Адвокатҳои Тоҷикистон усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷаро омӯхтанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар барои адвокатҳое, ки дар самти парвандаҳои марбут ба шиканҷа кор мекунанд, як қатор тренингҳо баргузор намуд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар чаҳорчӯбаи фаъолияти Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябр то ноябри соли 2017 барои адвокатҳои амалкунанда ва ҷавони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ як силсила тренингҳо гузаронид.

Раиси Иттифоқи адвокатҳои кишвар дар суханронии худ қайд кард, ки ин гуна чорабиниҳо барои самаранокии кори адвокатҳо муҳиманд. "Қонунгузорӣ дар як сол аз ҳар як адвокат 16 соати омӯзиш талаб мекунад ва ин барои идомаи худомӯзии ҳуқуқшиносон ташаббуси муҳим аст",- гуфт ӯ.

Ҳамоҳангсози ГКҲ Наҷиба Ширинбекова зикр намуд, ки вақтҳои охир аз сабаби он, ки адвокатҳо дар таҷрибаи худ бо мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар нисбати зерҳимояҳои худ рӯ ба рӯ меоянд, аҳамияти ин мавзӯъ бештар гардид. «Ҳангоми ҷамъоварии далелҳо мушкилот пеш меояд, махсусан мушкилот дар ҳуҷҷатгузории зарарҳои ҷисмонӣ ва психологӣ, ки бо мухолифати мақомоти давлатии аз шиканҷа истифодабурда, инчунин сатҳи нокифояи касбияти коршиносон дар ноҳияҳо алоқаманданд. Адвокатҳо ба амнияти худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд: баъзеҳо зери фишор дар шакли таҳдидҳо қарор доранд, дигарон аз монеагиҳо дар фаъолияти касбӣ ҳарф мезананд. Иштирокчиён аҳамияти муттаҳид кардани талошҳо, мубодилаи таҷрибаҳо ва таҳияи усулҳои муассири ҷамъоварӣ ва таҳкими далелҳо, аз ҷумла тиббиро низ қайд карданд»,- иттилоъ дод ӯ. 

Ин идомаи давраҳои омӯзишӣ оид ба стратегияҳо ва усулҳо барои ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар минтақаҳои кишвар аст. Умуман, ба барномаи омӯзишӣ зиёда аз 70 адвокати вилояти Суѓд ва вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд.

Барномаи тренингҳо чунин масъалаҳоеро амсоли стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба раҳоӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудагон ва шахсони аз озодӣ маҳрумшударо дар бар гирифт. Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ бо тартиби фаъолияти адвокатҳо оид ба вокуниш ба шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ шинос шуда, ҳамчунин стратегияи амалӣ барои ҳифзи қурбониёни шиканҷаро таҳия намуданд.

Тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва "Фаъолият барои ҳимояи озодӣ аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон" бо дастгирии OSI ва Фонди Хелсинки гузаронида шуданд.

NoTorture.Tj