Статьи

Leave blank for all. Otherwise, the first selected term will be the default instead of "Any".

Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирӯзи 18-сола, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, анҷом дод. Пайвандони Фирӯз, ки қаблан ба бегуноҳии фарзандашон...

18.05.2017 - 08:49

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва ба зиндон фиристод. Эҳсон Элчибекови 19-сола моҳи феврали имсол ба таври мармуз даргузашт ва мақомот ҷасади ӯро ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон супурданд. Додрас Наҷмуддин Лоиқзода рӯзи 21-уми апрел ҳангоми қироати ҳукм...

21.04.2017 - 16:42

Сайёд Ҳалимов, сокини 24-солаи шаҳри Ҳисор, ки ба қавли наздиконаш ду рӯзи пеш маҷбурӣ барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, ба далели тасдиқи бемориаш аз хидмат озод шудааст. Бадриддин Сафаралиев, амаки Сайёд, рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло бародарзодааш дар бемористони марказии Ҳисор аст ва бар асоси тавсияи пизишкон табобат мегирад. Худи Сайёд мегӯяд, тасдиқи бемориаш...

13.04.2017 - 11:33

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ хостааст, ки даъвои эҳтимоли шиканҷа шудани се сокини ноҳияи Ёвон аз тарафи чаҳор корманди пулисро расидагӣ кунад. Шикояти марбут ба эҳтимоли шиканҷа шудани гумонбарон рӯзи 7 апрел дар ҷараёни мурофиаи се сокини ноҳияи Ёвон ба додгоҳ ироа шудааст. Додситонӣ таҳқиқ мекунад Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликов – сокинони ноҳияи...

12.04.2017 - 09:37

Мавсими баҳории даъвати ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуруъ шуд. Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми март дар ин маврид содир гардид. Ҷойи пинҳон нест, чун мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш фаро мерасад, бисёре аз онҳое, ки синну соли даъватианд, ба Русия роҳи гурез меҷӯянд. Воқеаҳои қатлу куштор ва расонидани зарари...

23.03.2017 - 12:00

Мақомоти вилояти Бадахшон марги як сокини ин минтақа дар қисми ҳарбии 06870-и Вазорати дифоъ дар Душанберо тасдиқ карданд. Дар Комиссариати ҳарбии вилоят рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Эҳсон Элчибеков шаби гузашта ба дасти пайвандонаш супурда шудааст. Элчибекови нуздаҳсола, сокини рустои Бағуи ноҳияи Рӯшон, рӯзи 16 феврал дар шароити мармуз даргузаштааст. Додситонии...

22.02.2017 - 10:35

Дар ҳоле, ки то оғози мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш якуним моҳи дигар мондааст, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон хона ба хона гашта, ҷавонони даъватшаванда ба хидмати ҳатмии ҳарбиро сабти ном мекунанд. Мақомот мегӯянд, ин кор ба хотири ихтиёрӣ сафарбар шудани даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби иҷбории онҳо роҳандозӣ...

17.02.2017 - 12:56

Додгоҳи низомии Тоҷикистон ҳукми як сарбозеро бетағйир гузошт, ки бо гуноҳи ба марг расонидани ҳамхидматаш Шӯҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Марги мармузи сарбози артиш дар моҳи октябри соли гузашта бори дигар таваҷҷӯҳро ба муносибати байни сарбозону нақши фармондеҳони онҳо ба ҳангоми ихтилофҳо эҷод кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ки асрори бархе ҷинояту...

14.02.2017 - 10:27

Мурофиаи судӣ бо шикояти Тоҷинисо Каримова, модари Шамсиддин Зайдуллоев, ки ба гуфтаи наздиконаш дар натиҷаи шиканҷа аз ҷониби кормандони Агентии зидди маводи нашъаовар ба ҳалокат расидааст, ба ҷумъаи оянда гузошта шуд. Ин мурофиа бояд нимаи дуюми рӯзи 13-уми январ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор мегардид, аммо, ба гуфтаи адвокат Саймумин Кабиров, бо сабаби ҳозир нагардидани...

14.01.2017 - 19:33

Эътилофи зидди шиканҷа достонҳои 14 қурбонии шиканҷаро дар маҷмӯаи “Тақдирҳои шикаста. Умрҳои рабуда” нашр кардааст, ки ҳар яки онҳо аз сарнавиштҳои фоҷеабор ва беҷавоб мондани омилони ин ҷиноятҳо қисса мекунад. Як пой дар додгоҳу пойи дигар дар додситонӣ -- волидони Шамсиддин Зайдуллоев, яке аз қурбониёни ҷавони шиканҷа дар Тоҷикистон тақрибан ду сол боз талош доранд омилони марги писарашон...

08.12.2016 - 13:14

Страницы