Гулнора Гулмирзоева даргузашт

Огоҳӣ ёфтем, ки Гулнора Гулмирзоева аз дунё гузаштааст. Ӯ дар Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ба ҳайси равоншинос кор карда, дар фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Гулнора Ҷамъияти равоншиносон-мушовирон ва руҳшиносони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард ва мо дар якҷоягӣ бо ин ташкилот амалӣ намудани фаъолияти густурда оид ба омодасозии равоншиносон барои кор бо қурбониёни шиканҷа, инчунин пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулиро дар нақша доштем.

Гулнора дар тренингҳое, ки Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ барои равоншиносон баргузор мекард, нақши калидӣ дошт. Дар самти кӯмаки равонӣ шарики беҳамто буд, зеро ташкилоти ӯ имрӯз ягона ташкилотест, ки дар ин самт фаъолият мебарад ва равоншиносонро муттаҳид месозад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони Гулнора Гулмирзоева ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Ёдаш ба хайр бод!

NoTorture.Tj