Ҷасади Абдурасул Назаровро барои таҳқиқ аз қабр берун оварданд

Гурӯҳи пизишкони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ баъди тақрибан 10 рӯзи хоксупории сокини Кӯлоб Абдурасул Назаров, қабри ӯро боз намуда, ҷасадро дигарбора мавриди санҷиш қарор доданд. Абдурасул Назаров авохири моҳи гузашта аз сӯи пулиси Душанбе боздошт ва як рӯз баъд ҷасади беҷонаш ба наздиконаш супурда шуд.

Аммо пайвандони Абдурасул Назаров мегӯянд, ки ба ташхиси Маркази тиббии ҷумҳуриявии тиббӣ-судӣ бовар надоранд ва аз Додситонии кулл ва Додситонии шаҳри Душанбе хоcта буданд, ки гурӯҳи ташхиси Вазорати дифои Тоҷикистон ва Пойгоҳи низомии 201-уми Русия ин колбадшикофиро анҷом диҳанд.

Садбарг Бобохонова, ҳамсари Абдурасул Назаров рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ марказаш дар бемористони Қарияи болои Душанбе рӯзи шанбеи 7-уми апрел ба Кӯлоб омада, ҷасади шавҳарашро колбадшикофӣ намуданд. Ба гуфтаи Садбарг Бобохонова, "онҳо ҷасадро берун оварда, ҳамаи аъзои баданашро диданд ва узвҳое, ки сиёҳу кабуд буду доғ шуда буд, аксбардорӣ карданд ва гуфтанд, ки натиҷаашро баъдан эълон мекунанд."

Садбарг Бобохонова дар идома гуфт, "ман аллакай медонам, ки намояндагони ин Марказ боз ҳамон хулосаи пешини худ, яъне "передозировка"-ро (истифодаи аз ҳад беши маводи мухаддир), ки Шӯъбаи умури дохилаи "Сино- 2" хулоса карда буд, нишон медиҳанд. Барои ҳамин, мо ба прокуратураи шаҳр ариза навиштем, ки мутахассисон аз Вазорати дифоъ ва ё аз Пойгоҳи 201-уми Русия раванду қабрро кушоянд. Агар шавҳари манро бо "передозировка" оварда бошанд, вай чӣ хел бо мошинаш аз ҷои кор омаду кормандони милиса ӯро аз назди хонаи истиқоматӣ боздошт карданд. Чаро бадани вай аз латукӯб абгор шуда буд ва дилаш ва аъзои таносулаш кафида буданд. Чаро ба беморхона набурданд?"- мегӯяд Садбарг Бобохонова.

Бародари Абдурасул Назаров низ, ки дар лаҳзаҳои колбадшикофӣ ширкат ва лаҳзаҳои онро барои худ ба навор гирифтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷойҳои латукӯбшуда аз гузашта ҳам сиёҳтар ба мушоҳида мерасиданд. Ба гуфтаи Абдусамад Назаров, онҳое, ки аз Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ ҷасади бародарашро колбадшикофӣ карданд, гурӯҳе мебошанд, ки қаблан дар Душанбе ҳамин ташхисро анҷом дода ва марги бародарашро ба истифодаи аз ҳадд зиёди маводи мухаддир, рабт дода буданд.

Дар Маркази ташхиси тибӣ судии ҷумҳуриявӣ рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба масъалаи ташхиси Абдурасул Назаров муовини раиси марказ Хуршед Сангов машғул аст ва то ба ҳол натиҷаҳои ташхис ниҳоӣ нашудааст.

Абдурасул Назаров чаро боздошт шуд?

Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки ин маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.

Ба гуфтаи Садбарг Бобохононова, шаби 29-уми март аз шӯъбаи шикастабандӣ (корпуси 5)-и Қарияи Боло ба онҳо гуфтаанд, ки ҷасади Абдурасул Назаровро баранд. Ба гуфтаи Садбарг Бобохонова, пизишкон гуфтаанд, ки ҷасади Назаровро аз Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2 ба бемористон оварданд.

Оё Абдурасул мӯътод буд?

Баъзе аз манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти Абдурасул Назаров дар асл ба чанд грамм маводи мухаддир рабт мегирад. Ин манобеъ гуфтанд, "қабл аз ин, яке аз пайвандони Абдурасул бо миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Вай иқрор кард, ки он миқдор маводро аз Абдурасул гирифтааст. Баъдан ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд."

Манбаъ мегӯяд, дар пурсишҳои ибтидоӣ кормандони милиса гуфтаанд, зоҳиран Абдурасул Назаров замони боздошт маводи мухаддир истифода карда буд. "Онҳо гуфтанд, ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо писараммааш Хуршед Саторов эътироф кард, ки маводро аз Абдурасул Назаров гирифта буд. Ҳамон вақт дили дувумӣ аз кор монд", - афзуд ӯ.

Ҷасади Абдурасул Назаров рӯзи 29-уми март аз Душанбе ба Кӯлоб интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш - Чармгарони шаҳри Кӯлоб дафн шуд. Абдурасул Назаров соҳиби ду фарзанд аст ва тайи 12 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт ба сар мебурд.

Ozodi