Латукӯби Иззат Амон додгоҳӣ шуд: То Аврупо даъво мебарам..

Латукӯби Иззат Амон додгоҳӣ шуд: То Аврупо даъво мебарам..

Иззат Амон, роҳбари минтақавии созмони мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Ҷамъияти ҳуқуқи инсон дар Русия аз ҷониби посбонҳои Маркази нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷии раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати (РХФМ) шаҳри Маскав дар минтақаи Сахарово лату кӯб шудааст.

Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Иззат Амон дар мавриди чигунагии рух додани ин ҳодиса суҳбате анҷом дод. 

“Озодагон”: Мо аз шунидани ин хабар бисёр нороҳат шудем ва умедворем, ки ба сиҳати Шумо зараре нарасида бошад?

Иззат Амон: Ташаккур! Бисёр хуш шудем, ки Шумо бародарони рӯзноманигор дар ин вазъият ҳоли моро мепурсед. Шукри Худо зарари ҷиддие натавонистанд ба мо бирасонанд.

“Озодагон”: Ин ҳодиса чӣ гуна рух дод? Ва чаро Шуморо лату кӯб карданд?

Иззат Амон: Ба мо хабар расид, ки шаҳрванди Тоҷикистон Қобилшо Зарипов, ки 52-сола асту бештар аз 2 моҳ мешавад дар ин Марказ нигоҳдорӣ мешавад вазъи баде дорад ва гурдаҳояш аз кор мондаанд. Ба мо касоне хабар доданд, ки бо ӯ дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешуданд ва аз фурудгоҳ имкон ёфтаву ба мо занг заданд. Гузашта аз ин рӯзи 6-уми март мурофиаи додгоҳии Фаррух Раҳимов буд, ки бидуни ҳеч асосе аз Русия ихроҷ шуда буд. Ман бояд аз ӯ ваколатнома гирифта, ба унвони вакил ҳуқуқи ӯро дар додгоҳ ҳимоя мекардам.

Озодагон: Баъдан чӣ шуд?

Иззат Амон: Ба ин Марказ омадем. Ҳудуди 4 соат мунтазир мондем, то моро иҷоза доданд, ки ба дохил ворид шавем. Баъди ворид шудан боз 2 соати дигар дар дохил мунтазир мондем. Гуфтанд ба номи раиси Марказ ариза нависед. Навиштем. Баъди чанде як нафар омаду гуфт, ки Шумо наметавонед бо зерҳимояатон дидор кунед ва сабабшро ҳам нагуфтанд. Баъди чунин муносибат як каме суҳбатамон боло рафт. Ҷонишини раиси Марказ ба ман гуфт, ки аз дохили бино берун шавам ва дар куча мунтазири посух бошам. Ман гуфтам, ки берун намераваму дар ҳамин дохил мунтазири ҷавоб мемонам.

Озодагон: Пас, Шуморо иҷборан берун карданд?

Иззат Амон: Бале, ӯ пулисҳоро даъват карду маро иҷборан берун бурданд. Чор нафар пулис дастҳоямро ба пушт тоб додаву аз ин боздоштгоҳ берунам карданд. Замони ба берун бурдан дастҳоямро ба пушт бастанду ба шикаму пушту гурдаҳоям лагад заданду кӯфтанд. Аксҳое ҳам аз ин кашокашашон гирифта будам, ки иҷборан аз телефонам онҳоро пок карданд. Баъдан ба беморхона рафтам, ҷойҳои сиёҳшудаи баданамро акс гирифтам. Санади духтурро ҳам дар бораи расондани зарар ба саломатиям дарёфт кардам.

“Озодагон”: Аз ин қазия ба додгоҳ ва ё кадом ниҳоди дигар шикоят бурдед?

Иззат Амон: Ба додгоҳи ноҳияи Замоскворетски Маскав, ки ин Маркази РХФМ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгир аст, ариза навиштам ва санади беморхонаро низ таҳвил додам. Ҳамчунин ба додситонии шаҳри Маскав ҳам аз РХФМ шикоят бурдам.

“Озодагон”: Бар асоси таҷрибаҳо умедвор ҳастед, ки ин қазия мунсифона баррасӣ мешавад?

Иззат Амон: На, ростӣ умедвор нестам, зеро низом ҳамин гуна сохта шудааст. Режим ҳеч гоҳ ба хотири як тоҷик нафарони худашро пурсуҷӯ нахоҳад кард. Чун тоҷику тоҷикистонӣ ин ҷо мисли як мурча ҳам қадр надорад. Фарзан, агар ҳамин корро бо як вакили қирғиз ва ё озарӣ мекарданд, рӯзашонро медиданд. Вале ман тоҷикаму дар Ватанам қадр надорам ва инҳо ин ҳолро медонанд. 

“Озодагон”: Аз ҷомеаи маданӣ ё созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон касе аз Шумо ҷонибдорӣ накард?

Иззат Амон: Аз Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди дастгоҳи раисҷумҳури Русия ба ман занг заданд. Ваъда карданд, ки ба ин қазия то ба охир расидагӣ хоҳанд кард. Бештари сомонаҳои русӣ ҳам ин ҳолатро бозтоб намуданд. Хеле вакилони дифоъ ҳам аз Ҷамъияти ҳуқуқи инсон барои аҳволпурсӣ занг заданд. 

“Озодагон”: Аз Сафорати Тоҷикистон ё консулгарӣ ба қазияи Шумо таваҷҷуҳе шуд?

Иззат Амон: Мутаассифона, ҳатто занг ҳам назаданд.

“Озодагон”: Ба фикри Шумо чаро Сафорат ва ё консулӣ вокунише накарданд ё занг ҳам назаданд?

Иззат Амон: Зеро сафорату консулӣ аз ҳимояи шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар метарсанд. Барои ин ду ниҳод манфиатҳои шахсӣ болотар аз манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва манофеи миллату давлат мебошад. Агар, заррае дилашон ба ин миллат месӯхт, рафта аз ҳоли зору мустаманди 500 нафар бошандагони тоҷики ин Марказ хабар мегирифтанд. 

“Озодагон”: Худи Шумо то куҷо барои ҳимояи шараф ва ҳуқуқатон талош хоҳед кард?

Иззат Амон: Ман то додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо талош хоҳам кард. Зеро режиме, ки дар ин марказ фаъол аст бадтар аз режими Гуантанамо мебошад. Мақсади ман ҳам гирифтани қасос нест, балки беҳтар кардани вазъи будубоши ихроҷшудагон аст. Аммо бубинед, ки ин субҳ (07.03.2015) хабар ёфтам, ки он ду нафар зерҳимояи маро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. 

“Озодагон”: Аз ин ки ба Шумо аз Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди раисҷумҳури Русия занг задаанд, умедворӣ ҳаст, ки қазия мунсифона барасӣ шавад?

Иззат Амон: На, Аслан не. Ин Шӯро салоҳияте надорад, танҳо вазифаи маслиҳатӣ дорад. Барои ҳамин ҳам Шӯрост. Баъди он ки ҳимоятгарони ҳуқуқи аврупоӣ низ вокуниш нишон доданд, мо умедвор будем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ё сафорату консулгарӣ низ вокунише нишон медиҳанд, вале афсӯс. 

“Озодагон”: Умедворем, ки дар ин қазия Шумо ба ҳақиқат даст ёбед ва одилона баррасӣ шавад

Иззат Амон: Иншоаллоҳ! Мо аз тарафи худ тамоми талоши мумкинро хоҳем кард, то аз ҳуқуқ ва шарафамон дифоъ кунем.

Иршод Сулаймонӣ, “Озодагон”