Эътирози пайвандони Ҳамза Икромзода мурофиаро ба таъхир гузошт

 Эътирози пайвандони Ҳамза Икромзода мурофиаро ба таъхир гузошт

Имрӯз, 15-уми май, таҳти пофишори пайвандони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтид, баррасии додгоҳии марги марҳум ба рӯзи душанбеи 20-уми май гузошта шуд.

Додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз бо вуҷуди кушода эълон шудани мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, ба намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини Созмони милали муттаҳид иҷозаи иштирок дар мурофиаро надод.

Рустам Мирзоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ва раисикунандаи мурофиа, дар шарҳи роҳ надодани ВАО ва намояндагони СММ ба “Озодагон” гуфт, ки “онҳо бояд аз сарраёсати ислоҳоти Вазорати адлия иҷозатнома мегирифтанд.” Далели ин талабот дар боздоштгоҳи муваққатӣ, СИЗО баргузор гардидани мурофиа арзёбӣ мешуд.

Дар ҳамин ҳол додрас ба модар, хоҳар ва бародари Ҳамза Икромзода низ иҷозаи ширкат дар додгоҳро надода, “иштироки танҳо падари ӯро кифоя хонд.” Ин қарори додгоҳ норозигии пайвандонро ба бор овард. Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки аз ин шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ розӣ нест ва талаб кард, ки "мурофиа ба таъхир гузошта шавад." Пайвандон, аз он, ки мурофиа на дар толори додгоҳ, балки дар СИЗО гузаронда мешуд, изҳори норозигӣ карда, таъкид намуданд, ки шоҳидони калидии парванда низ ҳозир нашудаанд. Ба гуфтаи онҳо шоҳидони аслии қазияи марги Икромзода ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза гуфт, ягона шоҳиди асосие, ки дар зиндони Душанбе аст, Рафаэл Мақсудов мебошад, ки "имрӯз бояд дар мурофиа иштирок мекард, лекин мақомот гуфтанд, ки ӯ касал аст ва дар додгоҳ ширкат карда наметавонад. То замоне, ки шоҳидони калидии қазия ҳозир нашаванд ва ба ҳамаи хоҳишмандон иҷозаи ҳузурро надиҳанд, мо дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳем кард."

Дар ниҳоят додрас қарор кард, ки баррасии парванда ба рӯзи дигар гузошта шавад.

Ин дар ҳолест, ки нахустин баррасии марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе ба ҳалокат расида буд, миёнаҳои моҳи апрел сурат гирифт ва он ҳам сару садоҳоеро ба бор овард.

Он замон модари Ҳамза Икромзода, гуфт, то замоне ки 9 ҷавобгар барои марги писараш ба додгоҳ ҳозир нашаванд, аз ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ хоҳад кард.

Он вақт низ Зулайхо Ҷӯраева, аз шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба марги писараш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт изҳори норизоӣ карда, гуфт: “12-уми апрел ба мо аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанд бор телефон карда гуфтанд, ки рӯзи 15 апрел соати 10:00 ба утоқи №4 биёед, бо Шумо як сӯҳбате дорем. Ҳангоме моро ба толори суд дароварданд, фикр кардам, суҳбаташон дар ин ҷой мегузарад. Аммо ғайричашмдошт пас аз даромадани мо 30 нафари дигар вориди толор шуда, мурофиаи судиро сар намуданд. Мо ба далели ин ки пешакӣ огоҳ набудем ва адвокати мо иштирок надошт, гуфтем дар мурофиа иштирок намекунем.”

Ҷӯраева афзуд, “ҳангоме гуфтем, ширкат намекунем, бародари судшаванда Маҳмуд Исмоилов маро дашном кард ва писарам Амиралиро як нафар аз кормандони суд зада, ба берун кашид.”

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.

Нилуфари Карим, "Озодагон"