Нигина Баҳриева: Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои мубориза бо шиканҷа саҳм мегузорад

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳо оид ба рушди ҳуқуқҳо, имкониятҳои ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Имрӯз мо мехоҳем дар бораи он бигӯем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чи гуна дар раванди мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар ин маврид, таваҷҷуҳ намоед ба шарҳи намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нигина Баҳриева.

- Ҳимоятгарони ҳуқуқе, ки муқобили шиканҷа дар Тоҷикистон мубориза мебаранд, ба кадом мушкилиҳо дучор мегарданд?

- Қисман нафароне, ки аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода мебаранд - муфаттишони пешбарандаи парванда, кормандони фаврии мақомоти тафтишоти пешакӣ мебошанд. Вақте ки мо дар бораи ҳолатҳои меҳтарсолорӣ дар артиш суҳбат мекунем, истифодаи муносибати бераҳмона дар сафи қувваҳои мусаллаҳ низ ҷой дорад. Вақте ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо дар бораи шиканҷа ариза пешниҳод мекунанд, бо мушкилоте аз қабили набудани дастрасии фаврӣ ба зерҳимояҳояшон ё маводи тафтишот, муҳлатҳои тӯлонии гузаронидани санҷишу тафтиш аз рӯи ариза оид ба шиканҷа, инчунин ҳолатҳои фишор овардан ба шоҳидон дучор мешаванд.

Дар чанд соли охир бисёр ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла аъзои Эътилоф аз санҷиши сохторҳои гуногун гузаштанд, ки қисман кори ташкилотҳоро фалаҷ кард.

- Ташкилоти шумо ба кадом ҳолатҳо машғул мешавад? Чи гуна кӯмакҳоро мерасонед?

- Ташкилоти мо дар Эътилоф барои мустаҳкамсозии фаъолияти Эътилоф, корҳои таҳлилӣ ва пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҷавоб мегӯяд.

Мо ба гуруҳҳои корӣ барои коркарди механизмҳои ҳуҷҷатгузории шиканҷа, гузаронидани мурофиаҳои судии стратегӣ, коркарди стратегияҳои коммуникатсионӣ ва ғайра кӯмак мерасонем. Таҳлили муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Эътилоф нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба даст овардани нишондоди худиқроркунӣ ва аз ҷониби шахс гунаҳгор ҳисобидани худ дар содир гардидани ҷиноят аст.

Адвокатҳо - шарикони Эътилоф ба паҳлуи асосии парвандаи ҷиноятӣ машғул намешаванд, онҳо танҳо он қисмати парвандаро ба эътибор мегиранд, ки ба аризаҳо дар мавриди истифодаи шиканҷа дахл доранд.

- Дар самти қонунгузорӣ оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар кишвар ягон пешравӣ ҳаст?

- Солҳои охир қонунгузории кишвар тағйир ёфт ва кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсонро дар системаи адолати судии ҷиноятӣ дар бар мегирад. Аввалан, моддаи махсуси «шиканҷа» ба қонунгузории ҷиноятӣ ворид карда шуд ва ҳуҷҷатҳои меъёрие қабул карда шуданд, ки кафолатҳои асосӣ барои шаҳрвандон ҳангоми боздошт ва дар ҳабс нигоҳ доштанро дар бар мегиранд. Айни замон дар масъалаи ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ дар мавриди пурзӯр намудани ҷазо барои истифодаи шиканҷа баҳсу баррасиҳо фаъолона идома доранд.

Дуввум, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилӣ оид ба шаҳодаткунонии тиббӣ тибқи стандартҳои Протоколи Итамбулӣ қабул карда шуд.

Дар сатҳи сиёсӣ Нақшаи амал оид ба тадбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷаноби Хуан Мендез қабул гардид. Айни замон кор дар самти омода намудани Стратегия ва нақшаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон оғоз ёфтааст, ки дар он масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва ҳуқуқи инсон дар самти адолати судии ҷиноятӣ низ ворид карда хоҳанд шуд.