Дархости модари ҷавони дар Агентӣ фавтида

Рӯзи 27-уми октябр дар Суди ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи шикояти Тоҷинисо Каримова - модари Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, ки моҳи апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона даргузашт, мурофиаи судӣ баргузор мегардад.

Модари Шамсиддин талаб дорад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги писараш аз сар гирифта шавад.

Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд. Баъди чанд рӯзи боздошт дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир ӯ аз дунё чашм пӯшид. Хешовандони ҷавон мегӯянд, ки марги ӯ дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа ба миён омадааст.

Прокуратураи генералӣ нисбати қазияи марги Шамсиддин Зайдуллоев тибқи талаботи қисми 3, моддаи 1431 (шиканҷа) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Аммо 23-юми декабри соли 2015 муфаттиши Прокуратураи генералӣ дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги Зайдуллоев Ш. бинобар сабаби мавҷуд набудани нишонаи ҷиноят, ки аз ҷониби модари ҷавон шикоят шуда буд, қарор баровард.

Мурофиаи судӣ 27-уми октябр, соати 14:00 дар бинои Суди ноҳияи Сино баргузор мешавад.

Адвокат Саймумин Кабиров қайд кард, ки «мо барои тафтиши самараноки марги Зайдуллоев кӯшиш мекунем ва ният дорем, ки ба суд далелҳои ғайриқонунӣ қарор баровардан дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятиро пешниҳод намоем».

Бо тафсилот дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ метавон шинос шуд: www.notorturetj.org

NoTorture.Tj