Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

Дар ҷараёни кори як тренинги серӯза, ки ахири ҳафтаи гузашта ба итмом расид, воситаҳои беҳбуд бахшидан ба имконоти адвокатҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва тафтиши пурсамари ин гуна далелҳо мутобиқи механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд.

Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷмъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа дар Тоҷикистон доир гардида, дар кори он 20 нафар адвокатҳои амалкунандаи шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат варзиданд.

Ин чорабиниии маърифативу амалӣ дар чаҳорчӯби як силсила тренингҳо бо мақсади таъсиси гурӯҳи адвокатҳо дар рӯйхати ягона баргузор шуда, минбаъд онҳо дар парвандаҳои ҷиноии марбут ба шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар тамоми манотиқи кишвар кӯмак хоҳанд расонид.

Дарҷ гардидани ин рӯйхат дар маълумотномаи махсус таҳиягардида барои афроди боздоштшуда дар назар аст, ки тавассути созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, Коллегияи адвокатҳо ва ташкилотҳо-иштирокчиёни Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пахн карда мешавад. Ҳамзамон маълумотномаи мазкур дар муассисаҳои ислоҳии СИҶҶ Вазорати адлия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ паҳн хоҳад гардид.

«Бо мақсади таъмини дастрасии озод ба рӯйхати мазкур, он дар сомонаи «Раҳоӣ аз шиканҷа» ҷой дода мешавад, то ки ҳар як эҳтиёҷманд бо салоҳдиди худ барои интихоби адвокат имкон дошта бошад», - иброз дошт Парвина Наврӯзова, ҳамоҳангсози Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф. Номбурда илова намуд, ки дар сурати ғайриимкон будани пардохти хизматгузориҳои адвокатҳо аз ҷониби ҷабрдидагони имконпазир аз шиканҷа, маблағ аз ҳисоби фонди ҳаққи қалам, ки аз ҷониби созмонҳои байнулмлалӣ дастгирӣ мешавад, пардохт мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни кори тренинг масоили гуногун, аз қабили таърихи таъсиси ниҳоди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ шуда, нисбат ба механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иносн ва шаҳрванд дар мақомоти миллӣ маълумоти воқеъӣ пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, иштирокчиёни тренинг масоили марбут ба ҳифзи инсон дар низоми СММ, аз ҷумла тартибот ва меъёри муроҷиатҳо ба Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсонро низ баррасӣ карданд.

«Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишуда дар чорабинӣ нақши коршиноси судиву тиббӣ дар ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа мутобиқи Протоколи Истамбул буд. Чунин тренингҳо ба адвокатҳо ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз имконоти истифодаи механизмҳои ҳуқуқи инсон ва кӯмаки пурсамари ҳуқуқӣ расонидан ба ҷабрдидагон аз замони боздошти воқеъии онҳо имкон фароҳам месозад», - зикр кард Наврӯзова.

Яке аз тренерони чорабинии мазкур, адвокати амалкунанда Сергей Романов изҳор намуд, ки иштирокчиёни ба ин монанд тренингҳо аксаран дар бораи масъалаи дастрасии саривақтӣ ба зерҳимоя ва гирифтани иҷозати дидор аз муфаттиш савол медиҳанд. Мутобиқи моддаи 18, Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳти ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон», аз замони боздошти шахс, ба ӯ бидуни маҳдудияти шумору давомнокӣ дидори танҳо ба танҳо бо ҳимоятгар таъмин карда мешавад.

«Дидор бо адвокат бо пешниҳоди ордер ё иҷозатнома барои фаъолияти адвокатӣ сурат мегирад. Аммо айни замон таҷрбае роиҷ аст, ки маъмурияти тавқифгоҳи тафтишотӣ иҷозат ё мактуби муфаттиши масъул ба тафтиши парвандаро талаб мекунад. Дар ин ҳолатҳо талаботи кормандони тавфқифгоҳ ғайриқонунӣ буда, нисбат ба онҳо бо тартиби қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон метавон шикоят бурд», - гуфт Романов. 

Худойдод Ёрматов, махсус барои NoTorture.Тj