Ба Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 26-уми май таҷлил мегардад, адвокатҳои ҷумҳуриро табрику таҳният мегӯяд.

Тавре медонем, моҳи марти соли 2015 дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул гардид, ки мақсадаш муттамарказу системавӣ намудани дастрасии ҳуқуқшиносон ба касби адвокатӣ аст. Умедворем, ки мову шумо метавонем аз қонуни мазкур самаранок истифода барем ва мавқеи адвокатро дар ҷомеа боз ҳам боло бардорем.

Дар замоне, ки фаъолияти адвокатӣ бисёр мураккабу мушкилписанд аст, заҳматҳоятонро эътироф мекунем ва ба касбиятатон эътимод дорем. Ба шумо пеш аз ҳама саломатӣ, матонату ҷасорат дар фаъолиятатон ва комёбиҳоро таманно дорем. Боварӣ дорем, ки бо истифода аз донишҳои фаррохи ҳуқуқӣ ва таҷрибаҳои бойи касбии худ метавонед дар ҳимояи манфиатҳои мардум пешсафу устувор бошед.

Бори дигар иди касбиатон муборак бошад!

 

 

Бо камоли эҳтиром,

Маъмурияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ

зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

NoTorture.Tj