Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Давраи таҷрибаомӯзии адвокатҳо барои кӯмак баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти ҷомеаи кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир гардид, ба итмом расид. Давраи таҷрибаомӯзӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов хабар дод,  тӯли 4 моҳ дар заминаи қабулгоҳи ҳуқуқии созмон 5 нафар ҳимоятгарони ташкилотҳои гуногун аз давраи таҷрибаомӯзӣ гузаштанд.

«Дар машғулиятҳои назариву амалӣ масоили таълим ва риояи меъёрҳои милливу байнулмилалӣ дар бахши озодӣ аз шиканҷа, вижагиҳои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҳимояи манофеъи онҳо, таҳияи дурусту саҳеҳи асноди мурофиавӣ ва баргузор намудани таҳлили парвандаҳои ҷиноии марбут ба ин ҳолатҳо мавриди омӯзишу амал қарор гирифтанд», - гуфт вай.

Романов мегӯяд, ҳанӯз чанде қабл норасоии ҳимоятгарон барои ҳифзи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ба мушоҳида мерасид ва имрӯз аллакай шумори онҳо чандин нафарро ташкил медиҳад. «Давраҳои омӯзишии ба ин монанд дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд», - афзуд номбурда. 

Наргис Ҳамробоева, Азия-Плюс