Боздиди аъзои Эътилоф аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа дар Грузия ва Арманистон

Аз 19 то 21-уми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни як сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар Грузия ва Арманистон дидан намуданд.

Ҳайати тоҷикистонӣ аз намояндагони Гурўҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гурўҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва Гурўҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ иборат буд.

Аъзои Эътилоф бо тартиби ташкили ҳайати кормандони марказҳои офиятбахшӣ, бо сохтор, бо санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти онҳо, бо сохторҳои марказҳои барои кор бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо зарурӣ ва бо хизматрасониҳое, ки дар ин марказҳо дастрас кардан мумкин аст, шинос шуданд.
Инчунин, аъзои Эътилоф имконият пайдо карданд, ки бо ҳар як мутахассис алоҳида, вобаста ба самти фаъолияташ сўҳбат намоянд. Роҳбари ГКҲ бо ҳуқуқшиносони марказ, корманди ҷамъиятӣ бо кормандони ҷамъиятӣ, мутахассиси тиббӣ бо табибони марказ, равоншинос бо равоншиносону рўҳшиносони марказ ва намояндаи Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо аъзои ММП вохўрӣ анҷом доданд.

 

NoTorture.Tj