Дар Тоҷикистон чорабиниҳои маълумотноксозӣ баргузор гардиданд

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва августи соли 2018 дар минтақаҳое аз қабили Файзобод, Лахш, Ашт, Ховалинг, Балҷувон, Дарвоз ва Хоруғ дар сатҳи баланд гузаштанд.

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ ба якчанд рўйдодҳои ба пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар алоқаманд бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, муҳимияти иҷрои тавсияҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфташуда дар доираи Гузориши даврии универсалӣ (ГДУ), ки моҳи майи соли 2016 қабул гардида буд, зарурати тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва таъсиси Механизми миллии пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли ҷорӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Ба ҳайси гузоришгарон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Шамс Нурализода, профессор Шарипов Тақдиршо, намояндаи бахши минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Шоев, инчунин намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аъои гуруҳи мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ Таҳмина Ҷўраева, Шералӣ Мусоев, Ҷаъфар Юлдошев, Сафаров Ҳандулло ва Наргис Зокирова баромад карданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода дар баромади худ зикр намуд, ки имсол тамоми ҷаҳон 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (ЭУҲИ) -ро ҷашн мегирад. Ў аз таърихи таъсиси ЭУҲИ ёдоварӣ намуд. Ғайр аз ин, номбурда дар бораи мақоми Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ дар назди ин мақоми байналмилалӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ў, соли 2016, вақте Тоҷиистон даври дуввумро дар Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон гузашт, аз ҷониби давлатҳои аъзо 203 тавсия дода шуд, ки Тоҷикистон 151-тояшро қабул кард.

Дар идомаи ин мавуъ С. Шоев дар баромади худ оид ба таърихи ЭУҲИ ва сабабҳои пайдоиши ин ҳуҷҷат нақл кард. Мавсуф зикр намуд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон зарурати ба вуҷуд овардани Ҳуҷҷати байналмилалӣ ба миён омад, то ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсонро устувор созад. Мазмуни моддаи 5-и ЭУҲИ шарҳ дода шуд, ки истифодаи шиканҷаро манъ мекунад.

Намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Нурализода Шамс дар баромади худ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба банди 16-и Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои тавсияҳои дар доираи ГДУ қабулшуда ҷалб намуд. Аз ҷумла, дар бораи ҳуқуқҳои асосии нафароне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ адои ҷазо мекунанд. Инчунин, ў дар мавриди муҳимияти Нақшаи миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Гузориши даврии универсалӣ барои солҳои 2017-2020 андешаҳояшро зикр намуд.

Дар мавриди муҳимияти Нақшаи миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Гузориши даврии универсалӣ профессор Т. Шарипов ҳам баромад намуд. Ў дар бораи ворид сохтани моддаи 143, эзоҳи 1 ба КҶ ҶТ, ки барои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад, сухан гуфт. Мавсуф ҳамзамон дар мавриди фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тасдиқи Протоколи Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ва гуруҳ оид ба омўзиши масъалаҳои манъи ҳукми қатл изҳори назар намуд.

Дар анҷом намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти гуруҳи мониторинги муассисаҳои пўшида ва нимапўшида дар давраи аз моҳи январ то моҳи июни соли 2018, ки соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ (ВҲИ) таъсис ёфтааст, маълумот доданд. Инчунин, онҳо дар бораи натиҷаҳои корҳои гуруҳи мониторингӣ ва оид ба нақшаҳои оянда сухан гуфтанд.

Ҳангоми вохўрӣ намояндагони Эътилоф ҳамчунин масъалаи зарурияти омўзонидани касбҳои гуногун ҳам дар давраи адои ҷазо ва ҳам баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодиро ба миён гуоштанд.

«Хеле муҳим аст, ки баъди озодшавӣ ин шаҳрвандон дар баробари кўмак аз ҷониби оилаҳояшон, инчунин аз дастгирии ҷиддии ҷомеа ва давлат бархўрдор бошанд, то такроран ҷиноят содир накунанд ва ба гуруҳҳои мухталифи мамнуи хусусияти экстремистӣ дошта напайванданд. Инчунин, оид ба коркард ва қабули барномаи давлатӣ дар самти ба ҳаёт мутобиқ сохтани нафарони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озодшуда чора андешидан зарур аст»,- гуфт дар як чорабинии маълумотноксозӣ дирекори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова.

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар доираи лоиҳаҳои «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон ва «Мусоидат дар омодасозии ҳисобот оид ба иҷрои тавсияҳо дар доираи ГДУ» бо маблағгузории бахши Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон гузаронида шуданд. Инчунин, дар гузаронидани чорабиниҳои маълумотноксозӣ бахши минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҳамчун шарик баромад намуд.

 

Наргис Зокирова,

ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”

NoTorture.Tj