Амалисозии Протоколи Истамбулӣ, январ-июни соли 2018: адвокатҳо ва табибон ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷаро меомӯзанд

Лоиҳа оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулии Эътилоф аз ҷониби ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ҳамоҳанг сохта мешавад.

Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ташхиси баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронанд. Дар ин самт баҳогузории заминаҳои моддӣ-техникӣ ва мувофиқати онҳо ба стандартҳо (талабот)-и муқарраргардида, инчунин баҳогузории сатҳи маълумотнокӣ дар муассисаҳои ташхисӣ ва манбаҳои маблағгузорӣ (буҷавӣ ва ғайри буҷавӣ), баҳогузории иқтидори кадрии ташхисгарони кишвар гузаронида шуд. Кор дар ин самт идома дорад.

Аз ҷониби ҳуқуқшинос ва ташхисгарон-руҳшиносон таҳлили ҳолатҳои дохилии хадамоти руҳӣ (18 ҳолат) гузаронида мешавад, ки тартиби ташкил намудану гузаронидани ташхисҳои руҳиро вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ мувофиқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ба танзим медароранд. Лоиҳаи ҳуҷҷат барои шарҳ додан ба коршиносони байналмилалӣ фиристода шудааст. Кор дар ин самт идома дорад.

Соли 2015 ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ ба маҳбусонро коркард намуданд. Дар робита ба қабул шудани Кодекси нави тандурустии ҶТ зарурати бознигарии ҳуҷҷатҳо ба миён омад. Кор дар ин самт идома дорад.

Моҳи январи соли 2018 дар якҷоягӣ бо коршиносони “Табибон барои ҳуқуқи инсон” барои адвокатҳо ва табибон дар масъалаи ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷа мастер-класси 2-рӯза гузаронида шуд. Инчунин, як қатор вохӯриҳо (11-14-уми июни соли 2018) бо адвокатҳо ва табибон гузаронида шуданд, ки дар онҳо коршиноси байналмилалӣ оид ба парвандаҳои инфиродии Эътилофи зидди шиканҷа машварат дод.

NoTorture.Tj