Марги Икромзода: мурофиа дар СИЗО

Марги Икромзода: мурофиа дар СИЗО

Баррасии парвандаи куштори Ҳамза Икромзода, ки бар асари шиканҷа дар зиндон ҷони худро аз даст дод, на дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, балки дар муассисаи ҳабси пешакӣ (СИЗО №1) гузаронида мешавад. Ин дуюмин мурофиаи судии қазияҳои пурсарусадо аст, ки пушти дарҳои бастаи СИЗО баргузор мешавад.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъ, ки аз хешовандони марҳум намояндагӣ мекунад, гуфт, мурофиа пагоҳ, 15-май соати 10 дар СИЗО-и №1 доир мегардад. Аммо вакил нагуфт, ки кадом омил муҷиби ҷойивазшавиии макони баргузории мурофиаи судӣ шудааст, зеро дар рухсатӣ будааст.

Раиси судии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сӯҳбати телефонӣ сабаби ҷойивазшавии ҷои мурофиаро ба муовинаш ҳавола карду муовинаш ба ӯ ва бо ҳамин мо аз онҳо иттилоъ гирифта натавонистем.

Худдории раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷавоб ба суоли матраҳшуда шаку шубҳаҳоро ба бор меорад, ки чаро амнияти иштирокчиёни мурофиаи пурсарусадои судӣ дар бинои Судии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъмин карда нашудааст ё бо ин кор нафароне мехоҳанд аз мурофиаи ошкорои судӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бародари Ҳамза Амир Икромзода мегӯяд, ки сабаб он аст, ки дар мурофиаи судӣ шоҳидони аслие, ки бо баҳонаҳои гуногун ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд 3/3 интиқол дода шудаанд, иштирок накунанд ва ВАО ва ҷомеа аз тафтишоту мурофиа камтар огоҳӣ дошта бошанд.

Ба гуфтаи ӯ, талаби овардани шоҳидон аз тарафи ҷабрдидагон ба суд расман сурат гирифтааст, вале онҳоро ба Душанбе наовардаанд.

Амир Икромзода даъво дорад, ки "интиқоли шоҳидони марги Ҳамза Икромзода бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади пуштибонӣ аз гумонбаршудагон аз ҷониби сардори Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, Иззатулло Шарифов, прократураи махсуси назораткунандаи қонунҳо дар корҳои ислоҳӣ, Азим Толибов, масъули назорати ислоҳотии Прокуратураи генералӣ Раҳматулло Холов ва сардори шӯъбаи Прократураи генералӣ Раҷабалӣ Пираков сурат гифритаасту аз ин ҳама Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзолд низ хабардор аст".

Ҳуқуқшиноси маъруф Раҳматилло Зоиров дар ин маврид мегӯяд,ки "ҷойивазкунии макони баргузории мурофиаи судӣ бо ҳар гуна сабабҳо имкон дорад. Қонун инро манъ накардааст. Раискунандаи суд таъинот мебарорад ва ҷои баргузориии мурофиаи судиро хоҳ дар шакли кушода, пӯшида ё сайёр муайян менамояд. Адвокат метавонад ба ин таъинот эътироз кунад ё накунад ва ба зинаи болои судӣ аз таъинот, ё кашолкории баррасии мурофиаи судӣ шикоят кунад".

Амир Икромзода мегӯяд, ки тасмими ниҳоиро барои эътироз овардан ё на падараш хоҳад гирифт.

Дар ҳар сурат, пагоҳ мурофиаи судӣ баргузор хоҳад шуд ва муҳокимаи Маҳмуд Исмоилов, афсари Раёсати корҳои ислоҳиии Вазорати адлияии Тоҷикистон, ки ба марги Ҳамза Икромзода гумонбар дониста мешавад, сурат мегирад. Аммо ӯ на бо моддаи 104 нею (куштор), балки бо моддаи 316 қисми 3 аз ҳади ваколатҳои хизматӣ баромадан) муттаҳам дониста мешавад.

Ба гуфтаи Амир Икромзода, набояд танҳо як гумонбаршуда дар курсии айбдорӣ шинад, зеро шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки акнун дар маҳбаси Хуҷанд нигоҳ дошта мешаванду вазъи баде доранд, нисбати 7 корманди маҳбас нишондод додаанд.

Шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода ба ғайр аз Маҳмуд Исмоилов ҳамчунин нисбати кормандони дигари маҳбас Нарзулло Афғонов, Шеравган Сафаров,Рустам Тоштемиров, Мухтор Маҳмадёров, Дилшодча ва Хайров Лутфуллоро ва дар куштори Ҳамза Икромзода гунаҳгор медонанд.

Ёдрас мешавем, ҷасади сокини 28-солаи ноҳияи Ҳисор, Ҳамза Икромзода, тирамоҳи соли гузашта ба наздиконашон бо осори зиёди шиканҷа, аз ҷумла, осори сӯхта супурда шуда буд.

Прокуратураи генералӣ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон қазияро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ба даст доштан дар ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода се нафар гумонбар дониста мешуданд, ҳоло он ки гумонбарон ба иддои шоҳидони ҳодиса зиёда аз 9 нафар иборат буданд.

Наздиконаш мегӯянд, Ҳамза Икромзода қурбонии шиканҷа аз ҷониби масъулини маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе бо шумули Рустам Тоштемиров, роҳбари ин муассиса, шудааст.

Чанд тан аз маҳбусони маҳбаси №1, ки дар қазияи мазкур шоҳидӣ дода буданд, баъдтар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шуда, баъзе аз онҳо таҳти шиканҷа аз баёноти худ даст кашидаанд.

То ҳозир танҳо се нафар дар маҳбаси Хуҷанд аз шоҳидӣ даст накашидаанд, ин ҳам бошад Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев мебошанд, ки нисбати онҳо прокуратураи вилояти Суғд бо амри шифоҳии Прократураи генералӣ онҳоро дар якдигарро ярадор кардан муттаҳам медонад.

Ҳамин тариқ, боз як қазияи марг дар зиндон ба охир расида истодааст, ки рафти тафтишоту баррасии судии он на зери итоати қонун, балки бо хости мансабдорони алоҳида сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз баррасии парвандаи судяи Суди Олии кишвар Нур Нуров ин дуюмини қазияи пурсару садост, ки пушти дарҳои бастаи СИЗО мегузарад, то ҷомеа аз онҳо огоҳии камтар дошта бошад.

TojNews