Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа бо намоиши акси қурбониёни шиканҷа талош карданд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин масъала ҷалб кунанд. Шиканҷа аз мушкилҳои аслӣ дар кори мақомоти тоҷик гуфта мешавад ва масъулон низ мегӯянд, ба он бархӯрди шадид доранд. Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ гуфтааст, "бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо шиканҷаро раво набинед." "...

28.06.2018 - 12:16

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар роҳандозӣ намуд. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар барои адвокатҳои амалкунандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри...

25.06.2018 - 18:41

Қиссаҳои аксии 18 қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон  

25.06.2018 - 07:42

19-уми июни соли 2018 Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рўи далели фавти Абдурасул Назаров бо моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, сокини шаҳри Кўлоб Абдурасул Назаров, кибо оилааш муваққатан дар пойтахт зиндагӣ мекард, аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид. 29-уми март ў...

22.06.2018 - 11:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн намоиши анъанавии аксҳоро бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо баргузор менамояд. Намоиши аксҳо 26-уми июн аз соати 10 то 12 дар як вақт дар се шаҳри Тоҷикистон: дар Душанбе дар бинои «Душанбе Плаза», ошёнаи 4-ум (назди Хонаи матбуот, ТВ «Сафина»), дар...

21.06.2018 - 10:44

Додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе тафтиши хабари “облава” шудани як сокини 19-солаи Ҳисорро ба поён расонд. Хонаводаи Шаҳром Абдуллоев моҳи апрели имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буданд, ки фарзанди бемори онҳо “облава” шудааст ва агар дар роҳ ба сӯи комиссариати ҳарбӣ аз ҳуш намерафт, ба артиш бурда мешуд. Ба қавли онҳо, Шаҳром мубталои бемории "саръ" ё эпилепсия (бемории...

19.06.2018 - 16:03

Як созмони ҳомии ҳуқуқ Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид. Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кулл марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини Хуҷандро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд баррасӣ накардааст. Исмонбой Бобоев моҳи феврали соли 2010 аз тарафи маъмурони Шӯъбаи мубориза бо...

14.06.2018 - 19:11

Дар Суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ нисбати корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД Маҳмадулло Идиев бо ҷурми он, ки ҳангоми боздошт сокини маҳаллӣ Толиб Дӯстов вафот кард, идома дорад. Дар ҷараёни мубоҳисаи ҷонибҳо прокурор Мирзо Қурбонзода аз суд дархост намуд, ки судшаванда - корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири...

08.06.2018 - 17:55

Рӯзи 13-уми июн соати 9:00 дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти назари раисикунанда судя Мирзо Одиназода аризаи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов нисбати Прокуратураи генералӣ баррасӣ мегардад. Бояд гуфт, ташкилоти ҷамъиятии мазкур ва адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт аз ҷониби РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи...

07.06.2018 - 13:00

Модари як сарбозе, ки чанд моҳи пеш писараш бар асари латукӯб ҷон дод, дар мурофиаи додгоҳӣ қотили фарзандашро бахшидааст. Ин амали Навбаҳор Суюнова -- сокини шаҳри Леваканд, ки ҳанӯз доғи фарзанд бар сина дорад, бисёриҳо, бавижа сарбозонро ҳайратзада кард. Муҳсинхӯҷа Султонов, ки барои қатли Ҳасан Каримов аз сӯи додгоҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд, дар мурофиа гуфтааст, ки пас аз адои мӯҳлати...

05.06.2018 - 08:40

Страницы