Статьи

Дар як чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ки рўзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокати Коллегияи адвокатҳои ноҳияи Данғара Беҳрўз Юсупов, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд,...

18.12.2017 - 17:00

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳо оид ба рушди ҳуқуқҳо, имкониятҳои ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Имрӯз мо мехоҳем дар бораи он бигӯем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чи гуна дар раванди мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар ин маврид, таваҷҷуҳ намоед ба шарҳи намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ...

08.12.2017 - 10:51

Рӯзи 27-уми октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид. Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло бурдани сатҳи маълумотнокии...

28.10.2016 - 15:43

Масъалаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ яке аз мавзуҳое буд, ки дар вохӯрии кории «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ шуд. Ба қавли адвокат Гулчеҳра Холматова, дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон як гуруҳ адвокатҳо фаъолият мебаранд, ки онҳо дар парвандаҳои гражданӣ оид ба...

16.04.2016 - 09:33

Сӯҳбати Комрони Аслон бо Раҳматова Дилором, модари сарбозе, ки ба қавли наздиконаш, санаи 7-уми июли соли равон зери латукӯби сарбозон ё бар асари “дедовщина” аз олам даргузашт. - Пеш аз ба хизмати ҳарбӣ рафтанаш, муносибати писаратон бо дӯстону наздиконаш чӣ гуна буд? - Писари ман дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров дар  факултети телекоммуникатсия ва иттилоот мехонд. Ӯ бо ҳама...

29.10.2015 - 09:36

Шаҳрванди Тоҷикистон Тоҷиниссо Каримова, модари Зайдуллоев Шамсиддини фавтида, ки бо гумони паҳн намудани маводи мухаддир боздошт шудаву ба иддаои наздиконаш, дар натиҷаи латукӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ аз қазия, ҳоло ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест...

08.10.2015 - 08:24

26-уми июн дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор шуд. Дар он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва онҳое, ки пайвандонашон аз шиканҷа осеб дидаанд ё фавтидаанд ширкат доштанд. Хабарнигори TojNews дар ин ҳамоиш дар сӯҳбат аз Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” ва ҳуқуқшиноси маъруф пурсид, ки дар Тоҷикистон...

27.06.2015 - 10:43

8-уми апрел Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокинони маҳаллаи 91-уми пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттиҳоми паҳн кардани маводи нашъаовар боздошт мешавад. Аммо 13-уми апрел волидайни Шамсиддинро даъват мекунанд, ки омада ҷасади фарзандашонро аз сардхона, ё морги “Медгородок” бигиранд. Модари Шамсиддин Тоҷиннисо Каримова иддао дорад, ки писараш дар натиҷаи лату...

21.04.2015 - 09:25

Иззат Амон, роҳбари минтақавии созмони мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Ҷамъияти ҳуқуқи инсон дар Русия аз ҷониби посбонҳои Маркази нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷии раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати (РХФМ) шаҳри Маскав дар минтақаи Сахарово лату кӯб шудааст. Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Иззат Амон дар мавриди чигунагии рух додани ин ҳодиса...

08.03.2015 - 13:30

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16 феврал ба аёдати Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон рафт, ки ду ҳафтаи пеш қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болост ва бо имову ишора ҳарф мезанад. Наҷмиддин Қаюмов , сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки ду ҳафтаи пеш бо истифода аз “Калашников” қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе...

16.02.2015 - 16:34

Страницы