Табодули афкори коршиносони байнулмилалӣ оид ба таҷрибаи мубориза бо шиканҷа

Табодули афкори коршиносони байнулмилалӣ оид ба таҷрибаи мубориза бо шиканҷа

Дар ҷараёни семинар дар Душанбе барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор» гузориши таҷрибаи байнулмилалӣ оид ба мубориза бо шиканҷа баррасӣ шуд.

Иштирокдорони семинар атрофи чораҳои гуногуни ниҳодӣ, идорӣ, ҳуқуқӣ ва дигар тадбирҳо дар ин самт, ки метавонанд ба коҳиши сатҳи истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат намоянд, табодули афкор намуданд.

Винсент Ҷакопино, сармушовири тиббии созмони байнулмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ИМА) бар асоси таҷрибаи густардаи созмон, ки муддати зиёдест дар он фаъолият мекунад, доир ба методҳои тафтишоти пурсамар ва ҳуҷҷатгузории далелҳои истифодаи шиканҷа ва рафтори хушунатомез ибрози андеша кард. Созмони мазкур дар масъалаи ҳуҷҷатгузории тиббии истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона яке аз муваффақтарин ташкилотҳо дар ИМА ва саросари ҷаҳон мебошад.

«Бо такя ба таҷрибаи мо, муассирии кӯшишҳо оид ба ҳуҷҷатгузории тиббии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва хушунат бештар ба ҳуқуқи муоинаи мустақили тиббӣ ҳангоми дар ҳабс будан, манъи ҳузури пулис зимни муоина ё омӯзиши хулосаҳои тиббӣ вобаста аст», - гуфт ӯ.

Намояндаи Кумитаи зидди шиканҷаи Русия Дмитрий Лаптев дар бораи афзалияти тафтишоти ҷамъиятии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ҳамчун методикаи универсалӣ маълумот дод. «Тафтишоти мазкур бар маҷмӯи амалҳое асос меёбад, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё ҷамъияти шаҳрвандон бо мақсади тафтишоти воқеии шикоят аз дағалона поймол кардани ҳуқуқҳои инсон ва ҷорӣ кардани назорати ҷамъиятӣ аз болои вазъи истифодаи шиканҷа ва хушунат амалӣ мегардад», - гуфт номбурда.

Директори иҷроияи Маркази таҳқиқоти сиёсати ҳуқуқӣ Нозгул Ёргалиева (Қазоқистон) рӯйи масъалаи ҳуқуқи ҷабрдидагон аз шиканҷа ба барқарор кардани ҳуқуқҳо ва ҷуброни зарар ибрози андеша кард. «Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба барқароркунии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҷуброни зарари онҳо чораҳо андешида мешаванд, вале дар ин кор танҳо созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъоланд. Наметавон ягон ҳодисаеро ба таври намуна мисол овард, ки дар он ҷуброни зарар аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ пардохт шуда бошад», - гуфт коршинос.

Наргис Ҳамробоева, Азия-Плюс, 14-уми июни соли 2012