Гуруҳи офиятбахшӣ дар семоҳаи аввали соли 2019: ба 10 нафар муроҷиаткардагон кӯмак расонида шуд

Дар давраи ҳисоботӣ барои офиятбахшӣ 10 нафар ворид гардиданд, ки аз онҳо 3 нафар мард, 5 нафар зан ва 2 нафар духтарони ноболиғанд. Ҳамаи ин нафарон тавассути Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ба офиятбахшӣ фиристода шуданд.

Аз шумораи умумии қурбониён 4 нафар шахсоне ҳастанд, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд ва 6 нафар хешовандон ба шумор мераванд. Ба ҳамаи муроҷиаткардагон дар шакли кӯмаки иҷтимоӣ, тиббӣ ва равонӣ офиятбахшӣ расонида шудааст.

Нисбати қурбониёни бевосита аз шиканҷа зарардида чунин шиканҷаҳои ҷисмонӣ истифода шудаанд: зарбаҳо бо ангуштони даст ба сар, латукӯб бо калтак, зарбаҳо дар мавзеи қафаси сина ва гардан, зарбаҳо бо даст ба рӯй, кашидан аз мӯй, зарбаҳо бо китоб ба сар, таҳдиди таҷовуз. Нисбати як нафар қурбонии ҷинси мард шиканҷаи равонӣ истифода шудааст, ки дар натиҷа ӯ се маротиба қасди худкушӣ кардааст.

Ҳамаи қурбониён ва хешовандони наздики онҳо зарари равонӣ дидаанд, ки дар натиҷа дучори мушкилоти хислати тиббӣ ва равонидошта гардидаанд.

Кӯмаки тиббиро дар шакли санҷиш ва ташхис 10 нафар дастрас кардаанд, ки аз онҳо 8 нафар табобати амбулаторӣ гирифтаанд. Ба 8 нафар кӯмаки равонӣ расонида мешавад ва 2 нафар аз кӯмак даст кашидаанд.

9 нафар (2 зан ва 7 мард), ки қаблан офиятбахшӣ гузашта буданд, такроран барои кӯмак муроҷиат кардаанд. Кӯмаки такрории равонӣ дар асоси тавсияи равоншинос расонида шудааст.

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо расонидани кӯмаки ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор намудани қобилиятҳои ҷисмонӣ, қалбӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ҳамгироии пурраи иҷтимоии онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад.

NoTorture.Tj