Дар Душанбе натиҷаҳои муқаддамотии мониторинги муассисаҳои пӯшида дар соли 2018-ро баррасӣ карданд

Натиҷаҳои муқаддамотии мониторинги ҷойҳои маҳрумияту маҳдудият аз озодӣ рӯзи 5-уми ноябр дар дар ҷараёни вохӯрии гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тадбиқи Протоколи факултативӣ (ПФ) ба Конвенсияи зидди шиканҷа (КИШ)-и СММ баррасӣ гардиданд.

Дар соли ҷорӣ боздид аз 7 муассиса срат гирифт: Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвози ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рӯшони ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ, Маркази вилоятии наркологии Суғд (шаҳри Хуҷанд), муассисаи руҳии ноҳиявӣ дар Зафаробод, тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Аз ҷумла, узви гуруҳи мониторингӣ, муовини сардори бахши ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ-сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Ҳусниддин Нидоев ба иштирокчиён натиҷаҳои мониторинги тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафарободро муаррифӣ кард. Тавре ӯ зикр намуд, гуруҳи мониторингӣ дар таҷрибаи худ аввалин маротиба дар муассисаҳои зертобеи АНМН ва дигар оҷонсиҳое, ки қаблан онҷо мониторинг гузаронида намешуд, гузаронидани мониторингҳоро оғоз кард.

«Шароит дар тавқифгоҳҳои муваққатии АНМН назар ба тавқифгоҳҳои муваққатии системаи ВКД беҳтар аст. Камераҳо бо обу ҳоҷатхона таъминанд. Дар бораи тавқифгоҳи муваққатии АНМН дар ноҳияи Зафаробод бошад, он миёни ҳамаи муассисаҳое, ки аъзои гуруҳ мониторинг гузарониданд, яке аз муассисаҳое буд, ки шароити хуб надошт. Ба ғайр аз ин, корманд 3 моҳ боз маош нагирифта, хӯрока нокофӣ ва анборҳо холӣ буданд. Роҳбарият воситаҳои буҷавиеро, ки барои ин муассиса барои соли 2018 ҷудо шдаанд, аз Вазорати молия талаб накардааст. Идораи ВҲИ аллакай ба Вазорати тандурустӣ мактуб омода кардааст, то нисбати ҳолати дар ин муассиса пешомада чора андешанд ва шароити будубоши бошандагонро дар он беҳтар намоянд»,- гуфт Нидоев.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода зикр намуд, ки дар нақша аст, то соли оянда фаъолияти гуруҳ васеъ гардонида ва ба он шумораи бештари кормандони ВҲИ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид карда шаванд.

Қисми дуюми вохӯрӣ ба омӯзиши таҷрибаи таъсис ва амалисозии Механизми миллии пешгирикунанда (ММП)-и Арманистон бахшида шуда буд. Дар ин мавзуъ узви Гуруҳи корӣ, сардори бахши назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералӣ Нурализода Ш. ва узви Гуруҳи корӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т. баромад карданд. Онҳо дар бораи вохӯриҳои баргузоргардида, оид ба боздид аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбасҳо сухан гуфта, инчунин нуктаҳои асосии таҷрибаи Арманистонро зикр намуданд: фаъолияти Омбудсмен тавассути Қонуни конститутсионӣ идора мешавад ва дар ҳамин қонун уҳдадориҳои ММП ба назар гирифта шудаанд; хадамоти тафтишотӣ дар Арманистон алоҳида аст, сохтори мустақил тавассути қонуни ҷудогона идора карда мешавад; кадрҳои идораи Омбудсмен хеле маълумотноканд ва соҳаи худро хуб медонанд; дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ телефон бо рақамҳои боварии ВҲИ насб карда шудааст, ки зангзанӣ ройгон аст; ҷараёни аз системаи ВА ҷудо кардану ба системаи Вазорати тандурустӣ ворид намудани кормандони тиббӣ идома дорад; ҳалли масъалаи озод кардан пеш аз муҳлат ва вазнин ё сабук намудани режим дар ихтиёри худи муассиса аст, на суд.

Зариф Ализода дар анҷоми вохӯрӣ зикр намуд, ки ИА ҳангоми муколама кори гуруҳро мусбат арзёбӣ кард ва омода аст ҳамкорӣ намояду барои соли оянда кӯмаки техникӣ расонад.

Бояд гуфт, ки ин вохӯрии сеюми Гуруҳи корӣ дар соли 2018 аст. Дар моҳи декабр ҳайати гуруҳ боз ҷамъ мешаванд, то нақша барои соли 2019-ро баррасӣ намоянд.