Тантанаи адолат ё нархи ҷони инсон?

Тантанаи адолат ё нархи ҷони инсон?

Қонеъ шудани талаби наздикони Сафаралӣ Сангов, ки дар боздоштгоҳ баъди шиканҷа ҳалок шуд, дуюмин ҳодисаи пардохти ҷуброни зарари мақомот ба оилаи қурбониёни шиканҷа оё тантанаи адолат аст ё аксуламали мақомоти тоҷик ба фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ

Субҳи имрӯз, 15-уми март ин иттилоъ расонаӣ шуд, ки додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Вазорати корҳои дохилии кишварро вазифадор кардааст, ки ба пайвандони Сафаралӣ Сангов ба маблағи 46 ҳазору 500 сомонӣ ҷубронпулӣ пардозад. Сафаралӣ Сангов яке аз чанд қурбонии шиканҷа зарфи ду соли охир дар кишвар аст, ки дар боздоштгоҳ ба шаҳодат расида буд. Ӯро аввали моҳи марти соли 2011 боздошт карданд, вале баъди чор рӯз аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон аз олам даргузашт. Қазия муддати бештар аз ду сол аз сархати хабарҳои матбуоти кишвар ва гузоришоти созмонҳои байналмилалӣ дур намешавад. 

Баҳси додгоҳии хонаводаи Сангов аз ҷумлаи ҳамон баҳсҳои нотамом ва пурсарусадоест, ки гумон меравад, ҳаргиз поён нахоҳад дошт. Хонаводаи ӯ аввал аз қарори додгоҳ дар мавриди муҷозоти омилини куштори Сангов норозӣ буданд ва шояд баъдтар диданд, ки дар низоми судии имрӯзаи кишвар сари даъвои худ ба ҷое намерасанд ва ҳар бор далоили пешниҳодшуда дар мавриди ваҷҳҳои ҳалокати Сангов аз ҷониби додгоҳ нокифоя дониста мешавад, онҳо даъво пешниҳод намуданд, ки ВКД 150 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт намояд. Бар асоси асноди пешниҳодшуда додгоҳ танҳо ба пардохти беш аз 46 ҳазор сомонӣ мувофиқат кард, вале ҳоло ҳам дақиқан мушаххас нест, ки ҳамин товони зарар ҳам пардохт мешавад ё не. Зеро ВКД то 5 апрел ҳаққи шикоят ба додгоҳи шаҳрӣ дорад.

Исми Сафаралӣ Сангов дар солгарди ҳалокаташ бори дигар расонаӣ шуд. Ба назар мерасад, азои волидайн ва пайвандонро поён нест. Онҳо медонанд, ки ҳар қадар даъво пеш оранд, силсиламурофиаҳои судӣ ҳам доир шаванд, вале муваффақ намешаванд он азизро ба хона баргардонанд. Ӯ абадан бо ҳаёт падруд гуфт, рафтани ӯ ин бор бебозгашт аст. Вале ҷудоӣ аз Сафаралӣ мудҳиштар аз дигар ранҷҳову дардҳост. Зеро пайвандон ҳамоно бар ин боваранд, ки ӯ ҷабран бо ҳаёташ падруд гуфт ва сабабгори марги ӯ на каси дигар, балки ҳомиёни тартиботанд. 

Зарфи ду соли охир аз Сафаралӣ Сангов на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз он зиёд ёд шуд.

Сангов ва чанд тани дигар, ки тӯли ин ду соли охир аз шиканҷа ё даст ба худкушӣ заданд ва ё ба ҳалокат расиданд, муҷиби он гаштанд, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар бештар ба нақзи ҳуқуқи инсон ва бахусус, зиндониёну боздоштшудагон дар тавқифгоҳҳо таваҷҷӯҳ намоянд. Фишорҳои байналмилалӣ ба ҳадде афзуданд, ки Тоҷикистон ногузир шуд моҳи феврали соли гузашта дар қонуни ҷиноии хеш бандеро ба “шиканҷа” ихтисос диҳад. 

Дар баробари он ки аз шиканҷа афрод дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо мефавтанд ва ин гуна ҳодисаҳо, тақрибан, нодида гирифта мешавад, додгоҳҳо парвандаҳои оғозшударо ҳам бо иловаи бандҳои сабуккунандаи ҳукми ҷазо, аз қабили хунукназарӣ баррасӣ мекунанд ва ба омилони фоҷиа ҳукмҳои сабук содир менамоянд. Чунончи аз чор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба марги Баҳромиддин Шодиев гунаҳкор эълон мешуданд, танҳо яке аз онҳо ду сол барои “хунукназарӣ” ҷазо гирифт. Ин дар ҳолест, ки модари ӯ мегӯяд, ташхисҳо мушаххас кардаанд, ки писараш бар асари латукӯб ҷон додааст, на ин ки аз ошёнаи дуюми бино худро ба зер афканда бошад.

4-уми марти соли ҷорӣ Суди ноҳияи Сомонии пойтахт ҳалнома баровард, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати адлия ба Савринисо Гулова, ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ба андозаи 25 ҳазор сомонӣ ё 6 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброн зарари маънавӣ пардохт кунад.

Исмоил Бачаҷонов соли 2010 дар Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон баъди шиканҷа аз ҷониби кормандони ин муассисаи ислоҳӣ ба ҳалокат расида буд.

Дар робита ба қазияи шиканҷаи Исмоил Бачаҷонов, се нафар кормандони боздоштгоҳи мазкур барои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ ва истифода аз шиканҷа бо қарори суд гунаҳкор дониста шуда, аз 2 то 5-солӣ зиндонӣ шуда буданд.

Мақомот қатли Исмоил Бачаҷоновро баъди расонаӣ шудани ин ҳодиса тасдиқ карда, пас аз дахолати васоити ахбори омма ба ин қазия иқрор шуданд, омилҳои марги ҷавони гумонбар - мавриди шиканҷа қарор додани вай аз ҷониби кормандони ин муассиса будааст.

Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар чанде қабл дар бораи ҳодисаи марги маҳбуси дигар - Аҷик Қаюмов дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичний” ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида шудани роҳбари ин муассиса иттилоъ дода гуфта буд:

- Давлаталӣ Раҳимов, собиқ сардори муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат барои хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ ба 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, Саидхон Расулов, табиби ҳамин муассиса, се сол равонаи зиндон шуд.

Марги муаммобарангези Баҳромиддин Шодиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Сафаралӣ Сангов ва ҳангомаҳо атрофи шиканҷаи зиндониён дар маҳбасҳои Душанбе ва Хуҷанд, пахши наворҳои видеоии ин шиканҷаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаӣ шудани осори шиканҷа аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки обрӯи Тоҷикистонро чун як кишвари рӯ ба демократия дар пеши ҷаҳониён резондаанд.

То ҳол ба ягон қазияи ошкоршудаи шиканҷа баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст. Дар мавриде ҳуқуқшиноси маъруф Раҳматилло Зойиров гуфта буд: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳам ҳамкоранд, ғолибан чунин баҳсҳои додгоҳӣ бо пешбинӣ шудани ҷазоҳои сабук ба айбдоршавандаҳо анҷом меёбанд. Тавре мегӯянд, онҳо дар як киштӣ нишастаанд ва агар ин киштӣ ғарқ шавад, ҳама осеб мебинанд”.

Ҳоло ҳам наметавон аз он ки додгоҳи ноҳиявӣ як вазорати соҳибқудрати кишварро водор ба пардохти зарар мекунад, табли шодӣ зад ва инро нишонаи тантанаи адолати судӣ номид. Баръакс, инро метавон нахустин самараи талошҳои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, расонаҳои хабарии мустақили кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хонд. Ва яқинан, ба дунболи ин нишонаҳои дигари ин гуна фишорҳо падид меоянд, ҳарчанд ки идораҳои зирабт онро волоияти қонун медонанд.

Ахиран, беш аз 300 нафар аз наздикону пайвандони маҳбусон - қурбониёни шиканҷа истеъфои раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев, сардори Сарраёсати Иҷрои ҷазои ҷиноӣ Иззатулло Шариповро аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар талаб карданд.

Ҳамчунин 142 нафар маҳбусон бо мактуби саркушода ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд, ки то қонунҳои афви имзокардаашро бознигарӣ кунад.

Ҳоло интригаи рӯз ин аст, ки оё ҳукумати кишвар ҷуръати ба истеъфо фиристодани онҳоеро, ки аз бесалоҳиятӣ ва зери по кардани қонун имиҷи давлат ва миллатро паст задаанд, дорад ё не?

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews