Ба қурбониён ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шуд

Дар нимсолаи аввали соли 2017 Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба 24 шаҳрванд - 14 мард ва 10 зан барои офиятбахшӣ гузаштан кӯмак расонд. Аз шумораи умумӣ 15 нафарашон бевосита қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 9 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ё муносибати бераҳмона мебошанд. Аз теъдоди умумӣ панҷ нафарашон ноболиғанд.

Нисбати 13 нафар аз шумори 15 қурбонии бевосита шиканҷаи ҷисмонӣ, аз ҷумла латукӯб, тариқи нохунҳо қувваи барқ мондан дар дастҳо ва қисматҳои нозуки бадан, дар об гузоштан ва ғайра истифода бурда шудааст. Ду қурбонӣ (ҷинси мард) дучори шиканҷаҳои равонӣ, ба мисли таҳдид, пастзании шаъну шараф ва таҳқиру бадзабонӣ шудаанд. Дигар хешовандони қурбониён зарбаҳои равонӣ дидаанд, ки дар натиҷа 8 нафарашон дучори мушкилоти хислати тиббидошта гардидаанд.

Ба қурбониён ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шуд. 23 нафар қурбонӣ аз муоинаи тиббӣ гузашта, айни замон ёрии тиббӣ гирифта истодаанд (18 нафар табобати амбулаторӣ ва 5 нафар табобати статсионарӣ). Як нафар қурбонӣ ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. 23 нафар қурбонӣ ёрии равонӣ мегиранд ва ба ҳамаи қурбониён дастгирии иҷтимоӣ расонида мешавад. Ҳама парвандаҳои қурбониён дар марҳилаи гузаштани офиятбахшӣ қарор доранд.

Ҳадафи Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.

NoTorture.Tj