Ба Шаҳбол Мирзоев 36 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохта мешавад

Бояд гуфт, ки 22-юми ноябри соли 2016 ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар бораи ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ва зарари маънавӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ содир шуда буд.

Тавре ба мо адвокати сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев - Гулчеҳра Холматова иттилоъ дод, «баъди муроҷиатҳои чандинкарата, имрӯз, 18-уми декабри соли 2017 аз раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, то мо суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро барои гузаронидани маблаѓи ишорашуда тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблаѓи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ уҳдадор карда буд, пешниҳод намоем».

Ёдовар мешавем, ки қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаблан ҳатто розӣ набуданд ин маблаѓи ҷубронро пардозанд. Сардори маркази матбуотии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуѓхоҷаев он вақт хабар дода буд, ки роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд. 

 

NoTorture.Tj