Эътилофи зидди шиканҷа рўзноманигоронро қадрдонӣ мекунад

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии сухан рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи дар инъикоси масоили шиканҷа фаъолро бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ намояд.

Ба диплому мукофот рўзноманигороне сазовор дониста мешаванд, ки пайваста қазияҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаву ғайриинсониро инъикос намуда, ба ин васила барои пешгирӣ ва ё заиф кардани доираи истифодаи чунин амалҳои номуносиб саҳм гузоштаанд.

Ҳамзамон, воситаҳои ахбори оммае соҳиби диплому мукофот мегарданд, ки барои нашри матолиби рўзноманигорон ва ибрози андешаи қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо замина фароҳам овардаанд.

Диплом ва мукофотҳои таъсисдодаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Рўзи байналмилалии озодии сухан - 3-юми май тақдим карда мешаванд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар - намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рўзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид месозад. Эътилоф фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки мувофиқа шудаанд, амалӣ менамояд.

Notorture.Tj