Шеваи нави фирори ҷавонони Лахш аз хизмат дар артиш

Ҷавонони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар 284-километрии ҷануби Душанбе барои саркашӣ аз хизмат дар артиши Тоҷикистон, шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд.

Бар асоси иттилои масъулони комиссарияти ҳарбии ноҳияи Лахш, ҳудуди 80 дарсади ҷавонписароне, ки ба синни даъват расидаанд, шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Ба гуфтаи Шаъбон Шарифов, комиссари ҳарбии ноҳияи Лахш, ҳудуди 1200 ҷавони ноҳияи Лахш шаҳрванди Қиргизистон шудаанд. Ин омор ба гуфтаи ӯ, дар пайи ирсоли даъватнома ба хонаҳои ҷавонони зери синни даъват муайян шудааст. Ҷаноби Шарифов ҳамчунин мегӯяд, ҳанӯз на барои ҳама даъватнома фиристода шудааст, вагарна эҳтимолан теъдоди онҳо ба беш аз 2000 нафар бирасад. Вай мегӯяд, ин масъала бисёр ҷиддӣ аст ва мақомоти ин ноҳияро нигарон кардааст.

Шаъбон Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте хонаашон меравему даъватнома мебарем, зуд паспорти қирғизиро мебароранд ва мегӯянд, шаҳрванди Қирғизистон ҳастем. Ҷамоати Қашшот аҳолияш ҳамааш қирғизнишин аст ва 2800 нафар аҳолӣ дорад. Мо аз миёни ин ҳама, фақат як оиларо пайдо кардем, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва панҷ писар дораду чор нафарашон дар артиш хизмат кардаанд. Ҷамоатҳое, ки аҳолии қирғизнишин доранд, қариб ҳамаашон шаҳрвандии Қирғизистонро доранд. Бо микроскоп мекобӣ, шаҳрванди Тоҷикистонро.”

Ҷаноби Шарифов ҳамчунин мегӯяд, ҷавонони ба синни даъват расида вақте, ки шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд, бояд ҳуҷҷатҳои худро аз Тоҷикистон бигиранду ба ҷониби Қиргизистон таслим бикунанд. Аммо ба қавли ӯ, азбаски онҳо ин корро накардаанд ва дар қайди ҷамоатҳо ҳастанд, аз ин хотир масъулони комиссарияти ҳарбӣ ба онҳо даъватнома ирсол мекунанд: “Ҳатто мавриде шуд, ки ҷониби Қиргизистон шикоят кард, ки чаро шаҳрвандони моро ғам медиҳед. Мушкил бисёр ҷиддӣ аст. Роҳбарони баъзе ташкилотҳое ҳастанд, ки чандин фарзанд доранд ва худашон шаҳрвандии Точикистонро доранду, фарзандони худро шаҳрванди Қирғизистон кардаанд.”

Ба бовари сокинони Лахш, байни онхое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд, на танҳо қирғизхо, балки тоҷиктон ҳам ҳастанд. Яке аз сокинини ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт “як аҷобати кор дар ин аст, ки асосан ҷавонони синну соли хизмати ҳарбӣ шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранду мераванд, вале зану фарзандони онҳо шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва ин сардаргумиро ба миён овардааст.”

Гуфта мешавад, дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон барои сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш бисёр осон аст ва дар муддати чор то шаш моҳ метавон онро ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадзариф Воҳидов, раиси ҷамоати деҳоти Лахш мегӯяд, аз 293 нафари зери синни даъват дар ин ҷамоат 141 нафарашон шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд: “Онҷо чор сум медиҳанд, тамом. Ҳатто дар коммисариятҳои ҳарбии Қирғизистон дар қайд нестанд. Меравад, шаҳрванди Қирғизистон мешавад ва баъди ду моҳ меояду роҳат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, то замоне, ки мушкил дар сафҳои артиш ва қисмҳои низомӣ бартараф нашавад, ҷавонон аз гурез ба кишварҳои дигар даст нахоҳанд кашид. Дилрабо Самадова, як масъули созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо борҳо ба мақомот роҳҳои ҳавасмандкунии ҷавонон ба артишро пешниҳод кардаанд. Барои мисол ба гуфтаи ӯ, бояд ба ҷавонон кӯмакпулӣ, имтиёз барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва ғайра фароҳам карда шавад.

Гуфта мешавад, онҳое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд, бо додани 175 сомони қайди шашмоҳаи Тоҷикистонро ба даст меоранд ва бо тамом шудани мӯҳлат дубора ба Қирғизистон мераванд. Ноҳияи Лахш даҳ ҷамоат дорад ва аз миёни ин даҳ ҷамоат бештар сокинони Муқсу, Қашшот, Сартало, Лахш, Ялға, ки қирғизнишин мебошанд, шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон аз сӯи сокинони Лахш анъанаест, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон пайдо шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далоили мухталиф, аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодии худ шурӯъ ба гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон карданд. Бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 20 ҳазор сокини Лахш шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст оварданд.

Аммо гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷавонони ба синни даъват нарасида падидаи навест, ки торафт бештар мешавад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола бо фаро расидани мавсими даъват ба хизмат, ҷавонони зери синни даъват бештар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекарданд. Ҳамакнун барои гурез аз хизмат дар артиш, кишвари дигаре мисли Қирғизистон сарпаноҳе барои ҷавонони артишгурез шудааст.

Ozodi