Зиндон

Зиндон

Ба ҳалокат расидани сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар зиндони №1-и шаҳри Душанбе, дубора калимаи зиндонро дар ВАО машҳур намуд.

Аслан, зиндон як боздоштгоҳест, ки ҷинояткоронро онҷо нигоҳ медоранд ва мутобиқ ба ҷиноятҳояшон озодиашон маҳдуд карда мешавад, то минбаъд даст ба ҷинояткорӣ назананд. Ва дар фаҳмиши соддаи омиёна низ зиндон ҷои тарбиявист, яъне ҷойе ки ҷинояткор бояд тарбияи мусбат ёбад. Аммо пас аз вуқӯи ҳодисаҳое ба мисоли дар боло зикршуда, фаҳмиши ин калима дигар дар зеҳни одамон дигаргуна садо медиҳад.

Бовар дорам, ки аксарият аз ин ҳодисаи хеле нангин алаккай бохабаранд, зеро дар шабакаи интернетӣ шоҳиди он будам, ки қисмати зиёди мардум пас аз мутолиаи матни мақола дар саҳифаи интернетӣ, бисёр нороҳатона сухан мегуфтанд ва ҳама гуна дашному зиёдагӯиҳоро дар ҳаққи дастандаркорони ин амал эб медиданд. Вале барои онҳое, ки ба тозагӣ инро фаҳмидаст, мехоҳам онро муфассал қисса намоям.

Тавре “Озодӣ” хабар додааст, Ҳамза Икромзода ду сол пеш, ба мӯҳлати 8 сол маҳкум шуда, барои адои ҷазо ба маҳбаси №1-и пойтахт интиқол шуда будааст. Тибқи гуфтаи хешовандони марҳум, чанде пеш миёни зиндониён муноқиша рух медиҳад ва чанде аз зиндониён, аз ҷумла, номбурдаро масъулин ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон ҷо мекунанд. Сипас барои раҳоии ӯ аз ин ҷазо, масъулин аз хешовандони ӯ 2 ҳазор доллар талаб мекунанд. Бародари маҳкумшуда Амир Икромов аз сабаби набудани маблағ, аз бародараш хоҳиш мекунад, ки як-ду рӯзи дигар тоқат кунад, вай худаш назди масъулини зиндон омада, ҳамаро мефаҳмонад. Аммо масъулини маҳбас ба ин суханон эътиборе намедиҳанду Ҳ. Икромзодаро дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон бо истифода аз дарзмоли тафсон ва иловатан мушту лагад азобу шиканҷа медиҳанд, ки дар натиҷа номбурда ба ҳалокат мерасад.

Пас аз ин нақл суоле пайдо мешавад, ки сабаб дар чист, ки чунин муомиларо “масъулини бемасъулият” бо зиндониён раво мебинанд? Оё онҳо аз қонунҳои амалкунанда ва моддаҳои муқаррароти шиканҷаи зиндон бохабар нестанд? Ё онҳо худ бо истифода аз кадом як қонуни номнависнашуда дар зиндон амал мекунанд? Ин ва мисоли ҳамин гуна суолҳо шахсро ба шубҳа меорад, ки наход дар замони тинҷу осоишта ҳам чунин вақеаҳо сар зананд?

Ин гуна воқеаҳо ба ёд меоранд, даврони аморати Бухороро, ки дар он замон ҳангоми адои ҷазо шахсиятҳоро дар зиндони амир бо номи маҷозии “Ғори амири Бухоро” ҷисман озор медоданд. Аммо таассуфовар аст, вақте фахр менамоем, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорему намеандешем, ки даст ба амалҳои кадом давра зада истодаем.

Хулосаи таҳлилгарон дар ин масъала он аст, ки бояд ҳар гуна амале, ки анҷом дода мешавад, хусусан, чунин холатҳои барои миллату ҷомеа нангин, пешгирӣ карда шавад. Зеро дар ҳоли сарфи назару гузашт кардани ҷазо барои ин гуна амалҳо, онҳо метавонанд такрор шаванд.

Манзурам аз ёдрас шудани воқеаи мазкур дар он аст, ки барои мо рух додани ин гуна воқеаҳо бори нахуст нест. Барои онҳое, ки дидаву дониста даст ба ин гуна амалҳо мезананд ва андешае ҳам намекунанд, гузашт кардан нашояд. Охир, чаро онҳо дар амал бо ҷони ҷомеа созиш накунанду ҷомеа бо онҳо созиш кунад?

Фикр мекунам, ҷони инсон барои ҳама азиз ва баробарарзиш аст!

Абдукарим Раҷабов, Фараж