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он маҳкумшуда иштирок надошт, зеро коллегияи судӣ иштироки ӯро зарур надонист.

Ҳама ваҷҳҳои шикояти кассатсионӣ аз тарафи коллегияи суди кассатсионӣ муҳокима шуданд, вале коллегияи судии кассатсионӣ бо қарори худ ҳукми суди марҳилаи якумро бе тағйир монда ва дар қисми қаноатбахш кардани шикояти кассатсионӣ рад карданд.

Абдураҳмон Шарипов изҳор медорад, ки «аз тарафи марҳилаҳои судӣ оид ба вуҷуд доштани ҳолати шиканҷа муҳокимаронӣ шуд, вале ман ҳамчун ҳимоятгар чунин меҳисобам, ки баҳои ҳуқуқии дуруст ба далелҳои содир шудани шиканҷа аз тарафи суд дода нашудааст. Доир ба масъалаҳои шиканҷа муроҷиатҳои мо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад”.  

NoTorture.Tj