Мубориза бо шиканҷа дар меҳвари муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ

Мубориза бо шиканҷа дар меҳвари муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ

«Садои ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бо шиканҷа» - таҳти ин унвон дар Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр дар Душанбе мизи гирд бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар оғози ҳамоиш Дилшод Сафаров, муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа воқеан аз ҷумлаи масъалаҳои бениҳоят мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳамияти масъалаи мазкур пеш аз ҳама аз табиати ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа маншаъ мегирад, зеро он дар радифи ҳуқуқ ба озодӣ аз ғуломӣ ҳамчун ҳуқуқи мутлақ муаррифӣ шудааст ва маҳдуд кардани ин ҳуқуқ дар ягон маврид раво нест. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати ҶТ аз хатарҳое, ки ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа таҳдид мекунанд, ба хубӣ огоҳ аст ва чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ асноди муҳими байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷаро ба тасвиб расонидааст.

«Воқеан, тасмимҳои Ҳукумати ҶТ дар самти таҳкими ҳуқуқи инсон созгор ва муваффақона ҳастанд. Ин навъи фаъолияти ниҳодҳои давлатиро ба эътибор гирифта, бо боварии комил гуфта метавонем, ҳамаи тавсияҳое, ки созмонҳои байнулмилалӣ, махсусан ниҳодҳои СММ ба унвонии Ҳукумати ҶТ ироа доштаанд, дар муҳлатҳои навбатии таҳияи ҳисоботҳои даврӣ ба таври дахлдор иҷро мегарданд», - гуфт Сафаров.

Дар идомаи нишаст Наргис Зокирова, сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба намояндагони созмонҳои зидди шиканҷа барои боздид аз муассисаҳои ислоҳии пӯшида иҷозат додааст, аммо ҳоло ҳам мушкилот дар ин самт зиёд аст. Вай аз ҷумла ба дастрасии маҳдуди вакилони мудофеъ ба афроди зерҳимояи худ ва ғайриобъективӣ будани додрасҳо ишора кард. «Мавридҳои истисноӣ низ мавҷуданд. Метавонем қазияи марбут ба пардохти ҷуброн ба ҳамсари Сафаралӣ Санговро ёдовар шавем, ки бар асари латукӯб дар шуъбаи корҳои дохилӣ даргузашт. Додгоҳ бори аввал бо қарори худ Вазорати корҳои дохилиро уҳдадор сохт, ки ҷуброн дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомониро ба пайвандони Сангов пардозад», - гуфт ӯ.

Ба қавли Зокирова, бо ворид шудан ба муассисаҳои пӯшидаи ислоҳӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки аз вазъи маҳбусон воқиф шаванд, аммо дар самти пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон ҳанӯз масоили ҳалталаб зиёданд.

«Норасоии дигар дар он аст, ки мо дар вақти дилхоҳ наметавонем аз чунин муассисаҳо боздид кунем. Зеро вақте мо масъулинро аз омаданамон пешакӣ огоҳ месозем, шояд онҳо вазъи мавҷударо дигар кунанд», - гуфт Зокирова.

Вай афзуд, ки умдатарин мушкилии созмонҳои зидди шиканҷа - тафтиши ғайримуассири қазияҳои шиканҷа мебошад: «Аксар вақт шиканҷашудагон бо ҳимоятгарони худ робитаи дуруст надоранд ва баррасии қазияи онҳо асосан пушти дарҳои баста ҷараён мегирад».

Сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии Дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова зимни суханронӣ вобаста ба иҷрои тааҳҳудоти байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон тавассути мақомоти кишвар изҳор дошт дошт, ки тибқи Сарқонуни ҶТ (банди 3 моддаи 18) «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».

Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳо ба парлумони кишвар ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо изҳор доштааст, ки истифода аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар фаъолияти кормандони ин ниҳодҳо ҷоиз нест.

Ба таъкиди намояндаи дастгоҳи Омбудсмен, Кумитаи зидди шиканҷаи СММ эътироф мекунад, ки ҳуқуқи инсон ба ҳимоя аз лаҳзаи аввали боздошт, огоҳсозии хешовандон ва дастрасӣ ба кӯмаки пизишкӣ кафолати муҳими мурофиавии пешгирии шиканҷа дар нисбати шаҳрвандонест, ки таҳти назорати давлат қарор доранд. «Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳама вақт ин кафолатҳоро риоя мекунанд. Далели ин гуфтаҳо арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба мақомоти гуногун ва ҳам қарорҳои додгоҳӣ аз рӯйи моддаи 143-1 «Шиканҷа» ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ аст», - таъкид кард Бадриддинова.

Дар навбати худ намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ Абдуқодир Мирзоев мавзӯи нишастро масъалаи доғи рӯз шумурда, чунин изҳор дошт: «Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 10-уми ноябри соли 2012 дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик таъкид карда буд, ки «ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад». Риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни пешбурди тафтишоту таҳқиқоти пешакӣ имрӯз яке аз мавзӯъҳои муҳим ба шумор рафта, ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои навбатдорӣ ва тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии таҳти салоҳияти ВКД қарордошта бо дастгоҳҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз шуда, мушоҳидаи муттамаркази таҷҳизоти мазкур дар бинои вазорат васл карда шудааст, ки аз ҷониби масъулони қисми навбатдорӣ ҳамарӯза таҳти назорат қарор дода мешавад.

Ҳамозангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ Алӣ Бобоназарзода низ аз талошҳои вазорат барои мубориза бо шиканҷа ёдовар шуд: «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020», ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №296, аз 3-юми майи соли 2014 қабул шудааст, аз ҷониби гурӯҳи кории ислоҳоти милиса лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи политсия» таҳия шуда, 20-уми майи соли ҷорӣ он дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ манзури ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми ҷумҳурӣ гардидааст. Аммо номбурда изҳори таассуф кард, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3-4 фикру андеша ба суроғаашон ворид шудаасту халос. Он ҳам нисбат ба номгузории полис.

«Дар раванди татбиқсозии лоиҳаи мазкур, ҷиҳати бартараф кардани омилҳо ва минбаъд роҳ надодан ба амалҳои номатлуби шиканҷа ва маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, Академияи ВКД ва тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе утоқҳои пурсиши шаффоф таъсис дода истодааст, ки оинаҳояшон шаффоф буда, бо дастгоҳҳои аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз мегардад ва фаъолияти ҳар нафаре, ки дар он ҷо кор мебарад, таҳти назорат қарор дода мешавад. Фикр мекунам, ки ин яке аз роҳҳои пешгирии шиканҷа ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ нисбати одамон шуда метавонад», - афзуд Бобоназарзода.

Дар ин замина миёни ӯ ва раҳбари созмони ҷамъиятии «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова муколамаи ҷолиб ба вуқӯъ пайваст: 

Ойниҳол Бобоназарова- Пештар дар семинарҳое, ки мешуд, Вазорати корҳои дохилӣ даъват мекарданд. Вақтҳои охир даъват намекунанд. Яке аз ҷонишинҳои вазир гуфтанд, ки чаро Шумо иштирок намекунед? Ман гуфтам, ки маро даъват накарданд. Гуфтам, ки як Бобоназарзода шудааст, мумкин ҳамон кас даъват намекунанд. Чаро Шумо моро даъват намекунед? Чаро метарсед аз мо?

Дар посух Бобоназарзода гуфт: «Муаллимаи муҳтарам, то имрӯз аз касе натарсидаам... Лекин ман шахсан ҳоло ягон чорабинӣ ташкил накардаам. Ман ҳозир худам ҳамоҳангсози ҷавон, ҳамагӣ 3 моҳ фаъолият дорам. Аз 3 моҳ 1 моҳаш дар сафарҳои хизматӣ будам. Мо нисбат ба Шумо эҳтироми хоса дорем, ҳар як баромадатонро мутолиа мекунем, ҳеҷ гоҳ аз Шумо наметарсем. Дар аввалин имконият мо Шуморо албатта даъват мекунем. Вақте ман ба вазифаи масъул таъин шудам, дар вилояти Суғд будам, дар шаҳри Кӯлоб будам, дар шаҳри Қӯрғонтеппа будам, рӯзҳои наздик дар минтақаи Рашт ҳам будам ва фикр мекунам, ки заррае ҳам бошад, ба боварии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ноил гаштам. Кӯшиш мекунам, ки дар оянда ҳамин ҳамкориҳоро бештар кунем. Мақсади ҳамаамон ободии диёр, ободии Тоҷикистони азизамон аст».

Гулчеҳра ХолматоваВакили дифоъ Гулчеҳра Холматова зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти таҳқиқи мавридҳои шиканҷа ва муносибати бараҳмона ҷалб кард. Вай ёдовар шуд, гузоришгари вижаи СММ дар умури мубориза алайҳи шиканҷа Хуан Мендес дар авоили соли ҷорӣ пас аз боздид аз Тоҷикистон изҳор дошт, ки шиканҷа ҳангоми тафтишот бештар истифода мешавад. Чунки ин як усули хеле осони водоштани айбдоршаванда ба иқрори содир кардани ҷиноят аст. Парванда бо ҳамин анҷом мешавад ва гунаҳкорони аслӣ беҷазо мемонанд. Ба гуфтаи ӯ, Кодекси ҷиноятии ҶТ истифода аз зӯроварӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро манъ мекунад. Дар моддаи 88-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ омадааст: «Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи азобу шиканҷа ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд».

«Аммо вақте айбдоршаванда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунад, додрасҳо чунин изҳоротро сарфи назар мекунанд ва танҳо бо даъвату бозпурсии муфаттишон ва кормандони гурӯҳҳои фаврии мақомоти корҳои дохилӣ иктифо меварзанд Вижагии таҷрибаи иҷрои қонунгузории марбут ба баррасии шикоятҳо аз истифодаи шиканҷа дар он аст, ки талаби гузаронидани таҳқиқоти расмии муассир дар сатҳи миллӣ амалан ғайриимкон аст. Мақомоти тафтишотии додситонӣ шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷаро ба қайд гирифта, аз рӯйи онҳо бар асоси меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ санҷиш мегузаронад. Дар бештари ҳолатҳо, сарфи назар аз равшан будани қазия ва мавҷудияти осебҳои ҷисмонию гувоҳии шоҳидон, пас аз баррасии ариза қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ содир мешавад. Тафтишот саъй меварзад, то ба дархости оғози парвандаи ҷиноятӣ посухи радд дода шавад. Аммо дар ҳолатҳое, ки радди оғози парвандаи ҷиноятӣ, бо таваҷҷуҳ ба вазнинии паймадҳои он ё пурсарусадо будани қазия ғайриимкон аст, парвандаи ҷиноятӣ шояд оғоз шавад. Вале дар чунин ҳолатҳо низ тафтишоти муассир гузаронида намешавад. Масалан, парвандаи ҷиноятие, ки дар робита ба қазияи марги табиб Хуршед Бобокалонов оғоз шуда буд. Дар зарфи се сол, ба далели майян нашудани шахсияти фарди гунаҳкор, ин парванда чанд дафъа оғоз шуда ва дар ниҳоят қатъ гардид», - гуфт Холматова.

Фахриддин Заҳуруддинзода, намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ дар вокуниш ба иддаои ҳимоятгар гуфт: «Ман доир ба масъалаҳои баромади Холматова, ки гӯё дар ҷумҳурӣ кори гурӯҳҳои зиддишиканҷа самара надода бошанд, гуфтаниам, ки факту рақамҳо дар ин самт ба даст оварда шудаанд ва онҳоро ба самъи шумо мерасонам. Доир ба шиканҷа дар соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 шикоят ворид шуда буд. Миқдори ин гуна шикоятҳо дар соли 2011 аллакай ба 26 адад расид. Дар соли 2012 - 22, дар соли 2013 - 16 ва дар 11 моҳи соли 2014 танҳо 10 шикоят ворид шудааст, ки аз самаранокии фаъолияти мақомот дар мубориза бо шиканҷа шаҳодат медиҳад».

Додраси Суди Олии ҶТ Шавкат Абдулхайров, ки аз иштирокдорони дигари нишаст буд, тайи суханронӣ аз вуҷуди як санади муҳим ёдовар шуд:

Шавкат Абдулхайров- Зиёда аз ду сол аст, ки Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ оид ба мубориза бо шиканҷа» қабул шудааст. Талаботи ин қарор дар таҷриба мавриди истифода қарор гирифтааст. Баъд аз қабули қарори мазкур, нусхаи он ба тамоми судяҳо фиристода шуд. Дар банди 24-уми қарори мазкур омадааст: «Дар сурате, ки агар шикоят дар бораи татбиқи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмонаву ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар мурофиаи судӣ пешниҳод гардида бошад, суд вазифадор аст чораҳои бо қонун пешбинишударо барои фавран баррасӣ кардани он андешида барояд». Агар барои пурра санҷидани шикоят анҷом додани чораҳое, ки ба салоҳияти суд дохил намешаванд, яъне оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани тафтиш зарур бошад, суд таъйинот ва қарор қабул мекунад ва корро ба зиммаи прокурор вогузор мекунад, то ӯ санҷида барояд ва маводҳои санҷидашударо дар муҳлати муайян ба суд ирсол намояд. Баъд вобаста ба он суд қарор қабул мекунад.

Бино ба иттилои Абдулхайров, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон - 3 ҳолат, дар суди шаҳри Турсунзода - 1 ҳолат ва дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба 1 ҳолати шиканҷа қарори судӣ қабул карда шудааст.

«Бинобар ин, вақте мо аз чунин минбарҳо суҳбат мекунем, ки судҳо дархосту шикоятҳоро умуман ба назар намегиранд, ин камтар нодуруст аст», - эътироз кард додрас.

Парвина НаврӯзоваНамояндаи Маркази ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова зимни суханронӣ оид ба мушкилоти раванди гузаронидани ташхисҳои тиббӣ-судӣ, аз нарасидани мутахассисони касбӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати мавҷудияти осебҳои ҷисмонӣ дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа, ташхис бояд дар зарфи 24 соат анҷом дода шавад. «Аммо дар Тоҷикистон ин меъёрро риоя намекунанд ва чунин ташхис, бар хилофи стандартҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Протоколи Истанбулӣ, маъмулан баъд аз 10-15 рӯз гузаронида мешавад».

Вай ҳамчунин ба нуктаи дигар ишора кард: «Мо бештар саъй меварзем, ҷароҳатҳои ҷисмониро сабт кунем, вале осебҳои равониеро, ки қурбонии шиканҷа бардоштааст, фаромӯш мекунем. Дар кишвар теъдоди равоншиносон, ки тавони дуруст ташхис ва сабт кардани осеби равониро дошта бошанд, кам аст. Ҳимоятгарон барои гузаронидани муоинаи рӯхӣ ҷиҳати муайян кардани осеби равонӣ дархост пешниҳод намекунанд».

Дар робита Ҷаҳонгир Саъдизода, аспиранти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар доираи кафедраи навтаъсиси «Кибернетика ва фаъолияти экспертизаи судӣ»-и ин факулта аз фанни экспертизаи судӣ дарс гуфта мешавад. Илова бар ин, донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ фанни таълимии экспертизаи тиббӣ-судӣ мехонанд.

Аммо Парвина Наврӯзова гуфт, ки ӯ тавсияҳои гузоришгари СММ-ро дар мавриди ба барномаи давлатии дарсҳо ворид кардани стандарти ҷаҳонии фанни экспертизаи тиббӣ-судӣ дар назар дорад. Вай афзуд, ки дар ин масъала бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтугӯ дошт ва рӯзҳои наздик бо раҳбарияти факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ низ дар ин маврид вохӯриву суҳбат хоҳад кард.

Гулчеҳра Раҳмонова,Дар идомаи нишаст Гулчеҳра Раҳмонова, коршиноси масоили ҳуқуқи кӯдак гуфт, ки дар ҷумҳурӣ тавсияҳои муҳим оид ба ҳабси ҷудогонаи кӯдакон (дар ҳуҷраҳои яккаса ва ҷаримавӣ), нигаҳдории якҷои ноболиғону наврасон дар ҳуҷраҳои яккаса ва картсерҳо риоя карда намешаванд.

Ба қавли ӯ, хушунат дар ҳама марҳилаҳои татбиқи адолати додгоҳӣ нисбат ба ноболиғон, сар аз тамоси аввал бо милитсия, дар давраи боздошти пешакӣ ва ҳангоми нигаҳдорӣ дар муассисаҳои махсус ҷой дорад. Вай афзуд, ки низоми адолати додгоҳӣ нисбат ба ноболиғон набояд хусусияти ҷазодиҳӣ дошта бошад. Баръакс, дар навбати аввал он бояд ба таъмини беҳтарин манфиатҳои кӯдак ва таносуби тамоми чораҳо равона гардад. Дар ин росто бояд вижагиҳои шахсии қонуншикан ва ҳолати нақзи қонун ба назар гирифта шавад.

Коршинос бар ин бовар аст, ки чораандешӣ дар масъалаи пешгирии истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ муҳим аст ва ҳабси кӯдакон бояд ба унвони як чораи ниҳоӣ ба кор бурда шавад.

Абдулмаҷид РизоевЯке аз мавзӯъҳои дигари нишаст, ки бештар баррасӣ шуд, масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ буд. Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» зимни суханронӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» изҳор дошт, ки созмони онҳо дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ соли ҷорӣ бо иҷозаи вазири мудофиа дар қисму воҳидҳои низомӣ ба мониторинг шурӯъ карданд. Вай афзуд, ки ин қадами бузург дар самти пешгирии вайронкунии ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ даъват кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риоя нашудани дахлнопазирии манзил, таҳқиру паст задани шаъну эътибори инсон ва шаҳрванд, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, латукӯби хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи низомиёни дигар, ғайриқонунӣ ва беасос вайрон кардани озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҷазо мондани шахсони гунаҳкор мушкилоти асосӣ дар рафти даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ҷараёни адои хизмат мебошанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи супориши раисҷумҳури Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли ҷорӣ даъвати ғайриқонунӣ дар кишвар манъ карда шудааст.

Ҳусния ХушдиловаДар пайи суханронии Ризоев, сардори шуъбаи корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи ҶТ Ҳусния Хушдилова эътироз кард, ки «чаро шумо бештари вақт нуқтаи назари танқидиро рӯйи об мебароред, ҳама камбудиҳои сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, Вазорати мудофиаро нишон медиҳед, лекин сабабҳои ба хизмат нарафтани ҷавонон дар таҳлилҳоятон нест?».

Ӯ дар мавриди баъзан ғайриқонунӣ ҷараён гирифтани даъват ба артиш гуфт: «Мо ҳам инкор намекунем, лекин яке аз вазифаҳои шаҳрванди Тоҷикистон хизмат ба Ватан аст. Вале сабаби камбудиҳо аз ҷониби Вазорати мудофиа ва сохторҳое, ки вобаста ба даъватанд, он аст, ки қонунҳо имрӯз ба замона мувофиқ нестанд».

Дар поёни ҳамоиш роҳбари созмони «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси тавсия изҳор дошт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ бояд фаъолияти шаффоф  дошта бошад ва дарҳои боздоштгоҳи тафтишотии худро барои мониторинги намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ боз кунад: «Мо медонем, ки мақомоти амнияти миллӣ хеле пӯшидаанд. Мо ба фаъолияти фаврии шумо дахолат намекунем, аммо шумо низ бояд зери назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ бошед. Зеро масоили ҳуқуқи инсон бояд барои ҳама кушода бошанд. Мо дархост мекунем, ки шумо дарҳои боздоштгоҳи тафтишотии худ ва ғайраро барои мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ боз кунед. Ба назарам, ин қадами муҳим ва хуб ҷиҳати ҳаракат ба сӯйи ҷомеаи демократӣ хоҳад буд. Бовар дорам, ки инро ба роҳбарияти худ мерасонед. Ман ҳамчунин мехоҳам бо роҳбарияти Шумо вохӯрам. Гоҳе дар фаъолияти ВКД пешравиҳо дар ин самт мушоҳида мешаванд, вале мо мехоҳем, ки шаффофият дар КДАМ низ бошад».

NoTorture.Tj