5 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба волидони сарбози фавтида

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5-уми август шикояти волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматовро барои ҷуброни зарари маънавӣ баррасӣ карда, бо ҳалнома онро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муайян намуд.

Ёдовар мешавем, ки Фирдавс Раҳматов 7-уми июни соли 2015 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ба ҳалокат расида буд. Шикояти волидони ӯ аз болои Вазорати мудофиаи ҶТ бо дархости ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 238 ҳазору 800 сомонӣ моҳи майи ҳамин сол пешниҳод гардид.

Аз манфиатҳои волидони Фирдавс Раҳматов дар суд адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ҳимоят карданд.

Фирдавс Раҳматов, сарбози қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Конибодом ҷойгир аст, 7-уми майи соли 2015 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, баъди як моҳ - 7-уми июни ҳамон сол ҷисми беҷонаш ба волидонаш баргардонида шуд.

Моҳи октябри соли гузашта Суди ҳарбии гарнизони Суғд се сарбозеро, ки Фирдавс Раҳматовро то ба марг расидан латукӯб карда буданд, гунаҳгор донист. Бо ҳукми суд сержант Раббонӣ Сулаймонов ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Сержант Комрон Раҳимов ба муҳлати 17,5 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум гардиданд.

Дар пайи ин, Вазорати мудофиаи ҶТ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталион ва ротаро барои хунукназарӣ аз мақомашон барканор кард.

NoTorture.Tj