"Шиканҷа нест!" Посухи И.Шарифов ба гузориши Aфви байналимилалӣ

"Шиканҷа нест!" Посухи И.Шарифов ба гузориши Aфви байналимилалӣ

Муовини вазири адлия ва раҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон гузориши Авфи Байналмилалӣ дар мавриди вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои ин кишварро рад кард.

Генерал Иззатулло Шарифов рӯзи 23 май дар вокуниш ба гузориши солонаи Авфи Байналмилалӣ  ба Радиои Озодӣ гуфт,  «ин дурӯғи маҳз аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад. Ин хатогии маҳз ва дурӯғ аст, ки кормандони зиндон дидаву дониста ба шиканҷаву дигар амалҳои ношоиста роҳ медиҳанд. Магар инҳо падару модар, фарзанд надоранд? Аз Худо наметарсанд, ки ба чунин коре даст мезананд?»

Генерал Шарифов мегӯяд, «ин мардум (зиндониён) касе набошанд, кадом ҷинояте содир накарда бошанд, барои мо - кормандони низоми зиндонҳо -инсон ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ нисбати онҳо бадрафторӣ ва шиканҷа сурат намегирад.» Аммо раиси зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, ки «дар сурате ки маҳбусон камбудӣ кунанд, дар чорчӯби қонун нисбаташон чораҳо андешида мешаванд, на инки задану шиканҷа кардану дигару дигар.»

 

Иззатулло Шарифов  дар мавриди иддаои Авфи Байналмилалӣ, ки мегӯяд, «дар Тоҷикистон фазои умумии беҷазоӣ ҳукмфармост», гуфт,  ки «назорати зиндонҳоро додситони махсус бар дӯш дорад ва додситонҳо дар ҳар як зиндон нисбати корманде, ки камбудӣ ва ё ҷазое содир мекунад, ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.»

Афзун бар ин, ба таъкиди генерал Шарифов, зиндонҳоро кураторон ё мутасаддиёне аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ожонси мубориза бо фасод низ назорат мекунанд ва фаъолияти кормандони зиндонҳо мадди назари онҳот.

Раиси зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар робита ба дастнорас будани зиндонҳо барои ниҳодҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ  изҳори назар кард, ки"ин ҳарфҳо ҷо надорад ва ҳамеша дари зиндонҳо боз аст."

Вай ба унвони мисол аз боздиди дирӯзаи Иван Шимонович дар яке аз зиндонҳои Душанбе ёдовар шуд ва гуфт, ки «ин мақоми СММ худаш ихтиёран ба зиндон рафт, бо маҳбусон мулоқот намуд ва бо вазъи будубош ва шароити ошхона, чойхона ва ҳатто масҷиди маҳбас оншо шуд».

Генерал Шарифов гуфт, ки «шароити зиндонҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба даврони шӯравии пешин ба куллӣ фарқ дорад ва бар иловаи таъмини хроку либос пайвандони маҳбусон озодона метавонанд, ки наздикони худро аёдат кунанд, ҳеҷ гуна мушкилӣ ва маҳдудият дар ин росто вуҷуд надорад.»

Афви байналмилалӣ(Amnesty International) дар гузориши солонааш ки рӯзи 23 май нашр шуд, шиканҷаву бадрафториро як мушкили умдаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ном бурд. Гузориши солонаи Афви байналмилалӣ, вазъи ҳуқуқи инсон дар 159 кишвар ва дар ҳар кишвар мушкилоти асосиаш дар ин арсаро таҳқиқ мекунад. Бахши Тоҷикистони ин гузориш ба масъалаи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон ихтисос ёфтааст.

 

Афви байналмилалӣ мегӯяд, шиканҷа ва бадрафторӣ дар ин ниҳодҳои интизомии ин кишвар як падидаи фарогир боқӣ монда,  беҷазо мондани омилони ин ҷиноёт ҳамчунон идома дошт. Ниҳодҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва бо вуҷуди бархе озодиҳо дар қонунгузорӣ озодии баён дар кишвар то ҳол таҳти ҳамла қарор дорад.

 

Афви байналмилалӣ мегӯяд, бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ дар даригирҳои моҳи июл байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ ҳудуди 150 нафар, бо шумули сарбозон ва мардуми мулкӣ, куштанд.

Дар моҳи март Тоҷикистон розӣ шуд, ки тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро иҷро кунад. Моҳи апрели соли 2012, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди шиканҷаро ворид карданд. Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳои мусбат, бино ба гузориши Афви байналмилалӣ, ҳамчунон аз Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи мавридҳои шиканҷаву бадрафторӣ ба даст мерасанд.

Гузоришгари вижаи СММ баъди боздиди моҳи майаш аз Тоҷикистон таъкид кард, ки шиканҷа ва анвоъи дигари бадрафторӣ дар инҷо “зуд-зуд ва ба шаклҳои мухталиф рух медиҳанд.” Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар моҳи ноябр ба “даъвоҳои батакрору мунтазам дар мавриди истифодаи пайвастаи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба гумонбарон, асосан ба хотири  ба даст овардани эътирофи гуноҳ бештар аз ҳама дар соатҳои аввали бозпурсӣ дар пулис ва ҳамин тавр дар боздоштгоҳҳои муваққату пешаздодгоҳии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта” таъкид кардааст.

Гузориш аз қазияи Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ дар Бадахшон ёдовар мешавад, ки рӯзи 24 июл дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои худсари Хоруғ боздошт шуд ва танҳо рӯзи 8 август маълум шуд, ки ӯ ин ҳама муддат дар Душанбе таҳти боздошт будааст. Карамхудоев қариб ду моҳ ба вакили мудофеъ дастрасӣ надошт ва дар бораи шиканҷа шудани ӯ дар боздоштгоҳи кумитаи амният гузоришҳо расидаанд.

Гузориш мегӯяд, бозпурсиии гумонбарон бидуни ҳузури вакили мудофеъи онҳо дар Тоҷикистон як амри рӯзмарра шудааст. Хатари шиканҷа ва маҳрумият аз вакили мудофеъ бештар ба онҳое таҳдид мекунад, ки бо гумони ҳамкорӣ бо ҷунбишҳои манъшудаи исломӣ боздошт мешаванд.

Афви байналмилалӣ мегӯяд, дар бораи тавассути мақомоти амниятӣ аз хориҷ рабудану маҷбуран ба Тоҷикистон овардани афрод, бахусус афроди гумонбар ба узвият дар созмонҳову ҳизбҳои исломӣ, низ гузоришҳо мегирад. Ин афрод шикоят доранд, ки баъди овардан шиканҷа мешуданд.

Дар моҳи апрел Савриддин Ҷӯраеви 27-сола бо ҷурми қасди табаддулот дар соли 1992 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо Афви байналмилалӣ мегӯяд, ки Савриддин Ҷӯраев дар он соли 1992 ҳамагӣ 7 сол дошт. Ҷӯраев дар Русия мақоми паноҳандагии муваққат дошт ва Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар низ аз Русия хоста буд, ки ӯро ба Душанбе насупорад. Вале Ҷӯраевро моҳи октябри соли 2011 чанд фарди тоҷикзабон аз Маскав рабуданд ва маҷбуран ба Тоҷикистон бурданд. Ҷӯраев мегӯяд, дар боздоштгоҳи Хуҷанд мавриди бадратфорӣ қарор дошт ва бидуни вакили мудофеъ бозпурсӣ мешуд. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон даъват кард, “таҷрубаи рабудан ва маҷбуран ба Тоҷикистон пас овардан аз кишварҳои дигар”-ро бас кунад.

Афви байналмилалӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон фазои умумии беҷазоӣ ҳукмфармост. Ҳарчанд дар моҳи сентябр барои бори аввал як нозири пулис дар вилояти Хатлон бо ҷурми шиканҷаи навраси 17-сола ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, ва як афсари дигар дар моҳи декабр низ бо ҷурми шиканҷа ду соли зиндон гирифт, дар парвандаҳои дигар афсарони аманиятиро танҳо бо урми “берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ” муҷозот ва ба бунбол бар асоси қонуни афви соли 2011 раҳо мекунанд.

Гузориш мегӯяд,  мақомот дар амри ҳифзи ҳаёти маҳбусон низ ноком мондаанд ва мавридҳои ҳалокат дар боздошт ба сурати муассир таҳқиқ ва омилонаш муҷозот намешаванд. Афви байналмилалӣ дар ин росто аз қазияи Ҳамза Икромзодаи 27-сола ёдовар шудааст, ки моҳи сентябр дар маҳбас эҳтимолан бар асари шиканҷа ҳалок шуд. Вале ташхиси моҳи октябр ба хулосае расид, ки ӯ худкушӣ кардааст. Маҳбусонеро, ки зоҳиран шоҳиди марги Икромзода буданд, бино ба хабарҳо, дар зиндонҳои Душанбеву Хуҷанд мавриди шиканҷаву анвоъи дигари бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Афви байналмилалӣ ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон низ пардохта, мегӯяд, дар моҳи август банди туҳмати таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ лағв шуд, вале таҳқиқи президент ҳамчунон муҷозот дорад. Дар моҳи октябр додгоҳи Хуҷанд "Ампаро", як созмони маҳаллии ҳомии ҳуқуқро бо далоили маъмурӣ баст.  Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин боваранд, ки қазияи "Ампаро" ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Одинашоҳ Муродов, сухангӯи раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз нашри гузориши солонаи Афви байналмилалӣ ба нуқоти асосии ин гузориш чунин посух дод:

 

Афви байналмилалӣ дар бахши марбут ба Русияи гузориши солонааш ба вазъи муҳоҷирони тоҷик низ пардохтааст. Девид Диаз-Жожекс, муовини мудири ин созмон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, ин тоифа дар Русия қурбони низоми ҳуқуқии фасодзадаву ҷиноятзада мешаванд: “Мо мавридҳоеро сабт кардаем, ки муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон мавриди пулситонӣ ва таҳқир қарор мегиранд. Хешовандони онҳо низ маҷбур мешаванд бо пардохти пул худро аз таъқиб халос кунанд.”

Гузориши Афви байналмилалӣ дар арзёбии умумиаш мегӯяд, дар соли 2012 дар 112 кишвар аз шиканҷа кор гирифта, 101 кишвар ҳаққи мардумаш барои озодии баёнро поймол кардаанд. Додгоҳҳои ғайриодилона дар 80 кишвар барҷо монда, дар 57 кишвар то ҳол маҳбусони ақидатӣ пушти панҷара ба сар мебаранд. Қатлҳои ғайриқонунӣ бо дасти нирӯҳои амниятӣ дар замони осоишта соли гузашта дар 50 кишвари дунё мушоҳида шуда, дар 31 кишвар одамон иҷборан нопадид мешаванд. Ҳоло дар дунё 15 миллион паноҳандаи расман сабтиномшуда ба сар мебарадва дар оғози соли 2012 дар159 кишваре, ки дар гузориши солонаи Афви байналмилалӣ мавриди пӯшиш қарор гирифтаанд, 12 миллион ҳатто ҳаққи шаҳрвандӣ надоштанд.

Ozodi