Нашри гузориши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Нашри гузориши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» гузориши навбатии ҳамасола оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба нашр расонид.

Дар гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар соли гузашта дар Тоҷикистон тасвир шуда, ҳамчунин тавсияҳо дар мавриди беҳбуди вазъ дар ин самт пешниҳод гардидаанд.

Муалифони гузориш зикр мекунанд, ки соли 2012 ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри эътирофи муттасили меъёрҳои дар ҷаҳон пазируфтаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, минбаъд ба манфиати мардум мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ва таҷрибаи амали он, бахусус дар бахши таъқиботи ҷиноӣ кӯшишоти назаррасеро ба харҷ доданд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон қисмати қобили мулоҳизаи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши Универсалии Марҳилавиро қабул намуда, аз Кодекси ҷиноятӣ моддаҳои тӯҳмату таҳқирро хориҷ ва Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро ба тасвиб расонид.

Соли 2012 Тоҷикистон дар Женева ба Кумитаҳои СММ дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи тамоми муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ва Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф ҳисобот дод.

«Аммо сарфи назар аз дастовардҳо, як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки дар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ ба бор меоваранд», - таъкид мегардад дар гузориш.

Муаллифони гузориш ҳодисаву далелҳоеро пешниҳод кардаанд, ки аз ҷой доштани чунин мушкилот гувоҳӣ медиҳанд.

Гузориш бо теъдоди 300 нусха бо дастгирии Фонди миллии дастгирии демократия (NED) ба табъ расида, дар муассисаву корхонаҳои ба он таваҷҷуҳдошта ройгон тақсим карда мешавад. Ғайр аз ин, дар сомонаи www.humanrts.tj матни мукаммали гузориш бо забонҳои русиву англисӣ дастрас аст.

Наргис Ҳамробоева, Asia-Plus