Статьи

Ба кормандони муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон рӯзҳои 26-28 сентябр дар ҷараёни як давраи омӯзишӣ механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии озодӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва принсипҳои протоколи Истанбулро таълим медиҳанд. Чорабинии мазкур дар бинои Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак...

27.09.2013 - 18:36

Аз 18 то 21-уми сентябр коршиносони созмони байнулмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» аз ИМА ва Гурҷистон дар Душанбе барои табибони зинаи аввал, равоншиносон, коршиносони судиву тиббӣ ва адвокатҳо оид ба масоили ҳуҷҷатгузории дуруст ва пурсамари далелҳои шиканҷа аз ҷониби кормандони тиббӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноии боздоштшудагон ва маҳбусон тренинги омӯзишӣ баргузор мекунанд. Чорабинӣ аз...

19.09.2013 - 20:18

Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад, вале бо иваз шудани судя вазъ тағйир наёфта, ҷаласаи судӣ мисли пешин дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои пӯшида мегузарад ва ба ҳузури журналистон дар мурофиа роҳ намедиҳанд. Мурофиаи судӣ нисбати махбусон рӯзи...

03.09.2013 - 21:57

Суди ноҳияи Ёвон 24-уми июл баррасии дубораи парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиевро, ки бо ҷурми шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста мешавад, оғоз кард. Аммо дар рафти мурофиа раисикунандаи суд Иброҳим Қурбонов бо дархости ҳимоятгари судшаванда худро аз баррасии парванда канор гирифт. Вакили мудофеи судшаванда Акбар Ҳасанов бовар дорад, ки парвандаи мазкур набояд дубора дар...

25.07.2013 - 18:26

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) амалисозии лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро оғоз кард. Мусоидат ба намояндагони созмонҳои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ...

25.07.2013 - 11:48

Мурофиаи додгоҳии маҳбусони зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев фардо баргузор мешавад. Қарор буд мурофиаи додгоҳии ин ду нафар имрӯз, 24-уми июл баргузор мешуд, аммо ба сабаби бемории вакили дифои яке аз айдоршавандагон, ба рӯзи 25-уми июл вогузор шудааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи феврали соли равон алайҳи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва ...

24.07.2013 - 17:42

Дар ҷараёни кори як тренинги серӯза, ки ахири ҳафтаи гузашта ба итмом расид, воситаҳои беҳбуд бахшидан ба имконоти адвокатҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва тафтиши пурсамари ин гуна далелҳо мутобиқи механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷмъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ТҒД зидди...

18.06.2013 - 16:39

Прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати монеъагузорӣ ба таҳқиқи парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 зимни боздошт эҳтимолан бар асари истифодаи шиканҷа фавтида буд, кӯшиш ба харҷ дод. Санаи 12-уми апрел суди шаҳри Хуҷанд шикояти падари фавтида Ҷӯрабой Бобоевро нисбати шахсони мансабдори прокуратураи вилояти Суғд қисман қонеъ намуд. Ба гуфтаи адвокати хизматгузориаш аз ҷониби...

07.06.2013 - 18:41

Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Сино дар бораи аз ҷониби ВКД ҶТ пардохт кардани ҷубронпулӣ ба ҳамсари сокини пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, бетағйир боқӣ гузошт. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ҷубронпулӣ пардохт...

30.05.2013 - 18:35

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро, дар лату кӯби як маҳбус муқасир донист ва ӯро барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард. Рустам Мирзоев, қозии ин парванда Маҳмуд Исмоъиловро бар асоси қисмаи 3 моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" муҷрим донист. Гулҷеҳра Холматова, вакили мудофеъи...

29.05.2013 - 20:01

Страницы