Ализода: "Наҳзатиҳо шиканҷа нашудаанд"

Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳукуқи башари Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди шиканҷа шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар зиндонҳоро рад кард. Зариф Ализода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи башар аз оғоз то поёни мурофиаҳои аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштирок дошт ва инчунин дар зиндон бо онҳо мулоқот намуд, аммо аз шикояте дар мавриди шиканҷа шуданашон, дарёфт накард.

Зариф Ализода, ки рӯзи 3 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш сӯҳбат мекард, дар ин робита аз ҷумла гуфт, ки "онҳо (яъне аъзои ҲНИТ) ба ҳимоятчӣ таъмин буданд. Дар маҳбас намояндаи мо бо онҳо вохӯрданд, онҳо ба мо ягон шикоят накардаанд. Онҳо имконият доштанд гап зананд, аммо онҳо ба намояндаи мо ягон шикоят накарданд."

Соли гузашта хабарҳо дар бораи шиканҷаи аъзоёни ин ҳизби ҳамакнун дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ, расонаӣ шуда буд. Наздикони бархе аз боздоштшудаҳои ҲНИТ қаблан аз зери фишори равонӣ қарор гирифтани пайвандонашон, иттилоъ дода буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар фаъолиятҳои ифротгароёна, аз ҷумла ба даст доштан дар ошӯби генерал Назарзода айбдор ва фаъолияти ин ҳизбро манъ кард.

13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Худи боздоштшудаҳо ин иттиҳомро бепояву асос хонда рад кардаанд.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Ozodi