Идомаи баррасии аризаи даъвогӣ нисбати ВКД дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Баррасии аризаи даъвогӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ аз рӯйи парвандаи сокини шаҳри Панҷакент Фарҳод Ғоибов, ки аз ҷониби кормандони милитсия латукӯб шудааст, имрӯз, 27-уми июл соати 14:00 дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома меёбад.

Бояд зикр намуд, ки мурофиаи судии якум 18-уми июл баргузор гардида буд ва дар он намояндаи ВКД-и Тоҷикистон А. Зиёев баромад намуд. Раисии мурофиаи судиро судя Исозода Х. бар ӯҳда дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки аризаи даъвогӣ ба суд моҳи апрели имсол супорида шуда, ҳаҷми умумии ҷуброни талабшуда зиёда аз 650 ҳазор сомонӣ (барои зарари моддӣ 6 ҳазору 325 сомонӣ ва барои зарари маънавӣ 644 ҳазору 100 сомонӣ) аст.

NoTorture.Tj